Конференсияи илмӣ – амалӣ: «ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИК - АСОСИ ПЕШРАВИИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ»

Бахшида ба Рӯзи энергетикҳо ва «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев зери унвони «Энергетикаи тоҷик - асоси пешравии иқтисодиёти мамлакат» конференсияи илмӣ - амалӣ доир гардид.

Чорабинии илмиро ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода ифтитоҳи расмӣ бахшида, аз ҷумла қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда, зинаи якумро захираҳои гидроэнергетикӣ бо иқтидори 527млрд.кВт соат/соат мегирад. Бар замми ин, аз рӯи нишондиҳандаи болозикр Тоҷикистон аз рӯи иқтидори гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро нисбат ба ҳудуди худ ишғол менамояд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври возеҳ тазаккур доданд:

«Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид.

Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид. Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд. Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Ҳукумати мамлакат дар ин давра дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд».

Аз ин рӯ, бо дарназардошти мавҷуд будани 200 рўзи офтобӣ дар як солу дарёҳои хурду бузург дар кишвар ба азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи хоса зоҳир гашта, азхудкунии захираҳои обиву  офтобӣ тавассути неругоҳҳои хурду миёна тадриҷан давра ба давра амалӣ мешавад.

Дар конференсия устодони кафедраи фанҳои муҳандисии донишгоҳ - дотсент Шозиёев Ш., м.к. Сарадбеков Р. дар мавзӯъҳои “К вопросу возобновления инструментальных сейсмических наблюдений на территории Памира с целью ризвития гидроэнергетики”, “Гидроэнергетикаи Тоҷикистон замина ва рушди он” маърӯза карда, инчунин ассистентон Холиқназарова С., Хуҷаназаров М., Содиқова С., Ошурмамадова Г., Мамаднабиева А., Ҷонмамадова М. перомуни «Хамкории байналмилалии Точикистон дар соҳаи гидроэнергетика (дар мисоли лоихаи CASA-1000)»,“Реконструкция грунтовых плотин”, “Персипективы строительство и проблемы ГЭС (на примере Рогунской ГЭС)”, “Топливо энергетический комплекс Республики Таджикистан,” “Нақши ширкати барқии Помирэнерҷӣ дар рушди гидроэнергетикаи ВМКБ”, «Гидроэнергетикаи ҷаҳони муосир» марӯзаҳои пурмӯҳтаворо ироа намуданд.

Баъдан миёни иштирокдорони конференсия баҳси илмӣ сурат гирифт.

Search