Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Тамошои аҳлонаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХОРУҒ, 30. 10. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Имрӯз, 30 октябр, бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев тамошои дастаҷамъонаи маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба муносибати савгандёдкунӣ ва рафти гузашти низомӣ баргузор гашт.

Раёсат, муовинони ректор ва муҳассилину кормандони ДДХ ин маросимро аз субҳи барвақт бесаброна интизорӣ кашида, бори дигар аз таъкиду суханрониҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат баҳрвар шуда, рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.

ИҚТИБОС АЗ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ САВГАНДЁДКУНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:

 “Ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам.

Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд.

Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам.

Имрӯз хуб дарк мекунам, ки ихлосу эътимоди мардум масъулияти маро барои ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, яъне роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакат бамаротиб меафзояд.

Ман имрӯз садҳо маротиба шукрона мекунам, ки сазовори эътимоду бовари халқи азизам ҳастам ва барои ин эътиқоду ихлоси бузург ва дастгириву дуои хайри падарону модарон дар назди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорам.

Ман ҳамаи шумо - халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам”.

Четверг, 29 октября 2020 11:09

Тақдими 240 адад китоб ба ДДХ

ХОРУҒ, 29. 10. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/Дар доираи ҳамкориҳои судманди Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) аз тарафи Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ДОМ барои ДДХ 240 адад китоб ҳамчун туҳфа тақдим гардид.

Дар маросими қабули китобҳо мудири кафедраи филологияи англиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маҳбуб Раҷаббеков ва директори мактаби болозикр Фаррухшо Фрайдонов ширкат намуда, иқдоми навбатиро баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва ғанӣ гаштани базаи моддии донишгоҳ арзёбӣ карданд.

Ба гуфтаи М. Раҷаббеков дар назар аст, ки дар ояндаи наздик китобҳо аз фанни забони англисӣ аз дигар муассисаҳои бонуфузи ВМКБ низ вориди китобхонаи асосии ДДХ шаванд.

ХОРУҒ, 29. 10. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Дар Маркази илмӣ – фарҳангии Ҳиндустони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ташаббуси Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи “Коронавирус ва роҳҳои пешгирии он” семинари амалӣ доир гардида истодааст.

Семинарро директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят Шарифа Худоёрова ва дигар кормандони он барои донишҷӯёни курсҳои 4 – и тамоми факултетҳои донишгоҳ аз таърихи 29 октябр то 10 ноябри соли равон мегузаронанд.

Ҳадафи асосии семинари амалӣ – таҳкими роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо Covid -19, иттилоотонии ҳарчи бештари ҷавонон, бахусус муҳассилин аз оқибату хатарҳои беморӣ мебошад.

Ба гуфти Ш. Худоёрова тибқи тартиби баргузории семинар, нахуст донишҷӯёни курси чорум аз роҳу усулҳои мубориз бо беморӣ баҳравар мешаванд, сипас худи муҳассилин имконият пайдо мекунанд, ки семинари амалиро барои донишҷӯёни курси якуми ҳамаи факултаҳои донишгоҳ гузаронанд.

Число погибших в результате взрыва, произошедшего во вторник в семинарии в пакистанском городе Пешавар, возросло до семи, ранения получили около 70 человек. Об этом со ссылкой на медиков сообщает газета Dawn.

Вблизи стен здания подорвался заминированный автомобиль, после чего группа вооруженных людей проникла в помещение, передает телеканал TOLOnews

ХОРУҒ, 28. 10. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факулта викторинаи илмӣ аз фанни назарияи иқтисод баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ибтикори омӯзгори факултет Соҷида Мардонаева гузашта, дар он чор гурӯҳ аз шумули донишҷӯёни курси якуми факулта бо ҳам рақобат намуданд.

Бояд гуфт, ки викторина хеле ҷолибу диданӣ сурат гирифта, гурӯҳҳо дар баробари саволҳои илмӣ, пурсишҳои мубраму актуалиро муҳокима карда, ба ҳар яке аз онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонданд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои охир, гурӯҳи «Баҳисобгирии бухгалетрӣ» ҷойи аввалро ба даст оварда, гурӯҳҳои «Иқтисоди ҷаҳон» ва «Менеҷмент» бошад зинаҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд. Инчунин, гурӯҳҳои ғолиб аз ӯҳдаи дигар талаботҳои викторина сарбаландона баромада, бо ифтихорномаҳо мушарраф шуданд.

Вторник, 27 октября 2020 05:00

ПИРӮЗӢ МУБОРАК!

