СОЛИ НАВИ МЕЛОДИРО БО УМЕДУ ЭЪТИМОД БА ФАРДОИ НЕК ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода ба муносибати фарорасии Cоли нави мелодии 2022.

Ҳамаи омӯзгорон, ҳамкорону донишҷӯён ва ҳамдиёрони азизро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ бо гармтарин шодбошиҳо, хуштарин таманниёт ва умеду эътимод ба фардои нек табрику шодбош менамоям.

Инак, боз як соли дигар аз ҳаёти мо бо дастовардҳои зиёд паси сар шуд. Яъне соли 2021-ро паси пардаи таърих гусел менамоему соли 2022 - ро бо шукўҳу шаҳомати хоса ва умед ба фардои нек ва осудагиву пешрафти кишвари азизамон, Тоҷикистон истиқбол менамоем.

Соли нави мелодиро бо бардошти таассуроти нек аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешвоз гирифта, дар доираи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри ободию сарсабзии Ватану пешрафти он қадамҳои устувор мегузорем.

Дар Паёми имсола самтҳои муҳимтарини пешрафти кишвар, аз ҷумла боз ҳам таҳкиму тақвият додани соҳаи маориф ва илм, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, рушди саноат, татбиқи стратегияҳои миллӣ ва дигар марому ҳадафҳои созанда таъкидҳои саривақтӣ ироа гаштанд. Бахусус, Сарвари давлат зикр намудаанд:

 “Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд”.

Инчунин бояд гуфт, ки соли равон барои миллати соҳибфарҳанги мо соли таърихӣ буд. Зеро дар ин сол мардуми Тоҷикистон 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро дар зери фазои сулҳу ваҳдату ягонагӣ ва бо шукўҳу шаҳомати баланд ҷашн гирифтанд.

Бори дигар ҳамкорону донишҷӯён ва дар умум ҳамдиёрони азизро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон фазои осудагӣ, тандурустӣ, хонаободӣ ва амну амониро орзу менамоям. Соли Нав муборак!

Search