Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Бо ибтикори Шубаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар толори хониши донишгоҳ ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони ректор, масъулини шуъба, магистрантон, докторантон (аз рӯи ихтисоси PhD) ва аспирантону унвонҷӯён иштирок намуданд.

Рушонгул Шофақирова, мудири шуъбаи болозикр роҷеъ ба масъалаи рафти иҷроиши корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, чопи мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод кард.

Инчунин, муовинони ректор оид ба илм ва инноватсия ва оид ба тарбия баромад намуда, мавзӯъҳои муҳимро дар доираи ҷаласа мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Аз 26 то 28 ноябри соли равон дар озмоишгоҳи навтаъсиси экологияи таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Хоруғ семинари озмоишӣ баргузор гардид.

Дар нимаи аввали рӯзи 26 ноябр чунин семинар тариқи онлайнӣ бо Институти биохимия ва фитотехнологияи инноватсионии шаҳри Бишкек ва ҷалби коршиносони  Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фелалиев А. С., узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдуламонов К., ва муовини директори Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков, номзади илмҳои биологӣ Қ. Одилбеков сурат гирифт.

Рӯзҳои 1 ва 2 декабри соли равон бошад, семинари таълимӣ тариқи онлайнӣ бо Донишгоҳи агротехнологии Қазоқистон (шаҳри Нурсултон) рӯи кор омад. Дар ҷараёни он барномаи таълимие, ки аз тарафи устодони факултети биология аз рӯи фанни Экологияи минтақавӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифт.

Чорабинӣ ба дараҷаи баланди илмӣ гузашта, дар рафти он роҳбарияти Донишгоҳи агротехнологии Қазоқистон (шаҳри Нурсултон) иброз намуд, ки ҷиҳати омода намудани мутахассисон барои Донишгохи давлатии Хоруғ, дар самти дараҷаи боколавр ва магистратураю докторантура ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард.

Мавриди зикр аст, ки аз моҳи октябри соли 2019 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев тибқи Созишномаи грантӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистону Бонки умумиҷаҳонӣ ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи грантӣ “Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талабатҳои бозори меҳнат” дар доираи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” корро оғоз намуд.

Ҳадафи асосии лоиҳа мусоидат намудан ба баланд бардоштани сифати таҳсил, ноил шудан ба сатҳи баланди омодасозии донишҷўён, баланд бардоштани муҳиммияти таҳсил барои бозори меҳнат тариқи ҷорӣ намудани инноватсия дар раванди таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз рўи фанни «Экологияи минтақавӣ (барои минтақаҳои кўҳии Осиёи Марказӣ)».

