Донишгоҳи мо
Аз оғоз то иқдоми устувор
Кадрҳои баландихтисосу ҷавобгӯи талаботи давр
Низоми кредитӣ
Пойгоҳи моддӣ - техникӣ
Фаъолияти илмӣ - тадқиқотӣ
Хобгоҳҳо
Донишгоҳ дорои ду бинои хобгоҳи замонавӣ буда, дар соли таҳсили 2020-2021 489 нафар донишҷў дар он истиқомат мекунанд, ки аз ин шумора 333 нафар ҷавондухтарон (58 нафар тибқи квота) ва 156 нафар ҷавонписарон (17 нафар тибқи квота) буданд. Донишҷўёни фаъол пайваста дастгирӣ ёфта, бо стипендия таъмин карда мешаванд. Аз ҷумла, се нафар гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2019 - 2020, ду нафар стипендияи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, ду нафар нафар гирандаи стипендияи «Дӯстӣ» аз ҳисоби фонди «Ман Тоҷикистонро дўст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-семент», стипендия аз ҳисоби фонди Оғохон панҷ нафарро ташкил медиҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар донишгоҳ тариқи квотаи Президентӣ 364 нафар таҳсил менамоянд, ки аз тарафи Раёсати донишгоҳ ҳаматарафа дастгирӣ меёбанд.
Робитаҳои байналмилалӣ
Муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ бо мамлакатҳои хориҷӣ мустаҳкам буда, хатмкардагони донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Англия, ИМА, Олмон ва дигар давлатҳо таҳсилро идома дода, соҳиби дараҷаи номзади илм, доктори илм ва магистр гардидаанд. Ҳамзамон Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо 10 лоиҳа ҳамкорӣ карда истодааст. Донишгоҳ аз рўи барномаи Эразмус +бо 3 лоиҳа: (UNICAC) “University Cooperation for Knowledge Transfer in Central Asia and China”, (HiEdTec) “Модернизатсиякунонии системаи мактабҳои олӣ дар Осиёи Миёна бо истифодаи техника ва технологияи муосир” кор карда истодааст. Мутобиқи барномаҳои мазкур устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар семинарҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Олмон, ИМА, Хиндустон, Испания, Иордания, Австрия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Португалия, Болгария, Руминия, Эстония, Туркия ва дигар давлатҳо иштирок намуда мубодилаи афкор намудаанд. Мавриди зикр аст, ки аз рўи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар донишгоҳ лабораторияҳо ва марказҳои илмӣ аз қабили лабораторияи минерология ва петрография, лабораторияи канданиҳои фоиданок, ГИС лаборатория, синфхонаҳои инноватсионӣ, лабораторияи эксперименталии экологӣ, Маркази «Интеллект» барои донишҷўдухтарон, Маркази илмӣ-тадқиқотӣ барои донишҷуёни факултети иқтисод ва гармхона дар деҳаи Ҷелондӣ фаъолият доранд.
Ба ҷои охирсухан
Донишгоҳи мо
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев зодаи истиқлолият буда, бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 1992 таҳти рақами 294 таъсис ёфта, аз якуми октябри ҳамон сол ба фаъолият оғоз намудааст. Сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ хуб ба роҳ монда шуда, он бо синфхонаҳои васеъу барҳаво ва муҷаҳҳаз бо ҳама таҷҳизот, лабораторияҳои муосири таълимӣ, ташхисгоҳҳо, толорҳои ҷаласавию кабинетҳои фаннӣ, хобгоҳҳои замонавӣ таъмин буда, феълан ҳама имкониятҳо барои тайёр намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ муҳайё аст.