МУЛОҚОТИ ҶУМЪАЗОДА ҶУМЪА ШОФАҚИР БО ЗОДАГОНИ ШУҒНОН

Имрӯз, 17 декабри соли 2021, раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир бо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, ки зодагони ноҳия ҳастанд, мулоқоти судманд анҷом дод.

Нахуст муовини ректор оид ба таълим - н. и. т., досент Мамадризо Алимшоев раиси ноҳияи Шуғнон, роҳбарият ва намояндагону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба донишгоҳ хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки зиёда аз 300 нафар донишҷӯёни ДДХ зодагони Шуғнон буда, аксарияти онҳо дар таҳсилу бозомӯзӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангӣ – варзишӣ ҳиссаи арзанда доранд.

Таъкид шуд, ки худи ходими намоёни давлатӣ, ҷамъиятӣ – сиёсии Тоҷикистон, академик Моёншо Назаршоев, ки Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи ин абармарди таърих гузошта шудааст, зодаи Ҷамоати деҳоти Поршиневи Шуғнон буда, бар замми ин чандин дастпарварони дигари ДДХ аз ноҳия ҳоло дар мақому вазифаҳои пурмасъули давлатӣ ва созмонҳои баёналмилалӣ кору фаъолият доранд.

Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир қайд кард, ки ҷавонону зодагони ноҳияро мебояд, ки ба қадри сулҳу субот, тинҷию оромии сартосарии Тоҷикистони маҳбуб расида, ҳамаи кушишҳоро ба харҷ диҳанд, то дар оянда дар рушду пешрафти кишвари хеш нақши асосӣ дошта бошанд.

“Роҳбарияти Шуғнон ва мақомоту сохторҳои маҳаллии ноҳия омодаанд, ки дар ояндаи наздик хатмкунандагону мутахассисонро аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба кору фаъолият қабул намоянд. Бинобар ин, муҳассилинро зарур аст, ки беҳтарин донишҷӯёни донишгоҳ бошанд ва баҳри аз худ кардани илмҳои муосир мӯшикофона талош намоянд”- афзуд, раиси ноҳия.

Дар интиҳои вохурӣ миёни раиси ноҳия ва ҷамъомадагон табодули афкор сурат гирифта, зодагони Шуғнон фикру дархостҳои гуногуни хешро ба роҳбарияти ноҳия пешниҳод намуданд.

“ФМ”

Search