Қадрдонӣ аз ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Имрӯз, 29 декабри соли 2021 ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, профессор Гулзорхон Юсуфзода барои саҳми арзанда гузоштан дар ташвиқу тарғиби матбуотӣ даврӣ ва ба муносибати 90 – солагии таъсисёбии рӯзномаи “Бадахшон” бо сипоснома, китоби тознашри “Оинаи таърих” ва шумораи махсуси ҷашнии рӯзнома қадрдонӣ гардид.

Мавриди қайд аст, ки китоби “Оинаи таърих” ба 90 - солагии ин нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида шуда, дар он ба таври фишурда оид ба таърихи таъсисёбии рӯзнома, ёддоштҳои кормандон ва ҳамкорони он аз солҳои гуногун ва дигар маводҳо вобаста ба ҳаёту фаъолияти 90 солаи тамоми қишриҳои ҷомеа ва мавҷудияти вилоят ҷамъ оварда шудааст.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ рӯзномаи бузургтарини вилоят, “Бадахшон”-ро ба муносибати навадсолагӣ ва фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуда, ба роҳбарияту аҳли эҷодии он тансиҳатӣ, бурдбориҳои нав ва қалами бурро таманно доранд.

“ФМ”

Search