Биоэкология ва туризм

КАФЕДРАИ БИОЭКОЛОГИЯ ВА ТУРИЗМ

Кафедраи мазкур дар заминаи кафедраҳои ботаника ва физиологияи растаниҳову ботаника, ки солҳои 2005 - 2014 фаъолият намуданд, таъсис дода шудааст.

Таълиму тақвияти ихтисосҳои ба кафедра тааллуқдошта ҳамчун фан дар ҳайати кафедраи биологияи умумӣ аз соли 1992 шурӯъ гардид.

Соли 2005 дар заминаи кафедраи биологияи умумӣ кафедраи ботаника ташкил шуда, мудирияти онро то соли 2007 ва солҳои 2009 - 2014 доктори илмҳои биологӣ Довутшо Наврузшоев бар зимма дошт.

Аз соли 2007 то 2009 номзади илмҳои биологӣ, досент Таҳмина Саодатқадамова ба сифати мудири ин кафедра кору фаъолият намуд.

Солҳои 2014 - 2016 бошад мудирияти он бар ўҳдаи доктори илмҳои биология, узви вобастаи Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ профессор Акбар Мамадризохонов гузошта шуда, маҳз бо пешниҳоди ў номи кафедра ҳам тағйир ёфт.

Феълан кафедра бо номи Биоэкология ва туризм фаъолият дошта, аз моҳи сентябри соли 2016 то инҷониб мудири кафедра муаллими калон Ҳалим Карамхудоев мебошад.

КАРАМХУДОЕВ  Ҳалим Елчибекович
Вазифа: мудири кафедраи биоэкология ва туризм
Суроға: 736002, шаҳри Хоруғ, к. Ҷомӣ 9
Тел: (992) 2 – 23 – 40            

Корҳои илмӣ – методӣ:

“Туризми экологӣ ва дурнамои рушди он дар минтақаҳои куҳӣ”, “Омӯзиши тарафҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва захираҳои туристӣ - рекратсионии митақаҳои куҳӣ” (дар мисоли ВМКБ - и Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳ. Карамхудоев муаллифи зиёда аз 15 корҳои илмӣ – методӣ мебошад. Мақолаҳои илмии устод дар маҷаллаҳои гуногуни ватанӣ аз чоп баромада, таҳти роҳбарии ӯ даҳҳо рисолаҳои хатм дифоъ шудаанд.

Айни замон дар кафедра як нафар доктори илм аз ҷумла профессор А. А. Мамадризохонов, чор номзади илм: досент Т. Саодатқадамова, А. Баҳромов, Г. Хучаназарова, Д. Ғуломнабиев; чор муаллими калон: Г. Мамадёрбекова, Ҳ. Карамхудоев, С. Давлатбекова, Л. Нусайриева ва ассистентон Ш. Шоиков, Р. Назарбекова, М. Содатқадамова, А. Холмамадов, Ф. Қаландарбекова, Г. Таваккалова,  З. Рақамова, Н. Риҷабеков кору фаъолият доранд.

Аҳли кафедра бо мақсади омӯхтани таҷрибаву ҳамкориҳои мутаносиб бо кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи география ва туризми Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон, кафедраи география ва туризми Донишгоҳи давлатии Кўлоб, кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳҳои илмии биологиӣ Помир ботаникаи АУ Ҷумҳури Тоҷикистон, кафедраи биохимия ва физиологияи растаниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Боғи ботаникии Бишкеку Алма – Ато иртиботи таълимӣ – илмӣ дорад. Инчунин устодону донишҷӯёни шуъбаи сайёҳат ва меҳмондории кафедра бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Асотсиатсияи экофарҳангӣ – сайёҳии Помир ҳамкории зич доранд.                            

Корҳои таълимӣ – услубӣ

Бо мақсади такмилу тақвият бахшидани таълим ва тарбия, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён дар кафедра корҳои услубӣ мунтазам ба роҳ монда шудаанд. Машғулиятҳои назариявӣ, лабораторию амалӣ, таҷрибавӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ, дастовардҳои илмии табиатшиносӣ, таҷрибаҳои бомуваффақият гузаронида мешаванд.

Барои машғулиятҳои мустақилона ва аттестасияи донишҷӯён шароиту воситаҳои аёнии лозима муҳайё мебошанд. Мавзӯъҳои кори хатму курсӣ аз рӯи талаботи имрӯзаи истеҳсолот тартиб дода шудаанд. Сифати дарсдиҳӣ дар кафедра бо ҳамдигарсанҷии муҳассилин ва иштироки мудири кафедра дар дарсҳо назорат карда мешавад. Таҳти роҳбарии устодони кафедра даҳҳо рисолаҳои хатм бо баҳои хубу аъло ҳимоя  шуданд. Бисёр рисолаҳо аз лиҳози илмӣ арзанда буда, аз тарафи комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои ба аспирантура ва магистратура  дохил шудан тавсия шуданд.

