Ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ

Бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, д. и. б., Таҳмина Содатқадамова дар озмоишгоҳи “Экологияи таҷрибавӣ” фаъолияти яксолаи факултети биологияи донишгоҳ мавриди таҳлилу санҷиш қарор гирифт.

Вобаста ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва илмӣ методии факултет дар соли 2021 декани он – н. и. б., Мунира Наврузбекова ҳисобот дода қайд кард, ки факултети биология соли 2002 дар заминаи факултети илмҳои табиӣ таъсис ёфта, дорои кафедраҳои “Биологияи умумӣ” ва “Биоэкология ва туризм” мебошад.

Факултет аз рӯи ихтисосҳои “биология”, “биоэкология”, “экология”, “география бо асосҳои иқтисодиёт, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ”, “дефектология”, “логопедия”, “сурдопедагогика”, “олигофренопедагогика” дар шуъбаҳои рӯзонаю фосилавӣ (ғоибона) мутахассисони касбиро тайёр менамояд.

Ҳозир дар факултет 43 омӯзгор, аз ҷумла чор нафар докторони илм - профессор, нӯҳ нафар номзадони илм, 11 нафар саромӯзгорон ва 19 нафар ассистентон кору фаъолият доранд.

Дар умум 554 нафар донишҷӯён дар факултет ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз ин теъдод 414 нафар дар шуъбаи рӯзонаи зинаи таҳсилоти бакалавр, 46 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 17 нафар дар шуъбаи ғоибона ,123 нафар тариқи низоми таҳсилоти фосилавӣ ва ду нафар аз рӯи ихтисоси PhD таҳсил доранд.

Ҳамкории судманди факултет бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи рушди сайёҳи МИҲД -и ВМКБ, Ассостсиатсияи экофарҳангӣ сайёҳии Помир, Муасисаҳои ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ дар ВМКБ, Хоҷагии ҷангали вилоят, Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков, Боғи ботаникии Помир ва дигар муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистону берун аз он роҳандозӣ шудааст.

Дар соли ҳисоботӣ омузгорони кафедраи “Биоэкология ва туризм” 13 маводи фишурди илмиро дар шакли конфронсҳои илмӣ ва чор мақолаи илмиро дар маҷаллаҳои КОА ва ду мақолаи илӣ - методиро ба нашр расонданд.

Кафедраи “Биологияи умумӣ” аз рӯи самтҳои «Омӯзиши масъалаҳои мушкилот ва дурнамои рушди туризм дар ҳудуди ВМКБ”, “Таҳқиқи гуногуннамудии биологии олами наботот ва ҳайвоноти ҳудуди ВМКБ”, “Омўзиши маҳсулнокии набототи баландкўҳ”, “Интродуксия ва селексияи растаниҳо дар Тоҷикистон”, “Омўзиши проблемаҳои физиологияи одаму ҳайвон” корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ҳиссаи арзанда дорад.

Ҳоло озмоишгоҳи “Экологияи таҷрибавӣ” дар пояи кафедраи болозикр фаъолият дорад. Бояд гуфт, ки озмоишгоҳ дар доираи Барномаи “Рушди таҳсилоти олӣ ва лоиҳаи грантӣ-озмунии дар асоси лоиҳаи “Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар асоси талаботи бозори меҳнат” бо зиёда аз 30 номгӯи таҷҳизоти муосири техникӣ (спектрофотометр, рефрактометр, микроскопҳо, анализатори растанӣ, системаи гидропонӣ, хромотография, ҷуздони ламинарӣ ва ғайра) ҷиҳозонида шудааст. Дар баробари донишҷӯён, инчунин магистрантон ва унвонҷӯён низ аз озмоишгоҳ васеъ истифода мебаранд.

Сипас байни раёсати донишгоҳ ва садорату омӯзгорони факултет оид ба фаъолияти яксола саволу ҷавоб сурат гирифта, масъулину омӯзгорони факултет баҳри боз ҳам ҷоннок намудани кору фаъолияти тарбиявӣ, илмӣ – маърифатӣ ва таҷрибавӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ, проф. Г. Юсуфзода супоришҳои иловагӣ гирифтанд.

А. Смоилбеков

Search