Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Суббота, 12 декабря 2020 06:15

Тозагии шаҳр мароми мост

ХОРУҒ, 12. 12. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Субҳи имрӯз, 12 декабр, бо супориши ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ аксияи тозагӣ таҳти унвони «Тозагии шаҳр мароми мост!» гузаронида шуд.

Дар аксия муовини ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров, кормандону омӯзгорони донишгоҳ ва 50 нафар ҷавонону донишҷӯён иштирок намуда, ҳудуди Нишони давлатӣ ва гирду атрофи онро аз барфу яхпораҳо тоза карданд.

Бояд гуфт, ки чунин чорабинӣ дар ояндаи наздик дар дохили донишгоҳ ва берун аз он ҳам гузаронида мешавад.

Пятница, 11 декабря 2020 06:12

Маҳфили "Химикони ҷавон" таъсис ёфт

Бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) барои ҷавонону наврасон маҳфили "Химикони ҷавон" таъсис ёфт.

Дар ин бора мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Дидоршоҳ Нариддинов иттилоъ дода гуфт, ки маҳфил бо ҳадафи омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва тавсеаи тафаккури техникии наслиҳои ояндасоз дар назди факултети илмҳои табии ДДХ ташкил гардида, ба он инчунин волотёрон ҷалб гаштанд.

Ҳамарӯза аъзоёни маҳфил баъди дарсҳои назариявӣ дар озмоишгоҳҳои мавҷудаи донишгоҳ бо устодони ихтисоси химия реаксияҳои кимиёвӣ, таҷрибаҳои илмӣ ва дигар корҳоро анҷом дода, аз натиҷаҳои фаъолият ба муаллимон ҳисобот пешкаш мекунанд.

Бояд гуфт, ки ғайр аз "Химикони ҷавон"дар донишгоҳ маҳфилҳои “Математикони ҷавон”, “Ҳуқуқшиносони ҷавон”, “Кишваршиносони ҷавон”, “Нозирони сабз”, “Омӯзгори наврас”, “Лингвистони ҷавон”, “Хониши бадеӣ” ва“Гулафшон” фаъолият дошта, дар баланд бардоштани малакаю маҳорат ва ҷаҳонбинии илмии наслҳои ояндасоз нақши муҳим мебозанд.

http://www.javonon.tj/news/maorif-va-ilm/khoru-ma-fili-khimikoni-avon-tasis-yeft/

ХОРУҒ, 11. 12. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Даҳуми декабри соли равон дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба муносибати 26 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни ҳизб, ҷавонон ва устодону донишҷӯёни фаъол чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим Мамадризо Алимшоев, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (КИМ ҲХДТ) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рустам Фелалиев, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров ва мудири Шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Дурдонамо Дастамбуева перомуни фаъолият, дастовардҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар зарфи даврони соҳибистиқлолии кишвар, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами КИМ ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти кишвар ва таъриху самтҳои афзалиятноки ҳизб баромад намуданд.

Қайд шуд, ки дар муддати начандон дарози солҳои соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат ба як давлати комили ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил ёфта, ҳалқи соҳибхирад ва ваҳдатпарвари он  ба ояндаи неки давлатдорӣ умед баст.

Имрӯз аз хурду бузурги Тоҷикистон сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлатро якдилона ҷонибдорӣ карда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ рӯҳу нерӯи тоза гирифта, минбаъд низ талошҳои бемислро ба кор хоҳанд бурд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозини “дарҳои кушода” ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, азҷумла масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардид.

Ҳамарӯза сафи пайравони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафақат дар дохили кишвар, балки берун аз он афзуда, наслҳои ояндасоз бо Ватани азиз ва Сарвари хирадманди хеш меболанду ифтихор доранд.

Дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат давоми чанд сол аст, ки дар ҷамоати шаҳраки Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ташкилоти ибтидоии “Нерӯбахш” фаъолият намуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ ҳиссаи сазовор дорад. Феълан аъзоёну пайвандони “Нерӯбахш” аз ҳисоби ҷавонони ботаҷрибаю ташаббускор зиёд шуда истодааст.

Дар интиҳо бо пешниҳоду ҷонибдории иштирокчиёни чорабинӣ раиси ташкилоти болозикр Насим Саидраҳмонов, омӯзгори ҷавону бомаърифати Донишгоҳи давлатии Хоруғ интихоб гашт.

