МУЛОҚОТ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ

Бо ҳадафи расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар, муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев бо устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқот намуданд.

Сараввал Н. Асламшоева, муовини раиси вилоят аҳли донишгоҳро бо фарорасии Соли нави мелодӣ аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, хоса иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Мирзонабот Алишери Худоберди табрику таҳният намуда қайд кард:

“Паёми имсола фарогири 30 соли таърихи соҳибистиқлолии кишвар, рушду нумӯи соҳаҳои афзалиятнок ва таҳрикдиҳандаи ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва сиёсати созандаву маънавиёти кишвар мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид намуданд, ки бузургтарин дастоварди миллӣ ин ваҳдати комили миллату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон буд ва маҳз бо дастгирии халқи ватандӯсти тоҷик рӯи даст омад”.

Дар ин росто Сарвари давлат дар Паём ба таври равшан таъкид намудаанд:

“Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд”.

Дар идомаи мулоқот зикр шуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф, таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои тайёр намудани мутахассисони соҳибмаърифат ва баланд бардоштани малакаи касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ки

“Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд”.

Дар вохурӣ инчунин доир ба дигар мавзӯъҳои асоси Паём, ҳадафҳои стратегии миллӣ, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, рушди саноату бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва “Себзор”, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум”, омӯзиш ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ изҳори назар карда шуда, байни ҷамъомадагону муовини раиси ВМКБ табодули афкор сурат гирифт.

“ФМ”

Search