Математика

Факултети Математика

Соли 1992 бо ташкил ёфтани Донишгоҳ, дар факултаи табии-илмӣ шӯъбаи математика таъсис ёфт, ки дар ташкили раванди таълим хизмати номзади илмҳои физика – математика, профессор Б. Имомназаров хеле калон буд. Бо иқдоми ин марди наҷиб соли 1993 дар заминаи шӯъбаи математика факултети математика - физика таъсис дода шуд ва то соли 1997 онро сарварӣ  намуд.

Дар бунёди факултет олимони шинохта академикҳои АИ ҶТ М. Илолов ,  М. Шабозов, профессорон Г. Ҷангибеков ва  Б. Имомназаров, номзадони илм, дотсентон Ш. Абдулофизов, Ш. Шогунбеков, И. Собиров, А. Амирбеков саҳмгузорӣ намуданд.

Дар солҳои гуногун факултетро  профессор Б. Имомназаров, дотсентон Ш. Шогунбеков, Ш. Некқадамов , М. Зарифбеков ва  Ш. Абдулофизов роҳбарӣ намуданд. Дар ҳолати кунунӣ роҳбарии факултетро муаллими  калон  Мавлоназаров М.  ба уҳда дорад. Дар назди факултет кафедраҳои “Таҳлили математикӣ” ва “ Таҳлили функсионалӣ ва муодлаҳои дифференсионлӣ” бо роҳбарии дотсент Парвонаева  З ва м.к Заргаров Ҷ  фаъолият менамоянд.

Факултет аз руйи ихтисосҳои 

  • Математика
  • Математикаи амалӣ
  • Информатика
  • Амнияти компютерӣ

мутахасисонро тайёр менамояд. Таҳсил аз  руйи ихтисосҳои номбурда имконият медиҳад, ки донишҷуён таҳсилро дар марказҳои илмӣ- таълимии мамолики хориҷ аз ҷумла Германия, Полша, Гретсия, Ҳиндустон , Руссия , Ангиля, Украина   ва Қирғизистон идома диҳанд. Дар назди факултет 5-синфхонаи компютерӣ, маркази интернетӣ ва китобхонаи электронӣ амал менамоянд. Таълим бо таҷизоти замонавии технологияи информатсионӣ сурат гирифта супоридани имтиҳонҳои даврӣ аз тариқи шабакаи локалии копютерӣ ба роҳ монда шудааст. 

Факултет дар солҳои мавҷудияти худ шогирдони зиёдеро тайёр намуда, ҷавонони болаёқатро ба аспирантура тавсия дода буд. Имрӯз аз онҳо даҳҳо нафар  соҳиби дараҷаи илм шуда, дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ кор карда истодаанд.

Дар тули  фаъолияташ ҳайати профессорону омӯзгорони факултети математика ба бисёр дастовардҳои илмию методӣ ноил гардидаанд. Китоби дарсӣ ва нишондодҳои методӣ, ки аз тарафи дотсент Ш. Абдулофизов, докторон М. Шабозов ва Г. Ҷангибеков барои кормандони илм ва донишҷӯёни соҳаи риёзӣ, физика ва иқтисод зарурияти хосаеро доро мебошанд.

Факултет тавассути заҳмату кӯшишҳои устодон бо марказҳои шинохтаи берун аз ҷумҳурӣ, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи И. В. Ламоносов, Донишгоҳи омӯзгории Санкт-Петербург ба номи А. И. Герсен, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоҳи Давлатии Белоруссия, Пажӯҳишгоҳи риёзӣ ба номи В. А. Стеклов, Пажӯҳишгоҳи риёзии Украина ва дигар марказҳои илмӣ ҳамкорӣ дорад.

Log in

create an account