Забонҳои шарқ

КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ

Шуъбаи забонҳои шарқ (бахшҳои забони форсӣ ва арабӣ) бо таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар доираи кафедраи забони тоҷикӣ фаъолият карда, аз соли 2004 бо ҷудо шудан аз факултети  филология ҳамчун кафедраи алоҳидаи забонҳои шарқ ба кор шурӯъ кард. Дар ин айём мудири кафедра д. и. ф. профессор Юсуфбеков Ш. таъйин гардида, дар пешрафти он саҳми арзанда гузошт.

Равияи асосии илмии кафедра тадқиқи масоили луғатшиносӣ, сарфу наҳви забонҳои эрониву помирӣ ва инчунин адабиёти эрон мебошад, ки омўзгорон вобаста ба ҳамин равия дар ҳаллу фасли масоили лексика, фразеология, хусусиятҳои луғавии осори адибони ҷудогона ва сарфу наҳви забонҳои эронӣ ва лаҳчаҳои помирӣ сайъю талош доранд.

Дар кафедра масъалаҳои «Грамматикаи забонҳои помирӣ», «Лексикаи рӯзгордорӣ дар муқоисаи забонҳои помирӣ», «Фразеологизмҳои забонҳои помирӣ», «Истифодаи оятхои Қуръонӣ дар ашъори Носири Хусрав», «Ифодаи маъноҳои зиёдӣ дар романи "Фирдавсӣ" - и Сотим Улуғзода», «Ифодаи маъноҳои зиёдӣ дар забони тоҷикӣ», «Ономастикаи қасоиди Носири Хусрав», «Лексикаи динӣ дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ», «Лексикаи сохтмонӣ дар забони шуғнонӣ» ва «Корбурди вожаи май дар ашъори шоирони классикӣ» мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.

Аз соли 2012 то 2014 сарварии кафедраро муаллими калони он Ҷумъа Беҳронов бар ӯҳда дошт. Аз моҳи сентябри соли 2014 то ҳозир мудири кафедра саромӯзгор Сӯхроб Мирзошоев мебошад.

МИРЗОШОЕВ Сӯҳроб Яздоншоевич
Вазифа: мудири кафедраи забонҳои шарқи ДДХ
Суроға: шаҳри Хоруғ, кӯчаи К. Шонасим
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: 93 551 08 16 

Аз оғози фаъолияти кафедра устодони соҳибтаҷриба аз ҷумлаи Шодихон Юсуфбеков, Шозодамуҳаммадов Ш, Абӯсаид Шохуморов, Отамшо Маҳтобшоев, Ҳаким Элназаров, Шагарф Муллоабдолов ба таълиму тадрис машғул буданд. Баъди омӯзгорони номбурда шогирдону даспарварони аввалинашон Ҳоким Зулфиқоров, Назархудо Дастамбуев, Манижа Давлатмирова, Нурмуҳаммадшоҳ Нурмухаммадшоев,  Шаҳло Некушоева ва дигарон ин рисолати некро идома дода, беҳтарин муҳассилинро тарбия намудаанд.

Феълан шогирдону даспарварони кафедра на танҳо дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он дар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба кору фаъолият ҷалб гаштанд. Маҳз хатмкунандагони бахш дар донишгоҳҳои ҷаҳонии ғарбу шарқ рисолаҳои номзадӣ ва докториро сарбаландона ҳимоя карда, аҳли ДДХ бо онҳо мефахранд. Дар ҳайати чунин дастпарварон Отамбек Мастибеков, докторанти Институти мутолиоти Лондон, Сабзалӣ Сабзалиев, корманди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Нурмуҳаммадшоев Н, докторанти Донишгоҳи Торонто, Отиф Сомиддинов, корманди яке аз бахшҳои созмони AKDN – и Душанбе, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он соҳиби эҳтироми хосанд.

Дар баробари чунин фарзандони соҳибэътибори мамлакат ва дастпарварони кафедра н. и. ф. Булбулшоев Умед, Мародасейнова Таҳмина, Шонасимова Шаҳрбону, Гадомамадова Латофат, Донаёров Дониш, Шоламов Саидазиз, Зоолшоев Саидвалӣ, Зулфия Лашкарбекова, Назираи Амирбек, Очимамадов Худоназар, Айнуллоев Манучехр, Кандиков Маъруф, Саидошуров Шералӣ, Шомуродов Муқимшо, Алимуҳаммадов Алимухаммад, Сафо Алиназарзода, Маназаршоев Манзаршо ва дигарон дар мақомҳои роҳбарикунандаи идораҳои давлативу ғайридавлатӣ ба кор ҷалб шуда, дар пешрафти кишварамон ҳиссагузоранд.

Инчунин, хатмкунандагони кафедра, Некушоева Ш., Ақдодова М., Ҷумъаева Б., Қамбаров Н., Балхов З., Диловаршоев М., Муборакшоева М., Мирзошоев С ҳоло ба таълиму тадрис машғуланд.

Ҷанбаи илмии кафедра ҳам аз ҳар ҷониб устувор буда, омӯзгорону унвонҷӯёни он Булбулшоев У., Некушоева Ш., Ҷумъаева Б, Мирзошоев С., Шафтолиев А., Диловаршоев М. низ рисолаи илмии худро ба итмом расонида, Беҳронов Ҷ. ва Қамбаров Н. рисолаҳои номзадиро ҳимоя намудаанду соҳиби унвони номзади илм гардиданд .

Устодони кафедра ҳар сол дар конфронсияҳои илмӣ – тадқиқотии ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, бо мавзўъҳои гуногуни актуалӣ баромад мекунанд.

