Фанҳои муҳандисӣ

КАФЕДРАИ ФАНҲОИ МУҲАНДИСӢ

Кафедраи фанҳои муҳандисӣ дар асоси фармони ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ таҳти № 614 аз 21 сентябри соли 2017 дар заминаи кафедраҳои «Фанҳои табиӣ -илмӣ» ва «Физика ва сохтмони гидротехникӣ» ташкил шудааст.

Кафедра аз рӯи ихтисосҳои 1 - 51010102 – геология, ҷустуҷў ва иктишофӣ, конҳои канданиҳои фоиданок, 1 - 510101 – геология ва ҷустуҷўи конҳои канданиҳои фойданок, 1 – 70040101 - сохтмонӣ - гидротехникӣ ва тахассуси 1 -020601 - 02 – санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология мутахассисонро тайёр менамояд.

Дар назди кафедра ду лаборатория, яъне геология ва сохтмонӣ - гидротехникӣ барои гузарондани дарсҳои тахассусии лабораторӣ махсус гардондашуда ташкил карда шудаанд. Бахусус дар лабораторияи геология намунаҳои зиёди минералҳо ва ҷинсҳои кўҳӣ, ки барои гузарондани дарсҳои лабораторӣ заруранд, мавҷуд мебошанд. Инчунин дар лабораторияҳои нимбурда проектор ва тахтаи электронӣ насб карда шудааст.

Дар кафедра 13 нафар омузгори штатӣ ва ду нафар лаборант фаъолият менамоянд.

НАЗРИЕВ Ҳабиб Қурбонмамадович

Вазифа: мудири кафедраи фанҳои муҳандисӣ
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Гагарин 34 ҳуҷ. 22
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: 933533335
 

Корҳои илмӣтадқиқотӣ: 

Саромӯзгор Ҳ. Назриев асосан дар мавзӯи «Петрологияи системаи пегматитҳои гранитии танталдори майдони маъдании Намангут (Помири Ҷанубу Fарбӣ)» корҳои илмӣ – тадқиқотӣ мебарад. Соли 2017 дар конфронси умумирусиягӣ - байналмилалии Екатеринбург (тектонические, магматические, метаморфические факторы формирования и размещения месторождений рудных и нерудных полезных ископаемых (XVII Чтения академика А.Н. Заварицкого, 2 - 4 октября) тариқи мавзӯи “Петролого-геохимические особенности рудоносных гранитоидных серий Памиро – Тянь – Шаня” ширкату баромад кардааст.

Номгўи фанҳое, ки аз руи ихтисоси 1 - 51010102 – геология, ҷустуҷў ва иктишофӣ конҳои канданиҳои фоиданок, 1 - 510101 – геология ва ҷустуҷўи конҳои канданиҳои фоиданок, ихтисоси 1 – 70040101 - сохтмонӣ - гидротехникӣ ва тахассуси 1 – 020601 - 02 – технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ) дар кафедраи фанҳои муҳандисӣ дар соли таҳсили 2017 - 2018 дарс дода мешаванд:

Аз рӯи ихтисосҳои 1 - 51010102 – геология, ҷустуҷў ва иктишофӣ, конҳои канданиҳои фоиданок ва 1 - 510101 – геология ва ҷустуҷўи конҳои канданиҳои фойданок: 1. Геологияи умумӣ; 2. Топография бо асосҳои хариташиносӣ; 3. Минералогия бо асосҳои кристаллография; 4. Геологияи таърихи бо асосҳои палеонтология; 5. Палеонтология; 6. Геологияи структуравӣ; 7. Техникаи ҷустуҷўи ККФ; 8. Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ; 9. Минералогия; 10. Геологияи таърихӣ; 11. Петрография; 12. Геоморфология ва геологияи даври чаҳорум; 13. Геохимия; 14. Методхои лаборатории тадқиқоти минералҳо; 15. Геофизика; 16. Кофтуков ва усулҳои ҷустуҷўи ККФ; 17. Геологияи ККФ; 18. Таълимот дар бораи фатсия ва палеография; 19. Усулҳои геохимиявии ҷустуҷў; 20. Геотектоника; 21. Геологияи сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ; 22. Кори курсӣ аз фанни геологияи структуравӣ; 23. Кори курсӣ аз фанни геологияи конҳои канданиҳои фойданок;

