Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия

Содатқадамова Таҳмина Мабатқадмовна

  • Унвони илмӣ: номзади илмҳои биологӣ, дотсент
  • Вазифа: ноиби ректор оид ба илм ва новатсия
  • E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Содатқадамова Таҳмина Мабатқадмовна соли 1985 баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозир Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо роҳхати Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор ба Донишкадаи педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳозир Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) сафарбар карда мешавад. Дар Донишкадаи мазкур аввал ба сифати лаборанти калони кафедраи ботаника ва баъдан то соли 1992 ба ҳайси ассистенти кафедраи номбурда кору фаъолият намудааст.

Аз соли 1993 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба сифати лаборанти кафедраи биологияи умумӣ ба кор шурўъ намуда, соли 1994 муаллимаи калони кафедраи мазкур шуда кор мекунад.

Соли 1996 дар бароробари фаъолият дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ хамчун унвонҷӯ дар Пажуҳишгоҳи биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков ба кори илмӣ оғоз намуда, соли 2002 рисолаи номзадиро дар мавзўи «Хусусиятҳои морфо - биологӣ ва физиологии зардолуи Помири Ғарбӣ» сарбаландона ҳимоя мекунад.

Соли 2002 мудири шўъбаи илмии ДДХ ва аз соли 2004 то 2009 мудири кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо таъйин шуда, ифои вазифа кардааст.

 Соли 2009 декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъйин гардида, то соли 2015 дар ин вазифа фаъолият намуд. Соли 2015 барои бозомўзӣ ба Донишгоҳи Залсбурги давлати Австрия фиристода шуд ва як қисми рисолаи докториро дар ин Донишгоҳ ба итмом расонд. Аз соли 2016 дар кафедраи биоэкология ва туризм ба сифати дотсенти кафедра фаъолияташро идома медиҳад.

Аз соли 2017 то инҷониб ноиби ректор оид ба илм ва иноватсияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев мебошад.

Log in

create an account