Ҳамчунин, омӯзгорон бо донишкадаҳову донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  донишгоҳи давлатии Санкт – Петербург ва Институт тадқиқотҳои лингвистии Санкт – Петербурги Федератсияи Русия равобити назаррас доранд. Аз солҳои қаблӣ то инҷониб дар назди кафедра “Утоқи Эрон” фаъолият менамояд, ки дорои таҷҳизоту адабиёти ҷавобгӯ ба талаботи замон  аст.

ҲАЙАТИ ОМЎЗГОРОНИ КАФЕДРА

Юсуфбеков   Шодихон   Парвонаевич
Суроға: ш. Хоруғ, к. Ленин 27
Унвони илмӣ: доктори илмҳои филология, профессор
Тел: 93 461 41 95

Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ: 

Ш. Юсуфбеков кори илмии худро ба «Грамматикаи забонҳои помирӣ» бахшида, як рисолаи илмиро дар маҷаллаҳои илмию рўзномаҳои даврӣ таълиф намуд ва беш аз 16 мақоларо ба нашр пешбарӣ кард, ки аксари онҳо аллакай аз чоп баромаданд. Ҳамин тавр устод дар конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, дар хусуси мавзӯъҳои “Помиршиносӣ” баромад кардааст. Хушбахтона, чанде қабл китоби устод бо номи «Забони санглечӣ» ба забони русӣ дар се ҷилд омода гардида, ҷилди аввали он аллакай ба табъ расидааст. Мақолаҳои илмии устод дар маҷаллаҳои хориҷ аз ҷумҳурӣ, Институти тадқиқотии Ленинград бахшида ба 100 - солагии Иванов ва инчунин нашрияҳои дигари хориҷӣ аз чоп баромаданд.

Аламшоев Муқбилшо Мирзовафоевич 
Суроға: н. Роштқалъа, ҷамоати М. Миршакар
Унвони илмӣ: доктори илмҳои филология, профессор
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: 909006988, 934520925

Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ: Устод М. Аламшоев ҳоло дар мавзўи «Мушкилоти тарҷумаи баъзе масъалаҳои забонҳои помирӣ» тадқиқот мегузаронад. Ӯ оид ба ин мавзўъ мақолаҳои зиёдро ба табъ расонидааст ва феълан китоби луғат марбут ба калимаҳои рӯзгордории забонҳои помириро омодаи чоп намуд. Ҳамчунин мақолаи илмии «Лексикаи  соҳавии забони  шуғнони» - и мавсуф таълиф ёфтааст.

 Беҳронов Ҷумъа Саидюёевич
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Қ. Шонасим
Унвони илмӣ: номзади илмҳои филология
Тел: 93 597 27 74

Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ: 

Ҷ. Беҳронов мавзӯи “Истифодаи оёти Қуръонӣ дар ашъори Носири Хусрав”- ро мавриди таҳқиқ қарор дода, оид ба он 9 мақоларо навиштааст, ки аз онҳо ду мақола дар маҷаллаи «Ахбор» - и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Ахбор» - и Институти илмҳои гуманитарӣ чоп шудаанд. Номбурда дар конфронсҳои гуногунӣ байналмилалӣ ширкату баромад намуда, фишурдаи мақолаи ӯ омодаи таълиф аст. Мавзӯи “Мавқеи ҳадис дар ашъори Носири Хусрав”- и устод дар маҷаллаи «Помиршиносӣ» ба табъ расидааст.

Балхов Зафар Замонович
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Киров 78
Тел: 93 504 13 17

Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ:

З. Балхов дар мавзӯи “Хусусиятҳои феъл дар забони арабӣ” таҳқиқот гузаронида, оид ба он мақолаҳои илмиро омодаи чоп намудааст. Таи чанд соли охир ба маҷаллаҳои илмиву рўзномаҳои даврӣ  панҷ мақоларо пешниҳод намуд, ки аз онҳо як мақола аллакай таълиф ёфт. Маводи илмии мавсуф бо унвони «Взгляд на аспекты исмаилитских знании»: «Отношение исмаилизма с суфизмом» ба табъ расидааст.

Диловаршоев  Манзаршо Муқайиршоевич
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Аёмбеков 50
Тел: 50 144 79 75

Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ:

Феълан ду мақолаи илмии устод омодаи чоп мебошанд. Инчунин «Фалсафаи нур дар оини зардуштӣ» ва «Мавқеи фалсафии нур дар ашъори Ҷалолиддини Румӣ» аз номгӯи мақолаҳои илмии ӯ махсуб мешаванд.

width=

Қамбаров  Ниёзалӣ Чоршанбиевич 
Унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Карамшоев
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Тел: 934 084 601

Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ:

Дар мавзўи «Корбурди май дар ашъори шоирони классикӣ” таҳқиқоти илмиро пеш мебарад. Давоми солҳои охир Қамбаров Н. ба маҷаллаҳои илмиву рўзномаҳои даврӣ чор мақоларо пешниҳод намуд, ки аз онҳо ду мақола аллакай чоп шудаанд. Дар конфронси илмӣ - методии устодон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев бахшида ба «13 - солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ» бо маърўза баромад карда, баҳри идомаи корҳои илмии хеш устод ба Донишгоҳи давлатии Душанбе барои коромӯзии илмӣ муддати нӯҳ моҳ сафарбар гашт. Маводи илмии устод зери унвони «Соқинома»-и Маликушшуарои Баҳор”  дар нашрияи “Паёми Донишгоҳи Хоруғ” таълиф ёфтааст.

Ақдодова  Малика Назарбековна
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Н. Қурбонасейн 29
Тел: 93 579 99 52
 
 
 
 

Муборакшоева Малика Шоғунҷонова
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. В. Гулмамадов
Тел: 50 208 58 49
 
 
 
 

Холиқназарова Афсона Навбаҳоровна 
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. С. Насиллобек

Log in

create an account