НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЯКСОЛАИ ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ФИЗИКА

Имрӯз, 20 декабри соли 2021, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, профессор Гулзорхон Юсуфзода ва ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, н. и. б., Таҳмина Содатқадамова аз фаъолияти яксолаи корҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва илмӣ–методии факултети математика ва физикаи донишгоҳ натиҷагирӣ намуданд.

Вобаста ба фаъолияти яксолаи факултет декани он, н. и. ф. м. Ҷамшед Заргаров ҳисоб дода, қайд намуд, ки дар умум дар факултет 40 омӯзгор ба таълиму тарбияи донишҷӯён, магистрон, докторантон аз рӯи ихтисоси PhD, аспирантон ва унвонҷӯён машғул буда, аз ин теъдоди омӯзгорон як нафар доктори илм - профессор, як нафар номзади илм - профессор, панҷ нафар номзадони илм - дотсент, ду нафар номзади илму муаллими калон, як нафар номзади илм ва ассистенту 15 нафар омӯзгори калон дигарон ассистентон мебошанд.

Факултет дар умум 450 нафар илмҷӯён, аз ҷумла 330 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзонаи зинаи таҳсилоти бакалавр, 20 нафар дар шуъбаи ғоибона, 90 нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, ҳашт нафар дар зинаи таҳсилоти магистр ва ду нафар докторантура аз рӯи ихитисоси PhD дар бар мегирад.

Дар факултет кафедраҳо аз рӯи самтҳои “Назарияи наздиккунии функсияҳо”, “Асосҳои технологияҳои иттилоотию компютерии муосир” ва “Омӯзиши физикии протсессҳои табии” корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда, кадрҳои илмӣ-педагогиро омода менамоянд.

Инчунин, тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултет 74 донишҷӯ таҳсил дошта, як нафар муҳасил шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон мебошад.

Дар идомаи ҳисобот садорати факултет вобаста корҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва илмӣ–методии кафедраҳои факултети математика ва физика, натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методии устодон, нишондодҳои асосии корҳо ва конференсияҳои илмӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, асару мақолаҳои илмии чопшуда дар соли равон маълумот дод.

Сипас профессор Г. Юсуфзода баҳри боз ҳам тақвият бахшидани кору фаъолияти факултет ва кафедраҳои он ба садорати факултети математика ва физика дастуру супоришҳои мушаххас дод.

“ФМ”

Search