Баррасии натиҷаи корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва илмӣ - методии ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

4 декабри соли равон дар асоси супориши ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода муовини ректор оид ба илм ва инноватсия н. и. б.,Таҳмина Содатқадамова ва ноиб ректор оид ба тарбия, н. и. ф., Ниёзалӣ Қамбаров натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методии факултети филологияи тоҷикро мавриди таҳлилу санҷиш қарор доданд.

Дар назди роҳбарияти донишгоҳ декани факултети болозикр, н. и. ф. Азатшо Насрадиншоев ҳисоботи муфассали солонаро пешниҳод намуда, қайд кард, ки ҳоло факултети филологияи тоҷик дорои кафедраҳои “Забони тоҷикӣ”, “Адабиёт ва журналистика” ва “Забонҳои шарқ” мебошад.

Дар факултет 27 омӯзгор, чор нафар докторони илм - профессор, 12 номзади илм, шаш нафар саромӯзгор ва панҷ нафар ассистентон ба кору фаъолият ҷалб шуда, давоми соли 2021 ҳайати устодони факултет зиёда аз 55 мақола ва як китоби илмиро  ба табъ расониданд, ки ин нишондиҳандаи хуб барои фаъолияти имсола аст.

Ҳозир кафедраҳои факултет аз рӯи мавзӯъҳои «Тадқиқи масоили луғатшиносӣ ва сарфу навҳи забонҳои эронӣ», “Адабиёт адабиётшиносӣ таърихи адабиёт, назарияи адабиёти тоҷик ва журналистика”, «Омӯзиши масъалаҳои мубрами забонҳои форсӣ, арабӣ ва адабиёти форсу араб ва забонҳои помирӣ» тадқиқоти илмӣ мебаранд.

Дар охир байни муовинони ректор ва садорату омӯзгорони факултети табодули афкор сурат гирифта, аҳли факултет баҳри боз ҳам таҳкиму тақвият додани фаъолияти таълимию илмӣ – методӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ дастуру супоришҳои иловагӣ гирифтанд.

Д. Насриддинов

Search