“Фурӯғи Маърифат”

ХОРУҒ, 10. 12. 2020 / МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ/. Нуҳуми декабри соли равон дар дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Рўзи геологияи тоҷик зери унвони «Геология ва канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон» конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар Иматшо, кормандони соҳаи геология, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва масъулини бахши таҳлилию иттилоотии  дастгоҳи  раиси  вилоят иштироку баромад карданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Иматшозода Анвар Иматшо иброз намуд, ки соҳаи геология дар ҳадафҳои созандаи кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат нақши муассир дошта, сохтори он дар рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат корҳои муайянеро анҷом доданд.

Дар рафти конференсия устодон - Назриев Ҳабиб, мудири кафедраи фанҳои муҳандисии Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Элназаров Сангин, дотсенти кафедра, саромӯзгор Мирзоев Тавфиқ ва ассистенти кафедра Сангмамадова Дилором дар мавзӯъҳои  «Геология ва канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон», «Металлҳои асилӣ Помир (тиллои пошхурда) ва дурнамои азхудкунии он», «Усулҳои геохимиявии ҷустуҷў дар минтақахои наздисарҳадии Помири Шарқӣ», «Кӯли Сарез ва оқибатхои он» маърӯзаҳои ҷолибро ироа карданд.

Инчунин, Мирзоев Хилватшо, донишҷўи курси якуми шуъбаи гидрогеология ва геология муҳандисии ДДХ, Шоназаршоев Алигавҳар, донишҷўи курси чоруми шуъбаи геология ва Мирзоев Фаррухруз, донишҷўи курси якуми шуъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ оид ба «Пиряхҳои Тоҷикистон», «Аспектҳои геоэкологии кони карунди Барфӣ», «Заминларза ва сабабҳои пайдоиши он» баромад намуданд.

Дар фарҷом табрикномаи муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон, раиси ВМКБ муҳтарам Ëдгор Файзов дар вазъи тантанавӣ ба роҳбарияту кормандони соҳаи геологияи вилоят тақдим гашт

ХОРУҒ, 09. 12. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. 8 декабри соли равон таҳти раёсати ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физика – математика Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ ҷаласаи ректорат доир гардид.

Дар ҷаласа инчунин муовинони ректор, масъулини раёсати таълим, деканҳои факултетҳо, роҳбарияти раёсати кадрҳо, мудирони кафедраву шуъбаҳои донишгоҳӣ, олимону устодон ва дигар кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа асосан се масъала мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯи масъалаи аввал, вобаста ба санҷиши вазъи истифодабарии технологияи муосир (тахтаи электронӣ, видеопроекторҳо), ҳолати синфхонаҳои компютерӣ ва озмоишгоҳҳо, дастрасӣ ба шабакаи интернет, навоварӣ ва ихтироот ахбороти Таҳмина Содатқадамова, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия шунида шуд.

Зикр гардид, ки аксарияти факултетҳои донишгоҳ бо таҷҳизоти аёниву техникӣ таъмин буда, дар ояндаи наздик факултаҳои забонҳои хориҷӣ, таърих ва ҳуқуқу илмҳои табиӣ бо синфхонаҳои махсуси иловагӣ таъмин карда мешаванд.

Пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ низ сол аз сол таҳким ёфта, айни ҳол дар донишгоҳ чор синфхонаи компютерӣ, ду маркази инноватсионӣ, як Маркази Ҳиндустон, як кабинети лингофонӣ, чор озмоишгоҳи таълимӣ, лабораторияҳои геология, ГИС лаборатория ва лабораторияи  биология бо 381 компютер, 106 адад принтер, 13 адад тахтаи электронӣ, 12 адад сканер, 26 проектор ва Барномаи “My Test X-pro” барои тақсимбандии саволномаҳои тестӣ бо ҳамаи таҷҳизоти корӣ дар хизмати устодону донишҷӯён қарор доранд. Инчунин, дар оғози соли оянда бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази илмӣ - фарҳангии Руссия дар донишгоҳ кушода мешавад.

Ректори ДДХ Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ камбудиҳои соҳаи илм ва инноватсияро як – як таҳлил намуда, баҳри боз ҳам тақвият бахшидани соҳа, асосан кори илмии устодон, иштироки ҳарчи бештари донишҷӯён дар олимпиадаҳои гуногун, навовариву ихтироот ва дигар самтҳо ҷиддияти бештарро тақозо намуд.

Дар робита бо масъалаи дуюм, оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02. 07. 2009 № 931 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои баргардондани маблағи буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд” маълумоти сардори раёсати кадрҳо Қ. Шабдолов шунида шуд.

Дар ин росто роҳбарияти донишгоҳ раёсати кадрҳо, деканҳои факултетҳо ва дигар кормандони масъулро вазифадор намуд, ки вобаста ба масъала чораҳои заруриву бетаъхир андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳисоботи иловагӣ пешниҳод кунанд.

