ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИЛМҲОИ ТАБИӢ

Чанде пеш ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ - доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, н. и. б., Таҳмина Содатқадамова дар ҷаласаи ҷамъбастии факултети илмҳои табиӣ иштирок намуда, фаъолияти яксолаи корҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва илмӣ–методии омӯзгорони факултетро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки факултет дорои ду кафедра, “Химияи умумӣ” ва “Фанҳои муҳандисӣ” буда, аз рӯи ихтисосҳои “химия” (рӯзона), “химия-биология” (рӯзона), “сохтмони гидротехникӣ” (рӯзона, ғоибона, фосилавӣ), “геология ва иктишофи ККФ” (рӯзона), “гидрогеология ва геологияи мухандисӣ” (рӯзона), “технология (рӯзона) ва санъати тасвирӣ”, “накшакаши ва технология” (рӯзона) мутахассисони касбиро дар зинаҳои бакалав ва мутахассис тайёр менамояд.

Ба гуфтаи декани факултети илмҳои табиӣ Тавфиқ Мирзоев ҳоло 30 омӯзгори факултет ба таълиму тарбияи донишҷӯён, магистрон ва унвонҷӯён машғул буда, аз ин теъдод се нафар номзадони илм - дотсент, як нафар номзади илм - муаллими калон, ҳафт нафар омӯзгори калон ва дигар аъзоёну кормандони он ассистентону коромӯзон мебошанд.

Дар умум дар факултет 432 нафар илмҷӯён, аз ҷумла 379 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзонаи зинаи таҳсилоти бакалавр, 16 нафар дар шуъбаи ғоибона, 37 нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ ва шаш нафар дар зинаи таҳсилоти магистр мебошанд.

Феълан дар кафедраи “Химияи умум”ӣ ҳайати  омӯзгорон аз рӯи самти «Назарияи наздиккунии функсияҳо» ва дар кафедраи “Фанҳои муҳандисӣ” бошад аз рӯи самти “Иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок» «Системаҳои хоҷагии об ва таъмини газу гармӣ» таҳқиқоти илмӣ бурда истодаанд.

Моҳи феврали соли 2021 саромӯзгори факултет Олифтаева Ж.А. рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Салби кислотаҳои гуминӣ аз ангиштҳои Тоҷикистон, таҳқиқ ва модификатсияи онҳо бо фуллерен С60 дар мисоли кислотаҳои гуминии ангишти “Шӯроб” дифоъ намуд. Доир ба кори илмӣ-таҳқиқотии номбурда зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи тавсиянамудаи Комиссияи Олии Аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ва КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикимстон  ва конфронсияҳои илмӣ-амалии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ таълиф гаштанд.

“ФМ”

Search