Илмҳои табиӣ

Факултети илмҳои табиӣ

Дар аввали таъсисёбӣ дар Донишгоҳ (1992) ду факултет; факултети илмҳои табиӣ ва факултети гуманитарӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ба факултети илмҳои табии шӯъбаҳои биология, геология, математика, ҳисоби бугалтерӣ, молия ва қарз дохил шуда буданд. Он вақт миқдори умумии донишҷуён 125 нафарро ташкил медод. Дар факултет кафедраи фанҳои табиӣ фаъолият дошт. Декани факултет номзади илмҳои биологӣ дотсент Г.Раҳмихудоев (ҳозир доктори илмҳои кишоварзӣ) таъин гардид ва ҳамзамон вазифаи мудири кафедраро низ иҷро мекард.Аввалин устодони факултет собиқ ректори Донишгоҳ доктори илмҳои физикаю риёзи,профессор М.Илолов,дотсент Г.Ҷангибеков (алъол профессор),профессор  Б.  Имомназаров, дотсентон Д. Амрибахшов , Б. Алидодов , М. Муқбилшоев , К.Сулаймоншоев, муаллимони калон М.Лаълбекова, Н.Лаълбекова, Т.Содатқадамова (алъол дотсент), М.Айдаршоев, Р.Сарадбеков, Д.Муборакқадамов, К.Худоиев, О.Имомназаров ва дигарон буданд.Моҳи январи соли 1996 дотсент С.Сабоиев декани факултет таъин гардид. Дотсент И.Қаландарбеков (алъон профессор) мудири кафедраи фанҳои табии илмӣ таъин карда шуд. Моҳи октябри соли 1998 дотсент А . Мамадризохонов (алъол профессор) декани факултет таъин гардид. Дар факутети  илмҳои  табиӣ  соли  2001-ум  шӯъбаи  сохтмони  иншоотҳои гидротехникӣ, ки барои тариқи додани соҳаи энергетикаи  вилоят  хеле  зарур  аст,  кушода  шуд.  Дар  баробари ин дар факултет бахшҳои геология, физика, астраномия ва кимиё фаъолият доранд. Дар кафедра семинарҳои  илмӣ-методӣ мунтазам гузаронида  мешаванд.  Лоиҳаҳо  ва  корҳои  дипломӣ  асосан  ба  реконструксияи неругоҳҳои обии барқӣ, истгоҳҳои обкашонӣ, каналҳои обёркунӣ, азхудкунӣ ва беҳтаркунии ҳолати мелиоративии  заминҳои ноҳияҳо,  кофтуков ва  коркарди  канданиҳои  фойданоки ҳудуди вилоят, истифодабарии самараноки  энергияи  офтоб , омӯзиши  таркиби химиявии  растаниҳои  шифобахши Кӯҳистони  Бадахшон  бахшида  шудаанд.

Соли  2003  номзади  илмҳои  биологӣ,  дотсент  Наврузбекова М. декани факултет таъин гардид. Аз соли 2005 то 2009 Сарадбеков Р. ва аз 2009 то 2011 дотсент Пиров Ҳ. ин вазифаро ба ӯҳда доштанд.Аз  соли  2011  то  соли  2014  номзади  илмҳои  биология,дотсент Наврузбекова М.вазифаи декани факултетро ба ӯҳда дошт.

Аз  соли  2014  вазифаи  декани  факултетро  номзади  илмҳои химия,дотсент Имомназаров Б.иҷро карда истодааст. Алҳол  дар  факултет ду  кафедра кафедраи фанҳои  табиӣ-илмӣ  ва кафедраи  физика  ва сохтмони  гидротехникӣ фаъолият  доранд,ки  дар онҳо  омӯзгорони соҳибтаҷриба  ва  унвондор  Некқадамов  Ш., Мирзоев  О.,  Имомназаров  Б.,  Элназаров С.,Фелалиев  Р.,  Каримова  З.,  Сулаймонов  С., Мирзоев  Т.,  Назриев  Ҳ., Қадамов  А.,  Шамшеров С.,  Назарбеков  А. Дар таълиму тарбияи донишҷӯён саҳми сазовор доранд. Зиёда  аз  10  нафар  хатмкунандагони  шӯъбаи  химия  ба кори   илмӣ  тадқиқотӣ  машғул   мебошанд.  Аз  байни  онҳо Султонмамадова  М.  бо  кори  илмӣ  тадқиқотиаш  ба  гирифтани Ҷоизаи Академияи Илмҳои ҶТ барои  олимони ҷавон сазовор дониста шуда, рисолаи номзадиро бо муваффақият ҳимоя намуд. Хатмкардаи ин шӯъба Суриев Мақсад рисолаи докториро аз руи дараҷаи PhD  ҳимоя намуд. Рисолаҳои номзадии хатмкардагони шӯъбаи химия Алихонова С., Содатдинова А., Шоалифов Ҷ., Давлатназарова М., Атолиқшоева С., Раҳматуллоева О. дар арафаи анҷомёбист.