Аз рўй ихтисоси 1- 70040101 - сохтмонӣ – гидротехникӣ: 1. Геодезияи муҳандисӣ; 2. Геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ; 2. Муқовимати масолеҳ; 3. Гидравлика; 4. Механикаи назариявӣ; 5. Масолеҳи сохтмонӣ; 6. Гидрология, гидрометрия ва танзими об; 7. Асосҳо, таҳкурсиҳо ва механикаи хок; 8. Конструксияи муҳандисӣ; 9. Ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатирӣ; 10. Истифодаи маҷмаи захираҳои об; 11. Иншооти гидротехникӣ; 12. Асосҳои илмӣ-амалии гидромелиоратсия; 13. Насосҳо ва пойгоҳи насосӣ; 14. Истифодабарии иншоотҳои гидротехникӣ; 15. Технология ва ташкили корҳои СГ; 16. Иқтисод ва менеҷменти СГ; 17. Нерӯгоҳҳои барқии обӣ; 18. Кори курсӣ аз фанни иншооти гидротехникӣ; 19. Кори курсӣ аз фанни нерўгоҳҳои барқии обӣ;

Аз рӯи тахассуси 1 – 020601 - 02 – технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ):

  1. Тенологияи масолеҳи конструксионӣ; 2. Геометрияи тасвирӣ; 3. Асосҳои нақша ва нақшакашӣ; 4. Технологияи коркарди чуб; 5. Механикаи назариявӣ;

Феълан хатмкунандагони кафедра дар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ (FOCUS), вазорату идораҳо ва коргоҳҳои  гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои ИДМ ва берун аз он ҳам кору фаъолият мекунанд.

Фаъолияти таълимӣ

Ҷараёни таълим аз рӯи фанҳои кафедра дар асоси стандарти давлатии маълумоти олии касбии Ҷумхурии Точикистон, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Точикистон аз санаи 02. 07. 2012 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад. Дар асоси стандарти мазкур аз тамоми фанҳое, ки дар кафедра таълим дода мешавад, аз рӯи силлабус (барномаи корӣ) таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Хатмкунандагони кафедра бошанд аз фанҳои тахассусӣ имтихони давлатӣ месупоранд. Яъне имтихони давлатӣ аз рӯи модели сифати таҳсилот дар асоси меъёрҳои бахогузорӣ, ки аз чониби ректори ДДХ тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

Хатмкунандагони кафедра хамчунин кори хатмкунӣ (рисолаи дипломӣ) навишта, онро дар назди Комиссияи давлатии аттестатсионӣ ҳимоя менамоянд. Мавзӯъҳои корҳои хатмкунӣ (рисолаҳои дипломӣ) асосан оид ба конҳои канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, насосҳои обкаш, дюкерҳо ва сохтмони каналҳо дар минтақаҳои ВМКБ навишта мешаванд.

Донишҷӯёни тахассуси 1 - 510101 – геология, ҷустуҷў ва иктишофӣ конҳои канданиҳои фоиданок дар давоми таҳсил намудҳои зерини таҷрибаомӯзиро мегузаронанд:

  • таълимӣ (курсҳои 1 ва 2)
  • истеҳсолӣ - касбӣ (курси 3)
  • пеш аз дипломӣ (курси 4)

Донишҷӯёни ихтисоси 1 – 70040101 - сохтмонӣ - гидротехникӣ дар давоми таҳсил намудҳои зерини таҷрибаомӯзиро мегузаронанд:

  • таълимӣ (курсҳои 1 ва 2)
  • истеҳсолӣ – касбӣ (курси 3)
  • пеш аз дипломӣ (курси 4)

Дар кафедра барои гузаронидани намудҳои зерини таҷрибаомузӣ барномаҳо ва дастурҳои методӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ таҳияву нашр гардидааст. Донишчуён тачрибаомузиро дар корхонахо ва ташкилотхои давлатӣ ва ғайридавлатӣ мегузаронанд. Донишгох бо аксари муассисахои мазкур барои тачрибаомузии донишчуён шартномахо ба имзо расонидааст.

