Биология

Факултети биология

Факултети биология яке аз факултетҳои пешоҳанги ДДХ ба шумор меравад, ки аз рӯзҳои аввали ташкилёбии донишгоҳ (соли 1992) фаъолият дорад. Дар аввал, ҳамчун шӯъбаи мустақил дар ҳайати факултети илмҳои табиӣ ва 2 феврали соли 2002, ҳамчун факултети мустақил ҷудо шуда, то кунун фаъолият карда истодааст.

Айни ҳол дар факултет 2 кафедра амал мекунанд:

  • Кафедраи «Биоэкология ва туризм» - муаллими калон Х.Карамхудоев
  • Кафедраи «Биологияи умумӣ» - мудираш муаллими калон Хусравбекова З.

Дар факултет 32 нафар устодон, аз ҷумла 5 докторонии илм ва 6 номзади илм кор ва фаъолият мекунанд. Дар айни ҳол кафедраҳои шомили факултет аз рӯи 5 равияҳои зерин, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пеш бурда истодаанд:

  • Захираҳои рекреатсионии ВМКБ ва оқилона истифодабарии онҳо (Кафедраи «Биоэкология ва туризм»);
  • Хусусиятҳои биоэкологии баъзе намояндаҳои растаниҳои Бадахшон (Кафедраи «Биоэкология ва туризм»);
  • Омӯзиши маҳсулнокии набототи баландкӯҳи Тоҷикистон (Кафедраи «Биологияи умумӣ»);
  • Интродуксия ва селексияи растаниҳои фойданоки Бадахшон (Кафедраи «Биологияи умумӣ»);
  • Омӯзиши проблемаҳои физиологияи одам ва ҳайвонот дар шароити ВМКБ  (Кафедраи «Биологияи умумӣ»).

Имрӯз, устодони факултет бо як қатор марказҳои калони илмии  ватанӣ ва хориҷи кишвар робитаи  зичи  ҳамкорӣ доранд ва дар як қатор барномаҳои байналхалқӣ иштирок менамоянд. 

Дар тӯли беш аз 20 соли фаъолият факултети биология беш аз 3000 мутахасисон тайёр намуд, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояту ҷумҳурӣ ва берун аз он бомуваффақият кор ва фаъолият карда истодаанд.

Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин донишҷӯён таҳсил менамоянд:

  • Биология;
  • Сайёҳи ва меҳмондорӣ;
  • География; 
  • Экология;
  • Кори тибби-биологӣ;
  • Дефектология;
  • Логопедия;
  • Олигофренопедагогика 

Дар айни ҳол дар факулта 635 донишҷӯ таҳсил доранд. Аз ин миқдор 365 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 270 нафар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Дар шӯъбаи рӯзона 22 нафар донишҷӯён тариқи квотаи Президенти таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 5 нафар писарон ва 17 нафар духтарон мебошанд. Дар факулта донишҷӯён аз тамоми гӯшаю канори вилоят ва ҷумҳурӣ (ноҳияҳои Спетамент, Ғончӣ Масчоҳ, Мӯъминобод, Данғара,  Вахш, Ваҳдат, Рудакӣ ва шаҳри Душанбе, ки теъдодашон беш аз қариб 20 нафарро ташкил медиҳад, таҳсил менамоянд.

Устодон, омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли факулта дар ободонии донишгоҳ ва чорабиниҳои гуногуни донишгоҳӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ  фаъолона ширкат варзида, саҳми босазои худро мегузоранд. Аз тарафи устодони факултет ҳар сол даҳҳо мақолаҳои илмӣ, методи, монографияҳо ва китобҳои дарсӣ аз чоп мебароянд, ки қисми зиёди онҳо дар хориҷи кишвар аз нашр мебароянд. Устодони факултет бо як қатор марказҳои калони илмӣ робитаи зичи илмӣ доранд, ки муҳимтаринашон:

  1. Пажӯҳишгоҳи ботаникаи АИ ба номи В.Л.Комароваи Санкт-Петербурги Руссия
  2. Донишгоҳи Мендели ш.Брнои Чехия
  3. Боғи ботаникии Миссурияи Амрико
  4. Донишгоҳи Гйӯтенгени Олмон
  5. Донишгоҳи Монтанаи Амрико
  6. Боғи ботаникии Марказии Новосибирск (АУ Руссия)
  7. Донишгоҳи Билифилди Олмон
  8. Пажӯҳишгоҳи ботаники и фитоинтродукции МОН РК
  9. Донишгоҳи Америко дар Осиёи Марказӣ (ш.Бишкек)
  10. Ташкилоти байналхалқии сайёҳӣ (World Tourism Organization) 
  11. Fauna & Flora International (FFI)
  12. Ассотсиатсияи Туркии туризми тиббӣ (ТНТС)
  13. Фонди рушди экотуризми "Дерсу Узала"
  14. Барномаи рушди СММ/фонди глобалии экологи (ПРООН/ГЭФ).

Олимони факултет дар конфронсу симпозумҳои илмии гуногун дар кишварҳои гуногуни хориҷи кишвар ширкат варзида, корҳои илмиашонро муаррифӣ намуданд. Олимони факултет бо барномаҳои маърифатии  байналхалқии TEMPUS, IREХ, DAAD, ҳамкории зич дошта, дар табодули донишҷӯёну омӯзгорон бо кишварҳои мухталиф иштирок мекунад.

Барои пешрафти таълиму тарбияи дар нақшаи таълимии донишҷӯёни шӯъбаҳои биология, экология, география ва туризм, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, гузаронидани таҷрибаҳои саҳроӣ пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад донишҷӯён шуъбаҳои номбурдаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ба деҳаҳои гуногуни Бадахшон (Хуф, Баҷу, Хуҷанд, Емс,  Гармчашма, Вездара, Барвоз, Сучон, Барсем, Танг в ғайра) рафта таҳти роҳбарии профессорон ва омӯзгорони варзидаи кафедра дар давоми то як моҳ таҷрибаомӯзӣ мегузаронанд.

Дар рафти гузаронидани таҷрибаҳои саҳроӣ донишҷӯён бо релеф, олами наботот ва ҳайвонот, иқлим, хок, соҳаҳои кишоварзӣ ва ғайра амалан шинос мешаванд. Инчунин дар онҳо маҳорату малакаи баланди донистани алоқамандии компонентҳои ҳодисаҳои табиӣ ва географӣ ба вуҷуд меояд. Таҷрибаҳои саҳроӣ яке аз намудҳои муҳими фаъолияти таълимии донишҷӯён ба ҳисоб меравад, ки онҳоро барои гузаронидани таҷрибаҳо, мушоҳидаҳо, намоишҳо оид ба табиат омода мекунад. Таҷрибаи саҳроӣ як банди муҳим дар системаи географӣ аст, ки барои мустаҳкамкунии донишҳои назариявӣ, ва аз худкунии маҳорату малакаҳои гузаронидани мушоҳидаҳо, тадқиқотҳо, намоишҳо мусоидат мекунад. Дар рафти таҷрибаомӯзии саҳроӣ донишҷӯён он донишҳои назариявиеро, ки хангоми мағулиятҳо дар дар донишгоҳ  дар давоми соли таҳсил аз худ намуданд, дар амал онҳоро санҷида, дониши худро оид ба фанҳои омӯхташуда боз ҳам васеътар ва мустаҳкамтар мегардонанд.

Log in

create an account