Тарбияи ҷисмонӣ

КАФЕДРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

Аз рӯзи аввали фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хоруғ, яъне аз сентябри соли 1992 то соли 1994 фанни тарбияи ҷисмонӣ шомили кафедраи фанҳои таббиӣ - илмӣ буд. Аз моҳи сентябри соли 1994 бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳ кафедраи тарбияи ҷисмонӣ кушода шуд.

Соли 2011 бо қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ  шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ дар назди факултаи физика ва МТИ бо фарогирии 28 нафар донишҷӯён таъсис ёфт. Дар соли 2012 шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ бо фарогирии 80 нафар донишҷӯён кушода шуд. Соли 2013 бошад дар шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодаги дифои ҳарбӣ зиёда аз 120 донишҷуён таҳсил карданд.

АСАНШОЕВ Саидорис Мамадорисович
Вазифа: мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. В. Гулмамад 54, хонаи 12
Тел: 93 415 48 75

 

Давоми 20 соли фаъолияти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ дар соҳаи илмӣ омӯзгорон чор китоб, зиёда аз 20 мақола ва мавзӯъҳои методиро ба нашр расонидаанд. Дар заминаи таъсиси кафедра ва ҷидду ҷаҳди омӯзгорон як нафар устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 42 устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 34 номзад ба устоди варзиш ва зиёда аз 145 варзишгарони дараҷаи варзишии 1, 2, 3 тарбия ёфтанд.

Фаъолияти пурсамари устодони кафедра аз ҷумла номзади илми педагогика Бекназар Мавлоназаров, муаллимони калон Саидорис Асаншоев, Ҷумъа Ширинов, Аҳмадбек Хушқадамов, Шакармамад Атомамадов, Мамадшафӣ Аноятов, Султоназар Бекназаров, Нозим Султоншоев, Алиёр Мародбеков ва ассистентҳо Гадомамад Гадомамадов, Авзалшо Муборакшоев, Нуралӣ Қурбоналиев, Асалбек Каримдодов, Амунулло Раҳматуллоев, Зиёратмо Бандалиева дар кори таълиму тарбияи донишҷуён назаррас аст.

Рӯйихати мудирони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ аз солҳои қаблӣ то ҳозир:

  1. Ҷумъа Ширинов аз соли 1994 то 2000
  2. Бекназар Мавлоназаров аз соли 2000 то 2004
  3. Ҷумъа Ширинов аз соли 2004 то 2007
  4. Саидорис Асаншоев аз соли 2007 то инҷониб.

Фаъолияти устодон асосан ба таълиму тарбияи донишҷӯён ва пешбурди корҳои варзишӣ равона  шудааст. Давоми солҳо барои тақвият бахшидани соҳаи варзиш кафедра натанҳо дар худи Донишгоҳ, балки то сатҳи вилояту ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошт.

Дар спартакиадаи якуми занона, ки соли 1999 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд, 80 фисади дастаи яккачини вилоятро донишҷуёни ДДХ ташкил медоданд, яъне дар он иштирокдорон аз рӯи намудҳои шоҳмот, волейбол, варзиши сабук байни ҳам рақобат карда, дар натиҷа донишҷуёни Донишгоҳи Хоруғ ҷойҳои якумро ба даст оварданд.

Дар спартакиадаи якуми халқҳои Тоҷикистон, ки соли 2001 дар Душанбе баргузор шуда буд, донишҷуёни мо аз намудҳои волейбол ва (мардонаву занона), варзиши сабук ғолибиятро соҳиб шуданд.

Моҳи май соли 2002 дар маркази ҷумҳурӣ спартакиадаи ҷавонону донишҷӯёни Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар мусобиқаи ниҳоӣ донишгоҳи мо аз рӯи 12 намуди варзишӣ, яъне дар ҷамъбасти ҳайати даставӣ бо 971 хол сазовори ҷои дуюм гашт. Аз намуди шоҳмот бошад (мардонаву занона) мураббӣ С. Асаншоев, аз рӯи волейбол (занона ва мардона) Б. Мавлоназаров, Н. Ашурмамадов, варзиши сабук (мардонаву занона) мураббӣ М. Мазорбонов ҷои аввалро ишғол намуданд. Дар намуди баскетбол (мардонаву занона) мураббӣ Г. Дилдорбеков, омӯзгор А. Хушқадамов ҷои дуюм ва аз намуди дартс бошад мураббӣ Ҷ. Ширинов зинаи сеюмро касб намуданд.

Ҳамчунин дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 15 - умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони Донишгоҳ 6 - медали тилло, 8 нуқра ва 14 биринҷиро соҳиб шуданд.

Моҳи май соли 2005 дар спартакиадаи донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба низ муҳассилини Донишгоҳи Хоруғ сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Азҷумла дар бозии волейболи занонона донишҷӯён ҷойи якум, мардона зинаи дуюм, боксу ҷудо ва варзиши сабук ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Дар намудҳои алоҳида донишҷуён ҷойҳои намоёнро ишғол карда, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷиро сазовор шуданд. Ҳамзамон 12 нафар донишҷуён сазовори унвони Устоди варзиши ҷумҳурӣ гардиданд.

