ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСӢ

Бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ соли 2001 кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ кушода шуда, мудири он номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ғ. Ғарибшоев таъин гардид. Аз соли 2005 то соли 2007 вазифаи мудирии кафедра ба зиммаи Шаҳмал Мамаддодов вогузошта шуд. Моҳи октябри соли 2007 муаллимаи калон Мансурова Оламгул мудири ин кафедра таъин мегардад. Аз соли 2009 номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ғарибшоев Ғ, то соли 2016 такроран ба вазифаи мудири кафедра таъин шуда, аз соли 2016 то 2019 вазифаи мудирии кафедраро номзади илмҳои фалсафа, дотсент Тавакалова М. ба ӯҳда доштанд.

Аз соли 2019 то соли 2022 мудирии кафедра ба зиммаи номзади илм, дотсент Тавуров Қурбонназар гузошта шуд. Аз соли 2022 ба вазифаи мудири кафедра номзади илми фалсафа, дотсент Назархудоева Л. таъин гардид.

Дар кафедра 6-нафар унвони илмидор номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Комилбек Амид Ёрбек, номзадҳои илми фалсафа, дотсентон Ғарибшоев Ғ.Қ, Назархудоева Л, Тавуров Қ. С., Тавакалова М. Қ, Ниёзбеков Д., 8-нафар муаллими калон Мародбекова С.М, Хуҷаназаров Ҷ.Г., Шониёзова В.Н., Ақдодова М., Диловаршоев М., Мирзоазизов М., Лутфишоев А., Донаёрова С., 13-нафар ассистентон Мамадбекова К, Назархудоева Ф, Қосумшоева З, Гуламадшоева М, Мамадсалимов Н, Азизмамадова Л, Зоолшоев С, Назарамонов А, Ёрмамадов А., Қозинаврузов Ф., Мустаҷобова Т., Собиров Ғ., Ниятбеков Ғ. фаъолият намуда аз фанҳои фалсафа, фалсафаи илм, таърихи дин, сиёсатшиносӣ, мантиқ, ҷомеашиносӣ, демография, фарҳангшиносӣ, этика, зебоишиносӣ, кори иҷтимоӣ таълим медиҳанд.

Дар кафедра бо аспирантон, унвонҷуён, магистрантҳо, докторантҳо PhD машғулиятҳои таълимӣ, сӯҳбатҳои илмӣ гузаронида шуда, аз фани фалсафа имтиҳони дохилшавӣ ба аспирантура қабул карда мешавад. Фаъолияти таълимӣ, илмӣметодӣ ва илмӣ-тадқиқотии кафедра натиҷабахш буда, ҳайати омӯзгорону олимон дар давоми солҳо мақолаҳои зиёди илмӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-оммавӣ ба чоп расонида, дар чорабиниҳои сиёсӣмаърифатии ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд. Натиҷаҳои илмӣтадқиқотии омӯзгорону олимони кафедра дар конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳои илмӣ баррасӣ мегарданд. Аз тарафи омӯзгорону олимони кафедра 7 адад китоби илмӣ, 6 адад монография, зиёда аз 5 дастури методӣилмӣ ва зиёда аз 600 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.

Кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ бо Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии АИҶТ, бо Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии АИҶТ, Институти биологии Помир, факултеи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар марказҳои илмӣтадқиқотии ватанӣ ҳамкориҳои зич дорад.