Аз 24 то 25 октябри соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ баргузор гашт.

Боиси фараҳу ифтихори аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аст, ки дар ин чорабинии варзишӣ аз миёни ҷавондухтарон, магистранти Донишгоҳ Сурма Каримова зинаи аввалро соҳиб шуда, медали тиллоро ба даст овард.

Мо С. Каримоваро баҳри ҳимоя намудани шарафи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ самимона табрик карда, дар фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар ба ӯ комёбҳои навро таманно дорем.

Пирӯзӣ муборак!!!

Пятница, 23 октября 2020 08:54

ҶАҲОНАТ БА КОМ, ФАЛАК ЁР БОД…

Номаи табрикотии ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба муносибати 70 - умин солгарди ҳаёти пурфайзи Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори меҳнат, омўзгори шинохта, нозади илмҳои физика-математика  муҳтарам Некқадамов Ширинбек

Устоди азизу гиромӣ!

Шуморо аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев чун омўзгори варзидаву шинохта, ба ифтихори зодрӯзатон самимона табрику таҳният менамоянд.

Бигузор ҳар як соли умр бароятон сарсабзиҳо, бахту иқболи баланд ва тозатарин дастовардҳои хизматӣ дар таълиму тарбияи насли ҷавонони худогоҳ ва бо мақсади ободии диёри азизамон ато намояд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ аз он мефахранд, ки Шумо ҳамчун омӯзгори  асил, инсони поктинату бомасъулият  солҳои дароз дар пайроҳаи умри бобаракататон дар тарбияи мутахассисони зиёди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмати арзанда намудаед.

Ҷашни 70 - умин солгарди умри бобаракататонро самимона муборак  гуфта, ба Шумо неърӯмандӣ, осоишии хонавода ва комёбиҳои рӯзафзунро дар соҳаи фаъолияти педагогӣ ва илмӣ таманно менамоем. Мо ба устод умри хушу бардавом, хушбахтии беинтиҳо ва саломатию хонаободӣ хоста, аз забони шоир гуфтанием:

Ҷаҳонат ба ком, фалак ёр бод,

Ҷаҳонофаринат нигаҳдор бод.

Бо камоли эҳтиром Раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ.

ХОРУҒ, 22. 10. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншон Назаршоев мулоқоти кормандони Маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидемиологии (МНДСЭ) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо донишҷӯёну устодон баргузор гашт.

Муовини ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров дар оғози вохӯрӣ қайд намуд, ки муҳассилину омӯзгорон ва кормандони донишгоҳро зарур аст, ки ҳамаи дастуру тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита бо риояи қатъии қоидаҳои гигиенӣ сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд. Зеро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар баромадҳои охираш такрор ба такрор таъкид намудаанд, ки феълан саломатии мардуми кишвар аз ҳама муҳим мебошад.

Мавзуна Ширинбекова, мудири санитарии МНДСЭ - и вилоят оид ба пешгирии Covid – 19, истифодаи мақсадноки ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва дигар талаботҳои муҳим сухан карда, аз ҳозирин даъват намуд, ки нисбати ҳаёти хеш, наздикону атрофиён бетараф набошанд ва ҳамаи чораҳои зиддиэпидемикиро ҷиддӣ қабул намоянд.

Дидор НАСРИДДИНОВ, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ

Вторник, 20 октября 2020 11:15

Erasmus + Day in KHOROG STATE UNIVERSITY

17th of Ocober 2020 Erasmus + Day has been celebrated at Khorog State University. The initiator of the holiday was a UNICAC project.

The ceremony was opened by Vice-rector for educational affairs Niyozali Kambarov . Vice-Rector for International Relations of Khorog State University Saifulloeva Olga acquainted all students  with the activities of the Erasmus program, as well as with ongoing projects implemented at the university and noted that already for 12 years the university has been participating in various international projects.

During this period, more than 170 teachers and more than 120 students participated in various educational programs, seminars, summer schools within the framework of the projects. Coordinators of current projects Ghafurova Mohinav, Davlatqadamov Anboz and Mardonova Tojigul spoke about the activities of the UNICAC, TRIGGER and HiEdTec projects currently being implemented at KhSU.

Students who underwent internship under the mobility program of ERASMUS + Shamsi Navruzov and Avazbek Irgashov shared their experiences with students, told about their experience of studying at European universities. The event was attended by students from all faculties. Various entertaining contests were held.

Страница 7 из 110

Маълумот барои тамос

Полное название: Хорогский государственный университет

Адрес: 736000, Таджикистан, г.Хорог ул. Ленин 28

Search