Шуъбаи кадрҳо

ШУЪБАИ КАДРҲОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ

Шуъбаи кадрҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев соли 1992 таъсис ёфта, он ҷузъи таркибии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад ва дар асоси Оиномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва Низомномаи шуъба амал менамояд. Шуъба дар фаъолияти корӣ санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармону фармоишҳои локалии роҳбарияти донишгоҳро ба кор мебарад.

Вазифаҳои асосии шуъбаи кадрҳо :

  • интихоб ва ҷобаҷокунии кадрҳои маъмурӣ, илмӣ, педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ дар мувофиқа бо шуъбаҳои дахлдор мебошад:
  • ба раёсати донишгоҳ расондани ёрии амалӣ дар мустаҳкам намудани интизоми меҳнат ва риояи қонунгузории меҳнат;
  • ба низом даровардани фармоишҳои ректор оид ба қабул, ҷойивазкунӣ ва хориҷ намудани кормандони донишгоҳ;
  • пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандоне, ки ба вазифаҳои ваколати мақомҳои болоӣ мебошанд;
  • ба низом даровардани парвандаҳои шахсиии омӯзгорон ва кормандон
  • ҳисоботҳои омории вобаста ба кадрҳоро таҳия намуда, ба муассисаҳои дахлдор ирсол менамояд;
  • дар кори комиссияҳои тарификатсионӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ лоиҳаи фармонҳоро дар бораи муқаррар намудани моҳонаи кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд;
  • дар ҳамкорӣ бо бахши таҷрибаомӯзӣ ва комиссияи тасдиқшуда тақсимоти мутахассисони ҷавонро гузаронида, ҳуҷҷатҳои расмии оморӣ ва хаттиро тайёр менамояд;
  • ба хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуҷҷатҳои хатмро омода намуда, тақдим менамояд;
  • ҳолати ҷобаҷокунии кадрҳо, таҳлили сифат ва теъдоди ҳайати омӯзгорон ва кормандонро мунтазам мегузаронад;
  • оид ба дар мӯҳлатҳои қонунӣ дидан ва иҷро намудани аризаҳои шаҳрвандон назорати доимӣ мебарад;
  • дар кори комиссияи аттестатсионӣ иштирок менамояд;   
  • ҳуҷҷатҳои расмиро барои сафарҳои хизматии кормандон тайёр менамояд;
  • омода намудани парвандаҳои шахсии кормандон ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онҳо;
  • тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муқаррар намудани нафақаи кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар якҷоягӣ бо иттифоқи касаба;
  • омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои сарфароз гардонидани бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ;

  Ба сохтори шуъбаи кадрҳо воҳидҳои зерин дохил мешаванд:

  1. Сардори шуъба – 1 воҳиди корӣ
  2. Нозири калон – 2 воҳиди корӣ
  3. Нозир – 2 воҳиди корӣ
  4. Котиба – 1 воҳиди корӣ
  5. Ҳуқуқшинос – 1 воҳиди корӣ

Кормандони аввалин ва сардорони шуъбаи кадрҳо:

  1. Султонбекова Шамсия, солҳои 1992 - 1998
  2. Лашкарбеков Давлатназар, солҳои 1998 - 2005

Кормандони аввалини шуъба:

  1. Мамадамирова Дилоро
  2. Иброҳимова Гулбону

КОРМАНДОНИ ШУЪБА

Log in

create an account