Методикаи таълими ибтидоӣ

КАФЕДРАИ ПЕДАГОГИКА ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ИБТИДОӢ

Кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ моҳи майи соли 2001 дар назди факултети физика ва риёзӣ таъсис дода шуда, дар он беҳтарин омӯзгорони ДДХ ба таълиму тардрис ҷалб гардиданд. Маҳз ҳамин сол муаллимаи калони факултети физика ва риёзӣ Муминамо Лаълбекова мудири кафедраи мазкур таъин гардид.

Соли 2006 ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ Сайёра Алихонова дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикӣ - грамматикии зарбулмасалу мақолҳои забони шуғнонӣ» таҳти роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Шодихон Юсуфбеков рисолаи номзадиро сарбаландона ҳимоя намуд ва аз соли 2007 то ин ҷониб дар вазифаи мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ  кор мекунад.

Log in

create an account