Сайфуллоева Олга Амониллоевна

Сайфуллоева Олга Амониллоевна баъди хатми мактаби миёнаи № 3-и шаҳри Хоруғ ба факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дохил шуда, онро соли 1997 бо дипломи аъло ба итмом расонидааст.

Аз соли 1997 дар кафедраи назарияи иқтисод ба ҳайси ассистенти кафедра ба кор шурўъ кард. Соли 1998 ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи ихтисоси иқтисодӣ дохил шуда, соли 2005 рисолаи номзадиро дар мавзўи «Становление и развитие лизинговых отношений в Республике Таджикистан»сарбаландона ҳимоя намуд.

О. Сайфуллоева дар давоми фаъолияти илмӣ-педагогӣ як монография ва зиёда аз 48 мақолаи илмиро дар маҷаллаҳои тақризшавандаро нашр кардааст.

Аз соли 2003 то соли 2010 ба ҳайси мудири кафедраи назарияи иқтисод ба фаъолияти илмию омўзгорӣ машғул шуда, аз соли 2012 то инҷониб дар вазифаи муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ифои вазифа менамояд.

Бо ибтикори бевоситаи номбурда беш аз 10 лоиҳаи байналмилалӣ дар донишгоҳ татбиқ гардидаанд. О. Сайфуллоева дар семинару конференсияҳои байналмилалӣ пайваста ширкат намуда, бо зиёда аз 50 сертификати (шаҳодатномаҳои) сатҳи байналмилалӣ сарафроз гардидааст. Ӯ аз соли 2015 узви «Тими коршиносони байналмилалии тахсилоти олӣ» мебошад.

Мавриди зикр аст, ки солҳои 2017, 2018 ва 2019 шогирдони Сайфуллоева О. дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гашта, шарафи Донишгоҳи давалтии Хоруғро дар миёни муассисаҳои олии кишвар ҳимоя намуданд.

Сайфуллоева О. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2017) буда, инчунин бо Ифтихорномаҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раёсати донишгоҳ мушарраф шудааст.

Additional Info

  • Унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
  • Вазифа: муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ
  • E-mail: Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript.

Search