Оид ба масъалаи сеюм, фаъолияти Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ оид ба таҳкими арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ҷавонон ва беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия миёни донишҷӯён ахбороти Дидоршоҳ Насриддинов, мудири шуъба манзур гашт. Зикр шуд, ки фаъолият самти кор бо ҷавонони донишгоҳ беш аз пеш беҳбуд ёфта, кори он дар ҳамаи самтҳо назаррас мебошад.

Дар охир аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа масъалаи ҷорӣ қабул гардид.

“Фурӯғи Маърифат”

ХОРУҒ, 08. 12. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Дар доираи Лоиҳаи “Ҳамкории Донишгоҳҳои Манотиқи Кӯҳистон” дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев озмоишгоҳи муосири суфтакунӣ ва коркарди санг ба фаъолият оғоз намуд.

Тавассути лоиҳаи мазкур, асосан Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Нарин, Донишгоҳи байналмилалии Қароқурум ва Донишгоҳи Бадахшони Файзободи Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар асоси барномаи махсуси таълимӣ бо ҳам ҳамкорӣ карда, бунёди чунин озмоишгоҳҳо ва муҷаҳҳазкунии онҳо яке самтҳои асосии фаъолияти корӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло бо дастгирии молиявии ДОМ дар самти геология китобу адабиётҳои гуногун, лавозимоти суфтакуниву коркарди санг вориди ДДХ шуда, барои озмоишгоҳи навтаъсис зиёда аз 50 000 доллари ИМА масраф гардидааст.

Барои омӯзиши амиқи таҷҳизот озмоишгоҳи ДДХ бо дигар донишгоҳҳо дарсҳои онлайниро ба роҳ монда, дар ҷараёни он устодону донишҷӯёни риштаи геология аз муосиртарин пешравиҳои соҳа бархӯрдор мегарданд.

ХОРУҒ, 05. 12. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Чанде пеш дар шаҳри Душанбе байни 35 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ мусобиқаи волейбол доир гашт.

Боиси ифтихору хурсандии аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ аст, ки дастаи мунтахаби мардонаи донишгоҳ дар ин мусобиқа сазовори зинаи аввал гардида, Ҷоми мусобиқаро ба даст овард. Инчунин, ғолибон бо медалу диплом ва ифтихорномаҳо мушарраф шуданд.

Бояд гуфт, ки барои табрику таҳният намудани донишҷӯён дар маркази ҷумҳурӣ, шахсан худи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физика – математика Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ рафта, дар фаъолияти варзишии минбаъда барояшон барору комёбиҳо таманно кард.

Ёдрас мешавем, ки ҳадафи асосии мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ, рушди варзиши касбӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои болозикр ва амалигардонии «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2021» буд.

Суббота, 05 декабря 2020 08:33

Мулоқот бо аъзоёни ҲХДТ

ХОРУҒ, 05. 12. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Имрӯз, 5 декабр, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқоти муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Латифзода Асрор Қурбон, мудири Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Марказии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ҳабибуллозода Зоҳир Иззат ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гашт.

Инчунин, дар вохурӣ раиси ҲХДТ дар ВМКБ Рустам Фелалиев, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров, муовинони ректор ва дигар кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.

Мамадризо Алимшоев, муовини ректор оид ба таълим дар ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки маҳз бо шарофати Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдати комил таҳким ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон ба пешравиҳои азим ноил гашт.

Зикр гардид, ки феълан дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Нерӯбахш”, “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон” ва “Созандагони Ватан фаъолият намуда, дар ҳаёти иҷтимоӣ – сиёсӣ, маърифатӣ – маънавии наслҳои ояндасоз нақши муҳим мебозанд.

Латифзода Асрор Қурбон қайд кард, ки рӯзи 10 декабри соли равон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 26 – сола мешавад ва дар ин росто шомил шудани як қатор устодон ва донишҷӯёни беҳтарини донишгоҳ ба аъзогии ҳизб шоистаи таҳсин аст.

-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ эътироф шуда, давоми фаъолияташ дар ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат иқдомҳои неку устувор гузошт ва имрӯз он аз пешқадамтарин ҳизбҳо мебошад.

Пешвои миллат пайваста таъкид мекунад, ки “Аъзои ҳизб шудан шараф аст”. Бинобар ин, узви ҳизб гаштан, масъулияти хеле ҳам баланд мебошад. Аъзоёни ҳизбро мебояд, ки дар ҳамаи фаъолияту соҳаҳои мамлакат пешсаф, ташаббускор ва барои дигарон намунаи ибрат бошанд”- зикр намуд, муовини Раиси ҲХДТ.