Чор нафар муҳассилини мо дар бозии даври ниҳоии мамалакатҳои мусулмон аз рӯи волейбол, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гузашта буд, дар ҳайати тими яккачини кишвар баромад намуданд ва натиҷаҳои хубро нишон доданд.

Ҳамин тавр, донишҷуёни курси 3 - и шуъбаи геология чанде пеш дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Хуҷанд, ки аз намуди бокс гузаронида шуд, ширкат доштанд. Аз байни онҳо Мададӣ Нағзибеков ҷои дуюм гирифта, сазовори унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон гашт.

Солҳои 2007 – 2012 ҳам варзишгарони Донишгоҳ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карданд. Аз ҷумла Лоиқ Холиқназаров аз намуди варзиши сабук, Ораз Авзалшоев аз рӯи бокс, С. Шукриков варзиши сабук, Хуррам Заробеков гӯштини самбо, Ҳабиб Мародасейнов ва Хурсанд Худододов аз намуди бокс, Хушбахт Қурбонмамадову Синавбар Шанбиев ҷудо ва Соҳибҷамол Рақамоваву Хусрав Ҷумаев аз рӯи шоҳмот дар сабқатҳои байналмилалӣ натоиҷи хубро соҳиб шуданд.

Давоми солҳои 2012 – 2013 варзишгарони донишгоҳ дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои номоён гардиданд. Аз миёни онҳо соли 2012 Ораз Авзалшоев чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди бокс гашта, соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалии  шаҳри Алматои Қазоқистон  сазовори зинаи ифтихории сеюм шуд.

Дар соли 2013 Дидоралӣ Азизуллоев дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Бишкек ҷумҳурии Қирғизистон иштирок карда, мақоми дуюмро ба даст овард. Маҳз ҳамин сол волейболбозони Донишгоҳ, яъне тими духтарона таҳти сарварии дотсенти кафедра Б. Мавлоназаров чемпиони кишвар гардиданд.

Инчунин бахшида ба 20 - солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз рӯи нақшаҳои тақвимӣ ва чорабинҳои варзишӣ мусобиқаҳо аз рӯи шоҳмотбозӣ, тенниси рӯи миз, футбол, футболи хурд, волейбол, баскетбол ва гуштингирӣ гузаронида шуд. Моҳи феврал соли 2013 дар спартакиадаи Донишгоҳ байни факултаҳо, омӯзгорон ва дигар кормандони Донишгоҳ бозиҳо аз намуди волейбол, тенниси рӯи миз, дастхобонӣ ва дартс гузаронида шуда буд, ки яке аз беҳтарин чорабиниҳои сатҳи донишгоҳ арзёбӣ гашт.

ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОН

Мамадшафӣ Аноятов
Вазифа: саромӯзгор
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Охонҷон 24
Тел: 93 931 82 20
 
 
 

Бекназар Мавлоназаров
Вазифа: дотсент
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Г. Имроншо 37
Тел: 93 517 41 23
 
 
 

Султоншоев Нозим Наврузбекович
Вазифа: муаллими калон
Суроға: ноҳияи Шуғнон, ҷамоати Сучон, деҳаи Барсем
Тел: 501 44 00 98
 
 
 

Ҷумъа Ширинов
Вазифа: саромӯзгор
Суроға: шаҳри Хоруғ, маҳалаи М. Додихудоев 91, ҳуҷраи 24
Тел: 93 501 02 54
 
 
 

Бандалиева Зиёратмо Мастибековна
Вазифа: ассистент
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Бадахшон 16
Тел: 507 77 83 05
 
 
 

Каримдодов Асалбек Окимбекович
Вазифа: ассистент
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Ҷомӣ, хонаи 4
Тел: 93 825 44 17
 
 
 

Раҳматуллоев Амунулло Азизуллоевич
Вазифа: ассистент
Суроға: ноҳияи Шуғнон, ҷамоати Поршинев, деҳаи Барчид
Тел: 93 514 88 21
 
 
 

 

Муборакшоев Авзалшо Нуралишоевич
Вазифа: ассистент
Суроға: ноҳияи Шуғнон, ҷамоати Сучон, деҳаи Даштак
Тел: 93 809 91 62
 
 

Қурбоналиев Нуралӣ Ёралиевич
Вазифа: ассистент
Суроға: ноҳияи Шуғнон, ҷамоати Сучон, деҳаи Боғев
Тел: 93 847 95 05
 
 

Гадомамадов Гадомамад Орузумамадович
Вазифа: ассистент
Суроға: шаҳри Хоруғ, к. Бадахшон 25
Тел: 93 516 17 28
 
 

Мародбеков Алиёрбек Нафасбекович
Вазифа: муаллими калон
Суроға: шаҳри Хоруғ, М. Додихудо 13 
Тел: 93 569 73 68

Log in

create an account