Пирӯзии нави донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ муборак!

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сеюмин Форуми дониҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳти унвони “Имкониятҳои рушди сайёҳӣ”- и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолат ва дурнамо” баргузор гашт.

Дар доираи форум озмунҳои сайёҳӣ аз рӯи наминатсияҳои мақолаи беҳтарин, намоиши беҳтарини сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣ, рӯнамои беҳтарини сайёҳӣ ва нақшаи беҳтарини тиҷоратӣ гузаронида шуда, донишҷӯи соли 4 – и Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Шамсия Давлатмамадова дар он аз рӯи номинасияи рӯнамои беҳтарини сайёҳӣ баромад намуд ва ҷойи дуюмро ба даст овард.

Раёсату омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ Ш. Давлатмамадоваро баҳри сазовор гаштан ба зинаи ифтихорӣ самимона табрику таҳният намуда, дар таҳсилу фаъолиятҳои минбаъдаи Ӯ барору комёбиҳои нав мехоҳанд.

“ФМ”

Search