Фаъолияти илмӣ - методӣ

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён зери унвони «Муҳандисони ҷавон» фаъолият мекунад. Максади маҳфил ин васеъ намудани дониши донишҷӯён дар соҳаи геология ва сохтмони гидротехникӣ ва ғайра мебошад.

Дар кафедра корҳои зиёди илмӣ пиёда мегардад. Аз чумла дар мавзӯъҳои «Хусусиятҳои геологӣ ва минералогии (геммологиӣ) сангҳои қиматбаҳо ва ороишии ноҳияҳои Ишкошим ва Рошткалъа (Помири ҷануби ғapбӣ)» н.и.г.м. дотсент Элназаров С., «Таъсири эрозияи бод ба ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда ва роҳҳои пешгирии он дар водии Вахони қисмати ҷанубӣ - ғарбии Помири Тоҷикистон», саромӯзгор Қадамов А., «Параметры фоного и автершокого Таджикистана» н.и.ф.м. Шозиёев Ш., ва «Техника ва реҷаи обдиҳии қатрагӣ, боғҳои себдор дар шароити ВМКБ - и Ҷумҳурии Точикистон» ассистент Шамшеров С. корҳои илмӣ - тадқиқотӣ бурда мешавад.

Дар тули фаъолияти на он қадар зиёд аз тарафи омугорони кафедра чор дастури методӣ, чор мақолаи илмӣ ва се кори методӣ нашр шудааст. Аз ҷумла,

омӯзгорони кафедра Сарадбеков Р., Қадамов А., Бахтибекова А., Хуҷаназаров М., дустурҳои методиро оид ба тадриси фанни «Истифодабарӣ ва таъмири иншоотҳои гидротехникӣ», иҷрои корҳои озмоишӣ аз фанни «Гидравлика», оид ба ҳисоби гидравликии қисмҳои иншоотҳои гидротехникӣ, дастурамал оид ба омодагӣ, гузаронидан ва дифои корҳои лабораторӣ таҳия ва нашр намуданд.

Ҳамкории илмии кафедра

Кафедра бо донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии мардумии Чин, аз ҷумла бо Донишгохи федералии Қазон ба номи В.И.Ленин, Хадамоти геологии Чин, маркази «Сиан», Пажўҳишгоҳи геология, сейсмология ва сохтмони ба зилзила тобовари Академияи илмҳои Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўъбаи меъмории Ҳукумати ВМКБ, Факултети геологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Факултети гидромелиоратсия, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди «Экспедитсияи иктишофии Помир», ширкати сохтмонии «Помирсохтмон», Идораи таъмир ва истифодабарии хоҷагии оби вилоят, Ширкати барқии «Помир энержӣ», Корхонаи воҳиди давлатии «Ҷамаст»-и назди вазорати энергетика ва саноат ва ғайра робитаҳои зичи ҳамкории илмӣ дорад.

Фаъолияти инноватсионӣ

Бо максади баланд бардоштани сифати таълим омӯзгорони кафедра машғулиятҳои худро ба таври анниматсионӣ, истифодаи проектор, мегузаронанд.

Конспекти лексияҳо, дастурҳои методӣ оид ба иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, силлабусҳо, барномаҳои таҷрибаомузй дар шакли электронӣ дар китобхонаи донишгоҳ маҳфуз мебошад.

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

Элназаров Сангин Абдумамадович

Унвони илмӣ: номзади илм, дотсент
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Ленин 138
Email:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: 935 209 973

Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ: 

Монография ва тадқиқоти илмии устод дар мавзӯъҳои “Минералогические особенности и генезис Кухилалского месторождения благородной шпинели (Юго - Западный Памир)”,Душанбе – 2016), “Генезис и гемология Кухилалского месторождения ювелирной шпинели (Юго-Западного Памира)”, Душанбинский филиал НИТУ «МИСиС» апрель 2017), “Развитие Хорогского государственного Университета имени М. Назаршоева в годы независимости”,( Горный журнал 2017 №3) дар ҳамкорӣ бо омӯзгорони ДДХ таълиф ёфтаанд.

