Раёсати донишгоҳ

Моёнов Шариф Гулаҳмадович

  • Вазифа: ноиби ректор оид ба иқтисод
  • E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Моёнов Шариф Гулаҳмадович соли 1962 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 1985 баъди хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Душанбе ба номи В. И. Ленин ревизори калони Кумитаи давлатии оид ба мактабҳои касбӣ - техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда, то соли 1988 дар ин вазифа кор мекунад.

Солҳои 1988 - 1993 ба сифати сарревизори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1993 то 2009 сармуҳосиби ДДХ ба номи М. Назаршоев таъйин гардида, ифои вазифа намудааст.

Солҳои 2010 - 2012 ба ҳайси ноиби ректор оид ба молия ва рушди иқтисоди ДДХ ва аз соли 2012 то 2015 сармуҳосиби Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, кор мекунад.

Аз моҳи апрели соли 2015 то инҷониб муовини ректор оид ба молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мебошад.

Log in

create an account