ҲАФТ МАҚОМИ ВМКБ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Аз санаи сеюм то сенздаҳуми декабри соли 2021 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар он 510 нафар довталаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Озмун аз рӯи панҷ номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифт.

Натиҷаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуривӣ нишон дод, ки иштирокчиёни он аз шаҳри Душанбе соҳиби 27 ҷой, вилояти Суғд 25 ҷой, вилояти Хатлон 10 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳашт ҷой ва ВМКБ соҳиби ҳафт мақом гаштанд.

Аз ҷумла, дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ Фариза Пошанбиева, хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Рушон ва дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Фариза Мамадназарова-омӯзгори литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар номинатсияи адабиёти классикӣ дар гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ бошад Ориёнури Султоншо-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Рушон ва дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Асрор Карамалиев-истиқоматкунандаи ноҳияи Роштқалъа соҳиби ҷойи дуюм гаштанд.

Дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон, миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Шозодабегим Шукрихудоева-омӯзгори литсейи Оғохону дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бошад Аслиддин Мирзошоев-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев соҳиби ҷойи дуюм ва дар гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ Сарвиноз Файзуллобекова-хонандаи синфи 6-и литсейи Оғохон соҳиби зинаи сеюм гаштанд.

Ҳамин тавр, ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплому дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Бар замми ин, бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 40 нафар иштирокчии фаъоли озмун, хоса, пиронсолону ятимон ва камбизоатону шахсони дорои имконияташон маҳдуд, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, ифтихорнома ва туҳфаи молӣ бо маблағи 5000 сомонӣ ва бо дастури вазири маориф ва илм ба 10 нафар иштирокчии озмун фаъоли озмун маблағи 2000 сомонӣ тақдим шуд.

Нимаи дуюми рӯзи 15 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки ғолибон бо ҷоизаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон, ба 21 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, маблағи 10000 сомонӣ супорида шуд. Ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин, бо пешниҳоди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии раиси Комиссияи озмун тамоми хонандагони синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои бе имтиҳон қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои қабул шудан ба зинаи магистратура соҳиби роҳхат гардиданд.

Дар охир муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Сатториён Матлубахон Амонзода ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Вазорати маориф ва илми кишвар, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин, дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайти доварон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Ёдрас мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли сеюм аст бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) баргузор мегардад.

Сарпарасти озмун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

Аксу далелҳои матн аз ДМТ

Search