Дар идомаи чорабинӣ Назира Амирбекзода, муовини раиси вилоят суханронӣ карда афзуд, ки қаҳрамониву ташаббусҳои абармарди тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду гулгулшукуфии Ватани азиз бесобиқа буда, имрӯз пайравони асили Ӯ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз ҳарвақта бештар атрофашон сарҷамъ мебошанд.

- Боиси фараҳу хурсандист, ки зиёда аз 43 нафар устодону донишҷӯён, кормандони Донишгоҳи давлатии Хоруғ аъзои ҲХДТ шуда, минбаъд дар пешрафти соҳаҳои муҳими кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд. Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз бевосита аз мову шумо вобаста аст, илова кард, Н. Амирбекзода.

Дар фарҷом ба устодону кормандон, донишҷӯёни беҳтарини донишгоҳ дар вазъи тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ тақдим гаштанд. Дар навбати худ кормандону дастпарварони ДДХ бори дигар аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбати ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар ёдовар шуда, ваъда доданд, ки тамоми талошу таҷрибаи худро барои пешрафту ободии мамлакат равона менамоянд.

ХОРУҒ, 04. 12. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/.  3 декабр, бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Боғи набототи Помир ва шафати Чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ терренкури волонтёрони Донишгоҳи давлатии Хоруғ доир гашт.

Чорабинӣ дар асоси нақшаи қаблан тасдиқгардидаи Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ сурат гирифта, дар ҷараёни он аз ҷониби донишҷӯёни факултети биология барои волонтёрон перомуни боғи мазкур маълумоти умумӣ дода шуд.

Бояд гуфт, ки дигар чорабиниҳои шуъба дар самти таҷлили бошукӯҳи Рӯзи байналмилалии волонтёрон идома доранд.

Дидоршоҳ Насриддинов, мудири

Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХ

ХОРУҒ, 04. 12. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. 3 декабри соли равон таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба таълим Мамадризо Алимшоев ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев доир гашт.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, се масъала мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи аввал, дотсент М. Алимшоев оид ба «Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкорнамудаи Комиссияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ахборот пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки баҳри беҳтар кардани сатҳу сифати таҳсил, рақобатпазир намудани ихтисосҳои нави донишгоҳ соли равон ба Агентии  назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ирсол шуд.

Бо мақсади ба талаботи  бозори меҳнат мутобиқ намудан ва пешбурди фаъолияти таълимӣ дар зинаи бакалавр ихтисосҳои нав, аз қабили 1-02030302-“Забон ва адабиёти тоҷик”, “Забони англисӣ” (шакли таҳсили рўзона), 125010717- “Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ” (шакли таҳсили рўзона), 1560101- “Заминсозӣ” (шакли таҳсили рўзона), 121060102-“Забонҳои муосири хориҷӣ” (забони хитоӣ-тарҷумон, шакли таҳсил рўзона), 1230104-“Психология” (шакли таҳсили рўзона), 1230109903-“Журналист-тарҷумон” (шакли таҳсили рўзона), 121050425-Забон ва адабиёти хориҷӣ-форсӣ-англисӣ (шакли таҳсили рўзона), 102010204-“Таърих”, “Забони англисӣ” (шакли таҳсили рўзона), 101020205-“Таҳсилоти ибтидоӣ”, “Забони англисӣ” (шакли таҳсили рўзона), 101010203-“Таҳсилоти томактабӣ-забони хориҷӣ” (шакли таҳсил рўзона), 1-21050103-“Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ” (шакли таҳсил рўзона), 1-020406- “Химия-экология” (шакли таҳсил рўзона), 1-26020401-“Ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини ҳуҷҷатии идора” (шакли таҳсил рўзона), 1-26020104-“Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар корхонаҳои хурду миёна” (шакли таҳсил рўзона), 1-02050402-“Физика – Информатика” (шакли таҳсил рўзона), дар зинаи магистратура 1-210504-“Забони форсӣ”, 1-010202-“Таҳсилоти ибтидоӣ” барои солҳои 2021 – 2022 пешниҳод гаштанд.

Вобастаи ба масъалаи дуюм, оид ба Барномаи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10. 02. 2016 № 66 дар Донишгоҳи давалатии Хоруғ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Таҳмина Содатқадамова маълумот дода, сипас масоили ҷорӣ қабул шуданд.

Страница 3 из 110

Маълумот барои тамос

Полное название: Хорогский государственный университет

Адрес: 736000, Таджикистан, г.Хорог ул. Ленин 28

Search