Забонҳои хориҷӣ

Факултети забонҳои хориҷӣ

Факултети забонҳои  хориҷӣ  аз соли 1993  ҳамчун  шуъба  дар ҳайати факултети гуманитарӣ фаъолият карда, аз соли 2000 ҳамчун факултаи мустақил таъсис ёфт. Онро то моҳи июни соли 2012 устодон К. Раҳимов, Ф. Руштова, Ш. Хуромонов, М. Мамадасламов, Парвина  Абдухамидова роҳбарӣ намуданд.

Аз моҳи сентябри соли 2012 то инҷониб декани факултети забонҳои хориҷӣ доктори илмҳои филология, дотсент Абодуллоева С. мебошад.

АБОДУЛЛОЕВА Сафина Юсуповна
Унвони илмӣ: доктори илмҳои филология, дотсент
Вазифа: декани факултаи забонҳои хориҷӣ
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: (8) 3522 2 4147
 
 
 

Факултет аз оғози фаъолияташ дорои як кафедра буд. Кафедраи филологияи англисро аз аввали таъсисёбӣ (соли 1994) доктори илмҳои филология П. Ҷамшедов, баъдан то соли 1998 доктор Чак Элси ва пас муаллимони калон К. Раҳимов, И. Гуламадшоев сарварӣ  намуданд. 

Соли 2000 дар заминаи кафедраи филологияи англис кафедраи забонҳои хориҷӣ ташкил шуда, ҳоло  мудирии онро муаллими калон  Шамиров Р. бар ӯҳда дорад. Дар кафедра  20 нафар омӯзгор кор карда истодаанд, ки аз ҷумлаи онҳо 1 номзади илми филологӣ, 6 нафар муаллимони калон ва 13 нафарашон ассистент мебошанд.

Устодони кафедраҳои филологияи англис ва забонҳои хориҷӣ аз соли 1998 сар карда, дар назди донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон ба монанди донишгоҳҳои Оксфорд (Англия), Куалло - Лумпуари (Малайзия), Донишгоҳи Торонто (Канада), Донишгоҳи Оғохон дар Қарочӣ (Покистон), Донишгоҳҳои Олмон, Донишгоҳи Нию - Деҳлии Ҳиндустон аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, дониш  ва маҳорати касбиашонро такмил додаанд. Баъзе аз омӯзгорон сазовори дараҷаи магистр гардиданд.

Иштироки омӯзгорони забони англисӣ дар семинарҳои байналмилалӣ

Дарсоли 2003 кафедраи забони русӣ таъсис  ёфта, муаллимаи калон Ҳ. Ширинова мудирии онро ба ӯҳда дошт. Аз моҳи октябри соли 2007 номзади  илмҳои филология П. Абдулҳамидова мудири кафедра интихоб гардида, аз соли 2009 то 2011 онро сарварӣ намуд.

Ҳозир вазифаи мудирии кафедраро номзади илми филология Мирзоев Ш. иҷро карда истодааст. Дар кафедра 18 нафар муаллим, аз ҷумлаи онҳо, 1 нафар номзади илми филология, 5 нафар муаллими калон, 12 нафар ассистент кор карда истодаанд, ки аз байни онҳо 6 нафар унвонҷӯ мебошанд.   

Саҳми устодони кафедраи забон ва адабиёти рус дар гузаронидани чорабиниҳои байналмилалӣ аз ҷумла фестивали «Русский язык на «Крыше мира»» назаррас мебошад.

Пешвозгирии меҳмонони фестивали «Русский язык на «Крыше мира»

Дар давоми 5 - соли охир дар факултет зиёда аз 140  мақолаи илмӣ ва  5 дастури методӣ нашр гардидаанд. Факултет дорои китобхона буда, шумораи адабиёт бо забонҳои хориҷии таълифгардида 4000 нусхаро ташкил медиҳанд.

Инчунин, факулта дорои 1 лабораторияи омӯзиши забонҳо мебошад. Ҳоло дар  факултет  378  нафар донишҷуён  дар бахшҳои англисӣ, олмонӣ,  забон ва адабиёти рус, забони чинӣ-информатика  ва забони англисӣ-тарҷумонӣ  таҳсил  менамоянд, ки  аз ҷумлаи онҳо 292  нафар духтар  ва  86  нафар писарбача; 308 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 70 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ  таҳсил мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳар сол на кам аз 8 нафар донишҷӯён ғолиби озмунҳои байналхалқӣ аз рӯи барномаи хазинаи "Сорос", барномаи Донишкадаи Исмоилии Лондон, барномаи такмилдодаи DAAD – и Олмон, барномаи "Айрекс" ва магистратураи донишгоҳҳои  Бритониё  ва ИМА гардида,  таҳсилро дар кишварҳои  хориҷӣ дома медиҳанд.

 
Рафти ҷаласаи кафедраи забон ва адабиёти рус

Донишҷӯёни  факултет, махсусан, аз бахшҳои забони англисӣ ва русӣ дар озмунҳои фаннии умумиҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд.

Дастпарварони  факултети  забонҳои  хориҷӣ дар ҳамаи сохторҳои муассисаҳои давлатию хориҷӣ фаъолона кор карда истодаанд  ва  фаъолияти пурсамари онҳо боиси ифтихори устодони факултети забонҳои хориҷӣ гардидааст.

Иштироки донишҷӯёни факултети забонҳои
хориҷӣ дар чорабиниҳои донишгоҳӣ
 
Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад

 

Log in

create an account