Иқтисод

ФАКУЛТАИ ИҚТИСОД

Факултети иқтисод дар баробари таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (ДДХ) ба фаъолият шурӯъ кард ва омӯзгорони он тадриси сифатнок, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи иқтисодро пешаи худ қарор дода, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.

Фаъолияти гуногунҷабҳаи факултети иқтисод таҳти роҳбарии ректори ДДХ, доктори илмҳои иктисодӣ, профессор Ш. Ҷонмамадов, деканҳои факултет ва номзадҳои илми иқтисод М. Муқбилшоев, М. Шоидарвозова, муаллими калон М. Мамадаёзов ба роҳ монда шудааст.

Ҳамасола тибқи нақшаи мушаххас самтҳои фаъолияти он муайян гардида, натиҷаҳои гуногуни корӣ рӯи кор оварда мешаванд.

Шоидарвозова Марзия Саидвалиевна,
Вазифа: декани факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев
Унвони илмӣ: номзади  илмҳои иқтисодӣ
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

 

Аз солҳои қаблӣ то ҳозир дар ҷодаи тадрис ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи иктисод хизмати устодон Ш. Ҷонмамадов, М. Мукбилшоев, Г. Раҷаббеков, М. Шоидарвозова, О. Сайфуллоева, Г. Ҷумъахонов, Г. Мамадамонова, А. Абдураҳмонова, О. Шамиров, М. Алиёрова, С. Ақназарова, Г. Валдошова, Р. Имомбердиева, З. Искандаршоева, Ш. Силталиева, Х. Холиқназарова ва Г. Назархудоева назаррас аст.

Қадрдонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, профессор Шермамад Ҷонмамадов бо мукофоти давлатӣ (соли 2017). 

Маҳз самараи фаъолияти мақсадноки устодони факулта ҳаст, ки имрӯз дастпарварони онҳо дар идоракунии муассисаҳои байналмилалӣ, сохторҳои Ҳукуматӣ, соҳаи тиҷорату соҳибкорӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Log in

create an account