ЮСУФЗОДА ГУЛЗОРХОН АМИРШОҲ

ЮСУФЗОДА ГУЛЗОРХОН АМИРШОҲ – доктори илмҳои физикаю математика, профессор бо Қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 ноябри соли 2020 таҳти № 610 Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин шудааст.

Юсуфзода Г.А. хатмкардаи шўъбаи математикаи факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев (ДДХ) (соли 1999 бо дипломи аъло) ва аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2004) мебошад. Соли 2004 рисолаи номзадиро дар мавзўи «Наздиккунии беҳтарини синфи функсияҳои дар давраи воҳиди аналитикӣ дар фазои Харди» пеш аз хатми таҳсил дар аспирантура бомуваффақият ҳимоя намудааст. Соли 2016 Юсуфзода Г.А. рисолаи докториро дар мавзўи «Баъзе масъалаҳои назарияи наздиккунӣ ва қимати қутрҳои синфҳои функсионалӣ» бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Барои дастовардҳои илмиаш соли 2008-ум аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардонида шудааст.

Барои меҳнати пурсамар Юсуфзода Г.А. бо ифтихорномаҳои ДМТ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2010 бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст.

Соли 2017 бо «Дипломи дорандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С.У.Умаров» барои силсила корҳои илмӣ дар мавзўи «Ҳалли масъалаҳои экстремалӣ дар назарияи наздиккунӣ» аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Тадқиқотҳои илмии Юсуфзода Г.А. доир ба ҳалли масъалаҳои экстремалӣ дар назарияи наздиккунии функсияҳо дар фазоҳои гуногуни банахӣ вобаста мебошад. Мавсуф муаллифи 7 васоити методӣ буда, зиёда аз 69 мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашр намудааст. Таҳти роҳбариаш дар якҷоягӣ бо устодони кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои марбут ба кафедра тартиб дода шудааст.

Additional Info

  • Унвони илмӣ: Доктори илмҳои физикаю математика, профессор
  • Вазифа: Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Search