Ҷузъҳои асосии лоиҳа: 1. Фароҳам овардани шароити муносиби таълимӣ - назариявӣ ва амалӣ (бунёди озмоишгоҳҳои муосир, таҷҳизот, майдончаҳои таълимии таҷрибавӣ, бошишгоҳи таълимӣ ва дар раванди таълим ҷорӣ намудани технологияи системаи геоинформатсионӣ барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ - амалӣ аз рўи фанни «Экологияи минтақавӣ»; 2. Кор карда баромадани барномаи таълимӣ, модулҳои таълимӣ, брошюраҳо ва тавсияҳо аз рўи фанни «Экологияи минтақавӣ (барои минтақаҳои кўҳии Осиёи Марказӣ)» мутобиқи стандартҳо ва талаботҳои бозори меҳнат; 3. Кор карда баромадани механизми самараноку дар раванди таълим ҷорӣ намудани методология ва технологияи таълими фанни «Экологияи минтақавӣ» бо истифода аз технологияи системаи геоинформатсионӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии батартибдарорӣ, нигоҳдорӣ, таҳлил, тағйирдиҳӣ, инъикос ва паҳнкунии нишондиҳандаҳои экологии фазоию мутобиқатӣ; 4. Презентатсия ва муҳокимаи барномаи фаъолият оид ба амалигардонии лоиҳа, механизми ба роҳ мондани кори бошишгоҳҳои таълимӣ - саҳроӣ, гармхонҳо бо истифода аз чашмаҳои геотермалӣ, шиносоӣ бо методология ва технологияи фаъолияти системаи геоинформатсионӣ, инчунин, иваз намудани таҷриба, ғоя ва усули коркарди нақшаҳои таълимӣ; 5. Ташкил намудану ҷиҳозонидани бошишгоҳи навтарини таҷрибавӣ дар ҳудуди мавзеи Ҷелондеҳ ҳамчун база барои гузаронидани таҷрибаомўзиҳои таълимӣ - саҳроӣ ва тадқиқотҳои таҷрибавии саҳроии ҳайати омўзгорону донишҷўёни зинаҳои бакалавр ва магистри факултети биология; 7. Ҷиҳозонидани озмоишгоҳи махсусгардонидашудаи экологияи таҷрибавӣ барои гузаронидани корҳои амалӣ ва тадқиқотҳои таҷрибавии ҳайати омўзгорону донишҷўёни факултети биология; 8. Ҷиҳозонидани гармхонаҳо дар бошишгоҳи таълимӣ дар заминаи обҳои геотермалӣ (дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр) бо мақсади ташкил намудани парки технологии Донишгоҳи давлатии Хоруғ; 9. Ҷалб намудани мутахассисон ва экспертҳо аз ташкилотҳои ҳамроҳ; аврупоӣ (2 нафар) ва аз донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ (3 нафар аз Институти химия ва технологияи химиявии АИМ Ҷумҳурии Қирғизистон ва 3 нафар аз Донишгоҳи агротехникии Қазоқистон ба номи Сакен Сайфулин) барои гузаронидани курсҳо, семинару тренингҳо бо омўзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ (20 нафар), бакалаврҳо ва магистрантҳои факултети биологияи донишгоҳ; 10. Омода намудани ҳуҷҷатҳо барои гузаштани аккредитатсияи байналхалқии барномаи ихтисоси додашуда; 11. Гузаронидани конференсияи байналмилалӣ дар мавзўи «Нақши системаи маълумот дар ҳалли самараноки мушкилоти ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии Помир» дар ДДХ бо ҷалби мутахассисону экспертҳои ташкилотҳои ҳамкор: аврупоӣ, донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, Институти химия ва технологияи химиявии АИМ Ҷумҳурии Қирғизистон ва Донишгоҳи агротехникии Қазоқистон ба номи Сакен Сайфулин) (дар охири барнома, 28-30 августи соли 2021 дар шаҳри Хоруғ).

Мавриди зикр аст, ки барои амалисозии лоиҳа ҳайати омўзгорону донишҷўёни факултети биология ва инчунин, экспертҳою мутахассисони донишгоҳҳо, муассисаҳо дар асоси ҳамкориву шартномаҳо ҷалб шудаанд.

Акбар Мамадризохонов, декани факултети

биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Понедельник, 30 ноября 2020 11:31

Ҷаласаи ғайринавбатии ҷавонон доир гашт

ХОРУҒ, 30. 11. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Дар маркази инноватсионии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки масъулини Шуъбаи кор бо ҷавонон, раисону аъзоёни созмонҳои ҷавонон ва роҳбари волонтёрони донишгоҳ ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор гашт.

Дар ҷаласа асосан се масъала мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯи масъалаи якум, оид ба фаъолияти ҳаррӯзаи волонтёрон ахбороти Латипов Шаҳзод, роҳбари волонтёрон шунида шуд.

Вобаста ба масаъалаи дуюм, тартиби ҷамъ намудани ҳаққи аъзогӣ ва ба фаъолияти рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аъзо гардидани Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ахбороти Бахши иқтисодии шуъба Гулшаева Некубахт манзур гардид.

Оид ба масъалаи сеюм, татбиқи нақшаи чорабиниҳо барои ҳафтаи волонтёрон, баргузории чорабиниҳои интеллектуалӣ дар факултетҳои донишгоҳ, ташкили конфронсу мизҳои гирд, терренкураи волонтёрон дар боғи набототи шаҳри Хоруғ ва дидан намудан аз Осорхонаи ВМКБ маълумоти масъулини шуъба пешниҳод шуд.

Сипас, масъалаи ҷорӣ қабул гардида, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта иштирокдорон супоришҳои нав гирифтанд.

Дидоршоҳ Насриддинов, мудири

 Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ

Пятница, 27 ноября 2020 11:28

ПОЛЕЗНАЯ ВСТРЕЧА

ХОРОГ, 27. 11. 2020 /ХОРОГСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ/. Сегодня, 27 ноября, ректор Хорогского государственного университета Юсуфзода Гулзорхон Амиршох принял представителя Россотрудничества в Таджикистане Ивана Сергеевича Иванова.

