Ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Чанде пеш таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба таълим, н. и. т., дотсен Мамадризо Алимшоев ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа ичунин муовинони ректор оид ба илм ва инноватсия, робитаҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва хоҷагидорӣ, ҳайати профессорону номзадони илм, сардорони раёсати таълиму кор бо кадрҳо ва корҳои махсус, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳиву дигар аъзоёни шуро иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа оид ба корҳои таълимӣ, равобити байналмилалӣ ва молияю хоҷагидорӣ, ишғоли вазифаҳои озод дар донишгоҳ давоми соли 2022 досент М. Алимшоев, Б. Бахтиёров ва н. и. и., О. Сайфуллоева ҳисобот доданд.

М. Алимшоев аз аъзоёни шуро даъват ба амал овард, ки бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ, интихобу омода кардани мутахассисон ва ироаи мавзӯъҳои нави илмӣ софдилона талош намуда, дар рушду пешравии донишгоҳ аз аввала бештар ҳиссагузор бошанд.

Сипас аъзоёни шуро дар доираи талаботи озмуни пешакӣ эълоншуда дар матбуот ва ба тариқи овоздиҳӣ мудирони нави баъзе кафедраҳои донишгоҳиро интихоб карда, ҷаласа бо қабули ду мавзӯи рисолаи илмӣ ва дигар қарорҳои дахлдор ба анҷом расид.

Search