Устодони кафедра пайваста дар конфронсҳои илмию услубӣ оид ба масоили гуногуни макотиби олӣ баромад намуда, норасоиву дастовардҳои донишгоҳро муаррифӣ мекунанд.

Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2014 дар кафедра маҳфили «Географ - сайёҳони ҷавон» ба фаъолият оғоз намуд. Аъзоёни он аз байни беҳтарини донишҷӯёни шуъбаҳои география ва туризм, устодони соҳаву мувофиқи барномаи мазкур чорабиниҳои илмӣ, маърифатию амалӣ гузаронида истодаанд.

Бо мақсади ёрии амалӣ расонидан ба донишҷӯён, баҳри аз худ намудани маводи таълимӣ аз тарафи устодон даҳҳо дастурҳои услубӣ барои иҷроиши  корҳои назоратӣ, курсӣ, хатми тахассусӣ, мустақилона ва инчунин китобҳои таълимию дастурҳои методӣ ба забони тоҷикӣ таълиф ёфтанд. Бо муаллифии собиқ роҳбари кафедра профессор Г. Раҳмихудоев китобҳои «Экология», «Биотехнология», «Физиология»,  «Биохимияи растаниҳо» ва профессор А. А. Мамадризохонов адабиётҳои «Экотуризм дар минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон», «Экотуризм», «Ташкили фаъолияти экотуристӣ», «Настаранҳои Помири  Ғарбӣ», «Рустаниҳои витаминдори Бадахшон», «Хусусиятҳои биологии настаранҳо дар шароити Бадахшони кўҳӣ» аллакай ба табъ расиданд. Инчунин, Д. Наврузшоев таҳти унвони «Растаниҳои муҳими доругии Бадахшон», «Набототи Бартанг», «Парвариши ниҳолҳо дар ниҳолхонаҳо барои сабзагардонии  Осиёи Марказӣ», С. Шомансуров перомуни  «Обҳои геотермалии Бадахшон ва истифодабарии онҳо» ва Т. Саодатқадамова оид ба «Хусусиятҳои морфобиологии зардолуҳои Помири Ғарбӣ» китобҳоро ба табъ расонидаанд.

Корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ

  Самти фаъолияти корҳои илмӣ - тадқиқотии кафедра асосан бо мушкилоти  такмили минбаъдаи усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокии  растаниҳои маданиву шифобахш, таъсири устувории омилҳо, аз ҷумла нурҳои ултрабунафш ба сабзиши растаниҳо, рроблема ва перспективаи рушди туризм дар шароити кӯҳистони Помиру ғайра алоқаманд аст.

Бо иқдоми устодони кафедра корҳои гуногуни илмӣ аз чоп баромаданд. Аз ҷумла монографияҳои профессорон А. Мамадризохонов, Д. Наврузшоев, Г. Раҳмихудоев оид ба «Настаранҳои Помири Ғарбӣ», «Хусусиятҳои биологии настаранҳо дар шароити Бадахшони кўҳӣ», «Набототи Бадахшон», «Растаниҳои доругии Бадахшон», «Технологияи кишти зироати Марҷу (гречка) дар Тоҷикистон» ва дотсент Т. Саодатқадамова дар хусуси «Зардолуҳои  Помири Ғарбӣ» нашр гардиданд. Дар маҷмуъ бо қалами устодони кафедра зиёда аз 500 номгӯйи мақолаҳои илмию услубӣ ба табъ расиданд. 

Корҳои тарбиявӣ

Дар баробари корҳои таълимӣ услубию илмӣ ҳамзамон чорабиниҳои ташкилӣ – тарбиявӣ оид ба фаъолияти фаъолонаи донишҷӯён, корҳои тарбиявӣ бо ибтикори омӯзгорон, бахусус сарпарастони гурӯҳҳо мунтазам роҳандозӣ мешаванд.

Баҳри баланд бардоштани маданияти сиёсии донишҷӯён низ омӯзгорон диққати махсус медиҳанд. Сарпарастони кафедра бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаҳои мухталифи факултети биология таҳсил менамоянд, дар мавзӯъи «Тарбияи истеъдоди табиӣ ва мактаб  дар густариши ваҳдати миллӣ» пайваста сӯҳбату мулоқот мегузаронанд.

Инчунин бо иштироки  кормандони ҳифзи ҳуқуқ, намоядагони бахши оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ  роҷеъ ба мавзӯъҳои «Одобу рафтори хамидаи инсонӣ дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва тарбияи ҷавонон» вохӯриҳо доир мегарданд.

Маҷмӯи нақшаи тарбиявии кор бо донишҷӯёни кафедра ҳам мувофиқи маром тарҳрезӣ шуда, он ба тарбияи муҳассилин дар рӯҳияи коллективизму ватанпарварӣ мусоидати хуб мекунад.

Баҳри тарбияи ахлоқию эстетикии донишҷӯён соатҳои махсус ҷудо гашта, дар он маърӯзаҳо оид ба этика ва эстетика, мусиқӣ, рассомӣ ироя мешаванд. Ҳамзамон бо аҳли қалам, шоирон, нависандагон, иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ, собиқадорони меҳнат мизи мудаввар ва вохӯриҳои гуногун ташкил карда мешавад.

