Филология тоҷик

Факултети филологияи тоҷик

Шӯъбаи филология соли 1992 дар доираи факултети гуманитарӣ таъсис ёфта буд. Соли 2004  факултети филология бо шӯъбаҳои филологияи тоҷик ва забонҳои шарқҳамчун факултети мустақил ташкил ёфт. Ба факултет доктори илми филология Н.Офаридаев (2004-2005), сипас номзадони илми филология Л.Давлатбеков (2006-2007), Р.Шофақирова (апрел 2007-декабри 2007; 2012– 2015), А. Насрадиншоев (2007-2012) сарварӣ намуда, дар равнақ бахшидани потенсиали илмию омӯзгории факултет саҳми арзанда гузоштаанд. Аз моҳи  апрели  соли 2015 то ҳол сарварии факултетро номзади илми филология, дотсент Насрадиншоев А, вазифаи ҷонишини декан оид ба кори таълимро  ассистенти кафедраи забонҳои шарқ З.Балхов ва чонишини декан оид ба корҳои тарбиявиро  АзизуллоеваГ.  ба ӯҳда доранд.

Дар факулта 370 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод дар  бахши филологияи тоҷик 126 нафар донишҷӯ, дар бахши забонхои шарқ 58  нафар донишҷӯ, дар бахши рӯзноманигорӣ 53 нафар  донишҷӯ таҳсил мекунанд. Аз ин миқдор  дар гурӯҳи буҷавӣ 121 нафар ва дар гурӯҳи шартномавӣ 193 нафар таҳсил намуда, ҳамчунин  82 нафар дар шӯъбаи шартномавии бахши ғоибонаи филологияи тоҷик таҳсил менамоянд.

Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, шарқшинос-филолог (забони форсӣ), шарқшинос-филолог (забони арабӣ), филолог- рӯзноманигор ва санъати мусики мутахассис тайёр карда мешавад.

Дар факултет 3 кафедра, аз ҷумла кафедраи забони тоҷикӣ (мудираш  доктори илмхои филологи Аламшоев М), кафедраи адабиёт (мудираш номзади илми филология, дотсент Л.Мирзоҳасанов), кафедраи забонҳои шарқ (мудираш номзади илмхои филологи Камбаров Н.) фаъолият мекунанд. Аз байни 34 нафар омӯзгори кафедраҳо  3 нафар доктори илм, 12 нафар номзади илм, 9 нафар муаллими калон ва 10 нафар ассистент буда, ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Аз рӯзи таъсисёбии донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти тоҷик олимони шинохтаи ҷумҳурӣ: шодравон, профессор Д.Карамшоев, профессор М.Файзов, номзадони илми филология С.Нилобеков, З.О.Назарова, А.Мирбобоев, шоирон С.Ҳалимшо ва А.Чароғабдолов, С.Шоҳзода, В.Д.Охониёзов, А.Мирхоҷа ва дигарон дар солҳои гуногун ба донишҷӯён дарс гуфтаанд.

Имрӯз муаллимони пуртаҷрибаи соҳиби маҳорати баланди омӯзгорӣ Н.Офаридаев, Л.Мирзоҳасанов, Д.Фозилов, Л.Давлатбеков, А.Насрадиншоев, С.Азорабеков, Шофақирова Р, Абодуллоева С, Курбонмамадов С., Ҷумъаева Б, Некушоева Ш, Балхов З, Беҳронов Ҷ, Қамбаров Н   ва дигарон ба донишҷӯён аз ихтисосҳои гуногуни соҳаи филология дарс мегӯянд.

Аз байни омӯзгорони факултет солҳои охир 3 нафар соҳиби дараҷаи доктори илми филология ва 12 нафар номзади илми филология гардидаанд. Қобили қайд аст, ки  зиёда аз 15 нафар дастпарвари факултет  рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, 3 нафари дигар дар арафаи ҳимоя мебошанд.

Устодони кафедраҳо дар баробари тадрис ба кори  илмию тадқиқотӣ  машғул шуда, солҳои охир 6 монография, зиёда  аз 400 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавиро дар нашрияҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашр намудаанд.

Аз байни хатмкунандагони факултет Қодиров Д, Шофақирова Р, Абодуллоева С, Ҷумъаева Б, Булбулшоев У, Некушоева Ш, Зоолшова, Камбаров Н, Курбонмамадов С. Ш,  Элназарова Х., Матробов М, Карамхудоев Ш, рисолаҳои номзадиро ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои филология гардиданд.  