Мавсуф ҳамчунин тариқи маърӯзаҳои «Минералогические особенности и геммологические свойства ювелирного форстерита из месторождения Кухи-Лал (Юго-Западный Памир)», (VIII Всероссийская научная конференция «Геммология» Томск 23-25 ноябрь 2017 г.), “Россыпное золото Памира, перспективы и освоения”, (Семинар на тему: Результаты геохимических работ на приграничной территории Таджикистана и Китая геология и перспективы открытая месторождения полезных ископаемых а Таджикистане, 19 - 20 октября 2017 г. Душанбе) дар конфронсу семинарҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баромад намудааст.

Шозиёев Шоҳкарим Парвонашоевич

Унвони илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Суроға: н.Шуғнон, деҳаи Турбат
Email:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  
Тел: 935801860
 

Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ:

Тадқиқоти илмии Ш. Шозиёев дар мавзӯи “Сейсмогеофизические исследования на территории Таджикистана и проблемы прогнозирования тектонических землетрясений” соли гузашта таълиф ёфт. (Геориск, Издательский центр "Геомаркетинг", 2017, № 1, с. 26 - 34). Мавзӯи “Оценка представительности данных сводного каталога землетрясений Таджикистана” бошад соли 2016 ба табъ расид. (Геофизические исследования, издательство ИФЗ РАН (М.), 2016,том 17, № 2, с. 54-65).

Ширкат дар конфронсҳои байналмилалӣ: 1).“К вопросу о режиме сейсмической активизации в обобщенной окрестности сильного землетрясения (по данным каталога Таджикистана), Девятая международная молодежная конференция «Современные техника и технологии в научных исследованиях», г. Бишкек, Кыргызстан, 27 – 28 марта 2017 г., с. 592-597. 2). “К вопросу о значениях параметра Омори в афтершоковых последовательностях землетрясений Таджикистана”, Четвертая тектонофизическая конференция в ИФЗ РАН, ИФЗ РАН, Россия, 3 - 7 октября 2016, с. 618 - 622. 3). “Анализ цикличности землетрясений Таджикистана”, Научная конференция молодых учёных и аспирантов ИФЗ РАН, ИФЗ РАН, Россия, 25-26 апреля 2016, с.75. 4).”К вопросу выполнения закона Бата по данным, полученным по наблюдениям на территории Таджикистана”, Восьмая международная молодежная конференция «Современные техника и технологии в научных исследованиях», Кыргызстан, 25 января - 26 марта 2016, с. 288-292.

Мирзоев Тавфиқ Ғоибназарович

Вазифа: муаллими калон
Суроға: ш. Хоруғ к. Ленин 157
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: 938810777
 
 

Равшанбек Сарадбеков

Вазифа: муаллими калон
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Н. Атобек 49 - 10
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: 934084597
 
 

Шербекова Лайло Шабозовна

Вазифа: саромӯзгор
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Мичурин 101
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: 937151772
 
 

Қадамов Аслам Қурбонович

Вазифа: муаллими калон
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. В. Гулмамад
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: 935380223
 

Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ:

«Стратификация и подвижность аллювиальных песков реки Пяндж на примере Вахана Ишкашимского района ГБАО», Известия Академии наук Республики Таджикистан, отделение физико - математических, химических,

геологических и технических наук №2 (163), 2016 г., «Эрозионное районированные территории по качественному воздействию ветровой эрозии на формирование ландшафта на примере долины Вахан Ишкашимского район, ГБАО», Конференсияи дуюми байналмиллалии илмию амалӣ «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм ва технология», 11 - 12 май соли 2017, Душанбе.

Шамшеров Солим Ёғибекович

Вазифа: ассистент
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Ленин 260
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  
Тел: 935919325
 
 

Назархудоев Фахрӣ Амрихудоевич

Вазифа: ассистент
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. В. Гулмамад 7
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: 936017500

Log in

create an account