Хатмкардагони  шӯъбаи  геология  Назришоев  Х.  соли 2011  дар  Сант-Петербург   ва  Элназаров  С.  соли  2015  дар Донишгоҳи давлатии Қазони Федератсияи Россия рисолаҳои номзадиро  ҳимоя  намуданд.  Сабзалии  Ҳасанзода  ва  Асматов  И.  дар  Донишгоҳҳои  бонуфузи  давлати  Чин  дар  магистратура таҳсил карда истодаанд.

Хатмкардаи шӯъбаи физика Ақдодов Донаёр баъди бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ алҳол дар вазифаи   муовини  декани  факултети  физикаи  Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон адои вазифа менамояд. Хусравбеков М.  хатмкардаи   ҳамин  шӯъба   дар  вазифаи  мутахассиси Маркази тестии назди Президенти ҶТ кору фаъолият карда истодааст. Ассистенти  кафедраи  физика  ва  сохтмони  гидротехникӣ Одинамамадова  М.  дар  Донишгоҳи  Еколаде-  Нантесеи давлати   Фаронса  дар  магистратура   таҳсили  худро  давом дода  истодааст.  Хатмкардагони  ин  шӯъба   Ширинбеков  В. ба ҳайси мененҷери Хазинаи Оғохон, Назаров Ш. ба ҳайси мененҷери  молиявии  Хазинаи  байнанхалқии  кудакон  дар Тоҷикистон,  Кучакшоев  С.  ба  ҳайси  муҳандиси  пешбари Кумитаи  заминсозии  ҶТ,  Сарадбеков  У.  ба  ҳайси  сардори шӯъбаи  истеҳсолӣ-техникии  «  Гидроспеғмонтаж»  -  и  ҶТ фаъолият  карда  истодаанд.   Муаллими  калони   ҳамин шӯъба  Қадамов  Аслам  магистранти   Донишгоҳи  Залсбурги давлати Австрия мебошад.

Бо мақсади рушди раванди таълим ва баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯёни факултет аз соли 1995 сар карда  ба  донишгоҳ  олимони  намоёни   ҷумҳурӣ   ба  монанди Узви  вобастаи  АИ  ҶТ,  доктори  илмҳои  техникӣ,профессор Низомов  Ҷ.,  вобастаи  АИ  ҶТ,  доктори  илмҳои  геология  ва менералогия, профессор Файзиев А.Р., номзади илмҳои техникӣ, дотсент Тюряев А., номзадони илмҳои геологияю минералогия,  дотсентон  Искандаров  Ф.,  Мамадвафоев М., Алидодов  Б.,Виниченко  С.М.,  Худобахшова  Ш.,  доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадов С. барои хондани лексияҳо таклиф карда шуданд. Дар давоми фаъолияти факултет аз рӯи ихтисоси геология   452  нафар,  гидромелиоратсия  101  нафар,  химия  256 нафар, ва сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ 324 нафар ва дар соли 2015 аз рӯйи ихтисоси физика 15 нафар мутахассис тайёр  карда  шудаанд,  ки   айни  ҳол дар  мактабҳои таҳсилоти  ҳамагонӣ,  мактабҳои олӣ,  муассисаҳои илмӣ,  корхонаҳои истеҳсолӣ, пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва экспедитсияҳои  геологӣ иҷрои вазифа карда истодаанд.

Log in

create an account