                                Китоби устодони кафедра Ш.Қурбонмамадов ва  Л.Мирзоҳасанов  «Тазкираи адибони Бадахшон» дар нашриёти «Адиб» ба табъ расид. Солҳои охир инчунин рисолаҳои Н.Офаридаев ва А.Насриддиншоев оид ба номҳои мавзеъҳои ҷуғрофии манотиқи гуногуни Бадахшон аз чоп баромаданд. Устодони кафедра дар ҳамоишҳо, конфронсҳои илмии байналхалқӣ дар Эрон, Русия, Испания ва дигар кишварҳои хориҷӣ бо маърӯзаю гузоришҳои илмӣ  мунтазам баромад   мекунанд.

Дар кафедраҳои факултет оид ба масоили гуногуни адабиёт ва фолклори Бадахшон, таърихи адабиёти тоҷик, масъалаҳои луғат ва сарфу наҳви забонҳои эронӣ, ономастика, омӯзиши муқоисавии забони арабӣ ва забонҳои эронӣ  тадқиқоти илмӣ бурда мешавад. Хурсандибахш аст, ки дастпарварони факулта на танҳо дар вазоратҳо, донишгоҳҳо, марказҳои илмии ҷумҳурӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояту ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ кору  фаъолият менамоянд.

Ҳоло хатмкардагони факултет номзадони илми филология   Р. Шофақирова, С. Абодуллоева, Ҷумъаева Б. С. Курбонмамадов С., Элназарова Х., Н. Қамбаров., муаллимони калон М. Ақдодова, Т. Мародасенова,  М. Муборакшоева, С. Шосафоева, М. Мирзоҳасанова,  З. Балхов, , С. Холиқназарова,  Ф. Зоолшоева,  Ҷ. Беҳронов, С. Найшакарова ва дигарон дар баробари устодонашон дар донишгоҳ ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд.

Дар  магистратура 14 нафар ва дар докторантура бошад  2 нафар тахсил карда истодаанд.

Дар факулта маҳфили адабии «Гулафшон», маҳфили «Забони ноби тоҷикӣ» амал карда истода, чакидаҳои хомаи ҷавонон дар моҳвораи «Фурӯғи маърифат», рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» нашр ва аз тариқи радио ва телевизиони вилоятӣ мунтазам баррасӣ мешаванд.

         Факултети  филология  чор  бахш; филологияи  тоҷик, забонҳои  шарқ(арабӣ  ва  форсӣ), рӯзноманигорӣ, санъат ва мусиқӣ  дошта,  дар баробари ин магистратура ва доктор PhD дорад. Се  кафедра: кафедраи  забонҳои  шарқ мудираш  номзади  илмҳои  филологӣ  Қамабаров Н., адабиёт ва санъат мудираш номзади  илмҳои  филология   досент  Мирзоҳасанов Л.  ва  кафедраи  забони    тоҷикӣ  мудираш  доктори   илмҳои  филологӣ   Аламшоев М. амал  менамоянд. 3 - доктори  илм, 10-  номзади  илм,15-  муаллими  калон  ва  8-  ассистент  ба  таълиму  тарбия  ва корҳои  илмӣ  машғуланд.

   Дар  факултет  275  нафар   донишҷӯ   ба  таҳсил  фаро   гирифта  шудаанд, ки   аз  он  212  нафар  ба  гурӯҳҳои   буҷавӣ  ва  63  нафар гурӯҳҳои   шартномавиро  дар  20  гурӯҳ  ташкил   медиҳанд.

Теъдоди  донишҷӯён  ва  гурӯҳҳои   таълимӣ;

  • Бахши  филология    107  нафар
  • Бахши  забонҳои  шарқ   44 нафар
  • Бахши рузноманигорӣ  61 нафар
  • Санъат  ва  мусиқӣ 51 нафар
  • Магистр   13 нафар
  • Доктор PhD 1 нафар
  •  Ҷамъ  дар  факулта 275 донишҷӯ
  • Дар гурӯҳҳои буҷавӣ   212 нафар
  • Дар  гурӯҳҳои шартномавӣ   63 нафар.

Таҳсилот тибқи квотаи Президентӣ

Дар факултети филологияи тоҷик 31 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд. Аз ин миқдор 17 нафар духтарон мебошанд. Ноҳияи Мурғоб 10- нафар, Шуғнон 1- нафар, Роштқалъа 1- нафар, Ишкошим 2- нафар, Рӯшон 2- нафар, Ванҷ – 3 нафар, Дарвоз – 1 нафар, 5- нафар  аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ.

Log in

create an account