ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ НАСЛҲОИ ОЯНДАСОЗ НАБОЯД ҲУШЁРИРО АЗ ДАСТ ДИҲАНД

Бо ҳадафи таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷавонон, эҳтиром ба қонуният ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия намудани онҳо намоядагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев вохурӣ намуданд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Кишвар Амиршоев ҳини мулоқот қайд кард, ки ҷавонон бояд ба дониш, маърифату илмомӯзӣ беш аз беш таваҷҷуҳ намуда, баҳри омӯхтани илмҳои муосир ва дақиқ ҳамаи талошҳоро ба кор баранд.  

“Аҷдодонамон ҳанӯз аз давраҳои пеш соҳиби дониш, закова ва тамаддуни азалӣ буда, роҳи ягонаи раҳоӣ ёфтан аз ҷаҳолату бесаводиро дар рушди илму маънавиёт медонистанд. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки дар пайравӣ аз ворисон танҳо ба кору фаъолиятҳои шоиста даст зада, аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа дурӣ ҷӯем”, - афзуд, К. Амиршоев.

Зикр шуд, ки паёмадҳои нави ҷаҳонишавӣ ва таъсироти беруна бевосита ба наслҳои ояндасоз асар менамоянд, вале онҳо набояд ҳушёрии сиёсӣ, номуси ватандорӣ ва нерӯи ақлониро аз даст диҳанд ва фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои моҷроҷӯю нохалаф шаванд. Баръакс, қарзу фарзи ҳар ҷавонмард аст, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ кӯшишҳои бемисол ба харҷ дода, инчунин ҳамсолону ҳамсабақонро ба зиндагии шоиста ва донишомӯзӣ ҳидоят намоянд.

 javonon.tj

Search