ҲАЙАТИ ОМЎЗГОРОН

Мамадризохонов Акбар Алихонович
Унвони илмӣ: доктори илми биология, профессор
Вазифа: декани факултаи биология
Суроға: ш. Хоруғ, к. Қ. Қурбонҳусейн
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. 
Тел:  93 598 45 63      

Сфера научных интересов: экономика рекреационных территорий, устойчивое развитие туристских дестинаций. Научные труды и учебно-методические издания: Устойчивое развитие горной туристской дестинации г. Сочи: Глобальные и региональные проблемы и пути их решения (в соавторстве); Методическое обеспечение и проведение исследований в сфере туризма (в соавторстве).

Содатқадамова Таҳмина Мабатқадамовна
Унвони илмӣ: номзади илмҳои биологӣ, дотсент
Вазифа: ноиби ректор оид ба илм ва новатсия
Суроға: ш. Хоруғ, к. Атобек 49
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: 93 583 46 19

Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ:

Оид ба «Хусусиятҳои морфобиологии зардолуҳои Помири Ғарбӣ» ва «Зардолуҳои  Помири Ғарбӣ» китобу монографияи муаллима таълиф ёфтанд.

Бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарафароз гардонида шудааст.

***

Хуҷаназарова  Гулбахт Султонназаровна
Унвони илмӣ: номзади  илмҳои  биологӣ
Вазифа: саромӯзгор
Суроға: ш. Хоруғ, к. У. Холдоров 5/3
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: 93 809 67 67

Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ:

Муаллима муаллифи зиёда аз 52 корҳои илмӣ - тадқиқотӣ, мақолаву фишурдаҳои илмӣ ва як монография дар мавзӯи «Таъсири нурҳои ултрабунафш ба сабзиш, инкишоф ва анатомияи растаниҳо дар шароити баландкӯҳи Помир» мебошад. Инчунин, бо қалами ӯ мақолаҳои илмӣ – оммавӣ низ ба табъ расидаанд.

Қаландарбекова Фируза Саъдуллоевна
Вазифа: ассистент
Суроға: ш. Хоруғ, к. Ш. Шотемур
Тел: 93 432 67 40
 
 
 

Назарбекова Рамзия Мараматшоевна
Вазифа: ассистент
Суроға: ш. Хоруғ, к. А. Айёмбеков
Тел: 93 852 11 35
 
 
 

Мамадёрбекова Гулчеҳра Алиёрбековна
Вазифа: саромӯзгор
Суроға: ш. Хоруғ, к. Деҳотӣ 75
Тел: 93 501 31 80
 
 
 

Давлатбекова Суҳайло Худоёрбековна
Вазифа: муовини декани факултети биология оид ба таълим
Суроға: ш. Хоруғ, к. Айнӣ 28
Тел: 93 840 84 84
 
 
 

Дустмамадова Гулсара Ҷангиевна
Вазифа: асситент
Суроға: ш. Хоруғ, к. кўчаи Иҷубов 205
Тел: 93 558 83 83
 
 
 

Мирасанова Васият Сарадбековна
Вазифа: танзимгари факултети биология
Суроға: ш. Хоруғ, к. Сафармамад 24
Тел: 50 116 17 04
 
 
 

Ниҳолова Гулреза Қиматшоевна
Вазифа: котибаи кафедраи биология
Суроға: н.Шуғнон
Тел: 50 184 05 49
 
 
 

Нусайриева Лола Гулҷоновна
Унвони илмӣ: номзади илми кишоварзӣ
Вазифа: муаллимаи калон
Суроға: ш. Хоруғ, к. У. Холдоров 8
Тел: 93 520 76 31
 
 

Рақамова Заррина Риҷаббековна
Вазифа: ассистент
Суроға: ш. Хоруғ, к. Айёмбеков
Тел: 93 852 11 35
 
 
 

Симоилбеков Асрор Музофирович
Вазифа: ассистент
Суроға: н. Роштқалъа
Тел: 50 187 03 33
 
 
 

Риҷабеков Нозир Риҷабекович
Вазифа: ассистент
Суроға: н. Роштқалъа
Тел: 50 116 56 93
 
 
 

Муслима Содатқадамова
Вазифа: ассистент
Суроға: ш. Хоруғ, В. Гулмамдов 52
 
 
 

Тавакалова Гулазор Пайшанбиевна
Вазифа: ассистент
Суроға: ш. Хоруғ, к. Миликбеков
Тел: 93 464 46 87
 
 
 

Холмамадов Асад Авобекович
Вазифа: ассистент
Суроға: ш. Хоруғ, А. Мамадназар
Тел: 93 511 53 54
 
 
 

Шоиков Шамсиддин Маҷнунович
Вазифа: саромӯзгор
Суроға: ш. Хоруғ, М. Иҷубов 20
Тел: 93 408 45 07
 
 

Log in

create an account