Основная цель визита: сотрудничество в сфере образования с целью повышения уровня знаний русского языка посредством повышения квалификации преподавателей и открытия Центра "Русский мир" в университете. Обсуждались вопросы проведения мастер классов и курсов повышения квалификации для преподавателей кафедры  русского языка.При ХоГУ имеется кафедра и отделение русского языка и литературы,  которые готовят преподавателей по русскому языку для школ области.

 «Центр Русского языка» будет уникален тем, что при центре будут проводиться различного рода конференции, фестивали, как республиканского и областного, так и международного уровня, семинары для преподавателей вузов и школ, проводиться курсы для студентов и поступающих абитуриентов, для школьников, а также для всех желающих, усвоить и совершенствовать свой русский язык. 

Утверждение о том, что знание русского языка есть знание мира, как и в советские времена, остается актуальным, так как возможность получения образования благодаря именно русскому языку в бывших странах Советского Союза остается более высокой. Несмотря на политические изменения последних лет, интерес нашего народа к русскому языку все более возрастает. Присоединение  нашего края к России открыло широкий простор для его экономического, культурного, стабильного развития. К тому же, для выпускников бакалавров,  для выпускников школ для поступления в магистратуру, в другие Вузы РФ необходимо высокое, на должном уровне, знание по русскому языку. Школьники, студенты и преподаватели,  выпускники школ и университета нуждаются в дополнительном материале по различным дисциплинам, который более доступен на русском языке в интернете.

25 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ  ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода бо устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гашт.

Сараввал, Вазири маориф ва илми кишвар Қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 ноябри соли 2020 таҳти № 610, Дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин намудани Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ қироат намуда, барои корҳои пурсамари собиқ ректори донишгоҳ, профессор Шермамад Ҷонмамадов изҳори сипосу миннатдории самимӣ баён кард.

Қайд гардид, ки дар замони роҳбарии Ш. Ҷонмамадов Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба пешравиҳои зиёд ноил гашта, шароити таҳсилу бозомӯзӣ ва базаи моддӣ – техникии он таҳким ёфт.

 Азҷумла, марказҳои гуногуни инноватсионӣ кушода шуда, робитаи донишгоҳ бо дигар донишгоҳҳои ҷумҳуриявию берун аз он мустаҳкам гардид. Фаъолияти байналмилалии донишгоҳ бо ҳамкории шарикони рушд беҳтар шуда, лоиҳаҳои гуногуни инноватсионӣ татбиқ гардиданд.

Ҳамин тавр, Вазири маориф ва илми кишвар фаъолияти донишгоҳро воқеъбинона таҳлил карда, барои дар амал татбиқ намудани вазифаҳои нав ва иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбарияти тозаинтихоби донишгоҳро вазифадор намуд.

Номбурда афзуд, ки Донишгоҳи давлатии Хоруғ бояд ба яке аз донишгоҳҳои пешқадами ҷумҳурӣ табдил дода шавад ва дар ин рисолат аҳли донишгоҳро лозим аст, то дар ҳамбастагӣ бо роҳбарияти нав тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.

Инчунин, дигар устодони ДДХ оид ба фаъолияти пурсамари Ш. Ҷонмамадов ҳарф зада, барои ректори нав Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ дар корҳои минбаъдаашон барору комёбиҳо орзу намуданд.

ХОРУҒ, 25. 11. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Имрӯз, 25 ноябр, бо ибтикори шуъбаи химияи факултети илмҳои табии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчами мо - ифтихори мо” чорабинии идона доир гашт.

Дар чорабинӣ омӯзгорон, донишҷӯёну масъулини созмони ҷавонони факултет оид ба муҳиммияти Парчаму таърихи он, Ватану меҳанпарастӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолияту Ваҳдат маърӯза карда, дар бораи ливои миллӣ ашъори пурмазмунро қироат намуданд.

Зикр гардид, ки Парчами давлатии кишвар яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, ифодагари ҳаёти осоишта, меҳандӯстӣ, умед ба ояндаи нек ва бахту иқболи сафед аст. Феълан пиру барнои мамлакат ба он самимона арҷ гузошта, онро чун неъмати бебаҳо гиромӣ медоранд.

Шукрона БУЛБУЛОВА, раиси созмони

ҷавонони факултети илмҳои табиӣ

Суббота, 21 ноября 2020 04:20

Парчам – ифтихори миллат

Зери ҳамин унвон 20 ноябр дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо иштироки муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода, ректори донишгоҳ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, масъулини дастгоҳи раиси вилоят ва омӯзгорону донишҷӯён конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.

Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Таҳмина Содатқадамова ифтитоҳ намуда гуфт, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири бузургдошти қаҳрамонони миллат ва онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Куруши Кабир, Коваи оҳангар, Шераку Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ Муқаннаъву Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратуллои Махсум ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи тоҷик мебошад.

Парчами давлатӣ барои мо, тоҷикон, нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рўҳияи хештаншиносӣ, ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди равшанфикри кишварро зарур аст, ки нисбати  рамзҳои  давлатӣ, алалхусус Парчами давлатӣ арҷ гузошта, ба беэҳтиромӣ нисбати муқаддасоти олиамон роҳ надиҳад.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Таҳмина Содатқадамова

Зикр гардид, ки Барои хурду бузурги мамлакат Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот, тимсоли Ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ буда, мардумро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят мекунад. Дар зери Ливои миллӣ ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дар иттиҳоду ягонагӣ аз мавҷудияти давлати соҳибихтиёр чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ватану ватандорӣ ифтихор менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: “Мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдодони худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем”.

Дар идомаи конфронс Н. Амирбекзода қайд намуд, ки воқеан, миллати куҳанбунёди мо дорои таърих, суннатҳои қадимаи давлатсозӣ буда, парчамдорӣ барои миллат чун рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ аз замони Коваи оҳангар бо номи Дирафши Ковиёнӣ мерос мондааст.

- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари умеду ормонҳои миллӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, рӯзҳои сарнавиштсозу ҳассос дар Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як самимияти хосса пазируфта шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда нагуфтаанд:

"Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос  намудааст" - иброз дошт, муовини раиси вилоят.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии илмӣ бо ташаббуси кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии донишгоҳ сурат гирифта, дар он маърӯзаҳои “Парчам – таҳкимбахши руҳу равони миллат”, “Таҷассумгари Истиқлолияти давлатӣ”, “Ливои муқаддаси тоҷикон”, “Халқу давлатро бо бо парчам мешиносанд” ва дигар мавзӯъҳои муҳиму таърихӣ баррасӣ шуданд.

Манбаъ: javonon.tj

Миҷгона ҳамроҳи модараш Мусулмонова Зебӣ дар љамоати деҳоти Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав зиндагии хурраму осоишта дошт.

Среда, 18 ноября 2020 09:29

ПРЕЗИДЕНТИ МО — ИФТИХОРИ МО

ХОРУҒ, 18. 11. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Таҳти унвони «Президенти мо — ифтихори мо» дар факултети илмҳои табии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир шуд.

Чорабинӣ бо ташаббуси Созмони ҷавонони факултет гузашта, дар он донишҷӯён наворҳои ҷолиб дар хусуси заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ашъори баландмазмун дар васфи Сарвари давлат, Ватану ватандорӣ, Тоҷикистон ва саҳначаҳои таърихиро пешкаши ҳозирин намуданд.

Муовини декани факулта оид ба тарбия Бароҳат Ашурмамадова дар оғози чорабинӣ иброз дошт, ки Пешвои миллат дар давлатсозии муосири тоҷикон, таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ, иттиҳоди мардум ва рушди босуботи кишвар нақши калидӣ гузошта, ин таҷрибаи бузурги Ӯ барои дигар роҳбарони мамлакатҳои гуногуни дунё сабақомӯз мебошад.

Инчунин, муҳассилин оид ба асарҳои таърихиву ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва дигар мавзӯъҳои пандомӯз маълумот пешниҳод карданд.

Дидоршоҳ Насриддинов, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

ХОРОГ, 18. 11. 2020 /ХОРОГСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ/. На экономическом факультете ХоГУ в честь Дня Президента Республики Таджикистана прошла викторина среди студентов (2 – 3 курса).

В викторине приняли участие две команды: «Менеджмент» и «Экономическое обеспечение таможенной деятельности».

Как сообщила организатор мероприятия Соджида Мардонаева, все команды проявили себя достойно и ярко.

По итогам викторины места распределились следующим образом: 1 место заняла команда «Менеджмент», а 2 место – «Экономическое обеспечение таможенной деятельности». В качестве призов победители получили грамоты за лидерство, активность, лучшую форму и критичность.

Страница 4 из 110

Маълумот барои тамос

Полное название: Хорогский государственный университет

Адрес: 736000, Таджикистан, г.Хорог ул. Ленин 28

Search