МУЛОҚОТИ ГУЛЗОРХОН ЮСУФЗОДА БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҚАРОҚУРУМ ВА ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Имрӯз, 14 декабри соли 2021, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Гулзорхон Юсуфзода роҳбарияту устодони Донишгоҳи байналмилалии Қароқурум ва кормандону омӯзгорони Донишгоҳи Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.

Сараввал профессор Г. Юсуфзода меҳмононро барои ташриф овардан ба донишгоҳ хайра мақдам гуфта, аз ҷумла иброз намуд, ки Донишгоҳи давлатии Хоруғ зодаи даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илми кишвар ба роҳ монда, ҳоло дорои ҳашт факултету 57 ихтисос мебошад.  Аз 344 нафар омўзгори донишгоҳ, 13 нафар доктори илм, 55 нафар номзади илм, ки аз инҳо 43 нафар номзади илм, дотсент ва 11 нафар муаллими калону номзади илм ва 129 нафар саромӯзгорону 161 нафар ассистентон мебошанд.

“Пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ низ сол аз сол таҳким ёфта, айни ҳол дар донишгоҳ чор синфхонаи компютерӣ, ду маркази иноватсионӣ, як маркази Ҳиндустон ва як кабинети лингофонӣ, чор лабораторияҳои таълимӣ, як китобхонаи марказӣ, китобхонаи факултети забонҳои хориҷӣ, китобхонаи маркази иқтисод, китобхонаи муосири электронӣ ва китобхонаи хобгоҳи донишҷӯён бо ҳамаи адабиёту таҷҳизоти зарурӣ дар хизмати устодону донишҷӯён қарор доранд”- афзуд ректори ДДХ.

 Профессори Донишгоҳи байналмилалии Қароқурум, доктор Атоуллоҳ Шоҳ дар навбати худ қайд кард, ки донишгоҳи байналмилалӣ соли 2002 таъсис ёфта, тадриҷан кору фаъолияти он васеъ гашт ва чанд кампус он дар дохили Ҷумҳурии исломии Покистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Донишгоҳ факултетҳои илмҳои ҳаёт, муҳандисӣ, илмҳои табиӣ, илмҳои гуманитарӣ – ҷомеашиносиро доро буда, инчунин дар зинаи магистратура, бакалавр, доктор PhD мутахассисону олимонро омода менамояд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои донишгоҳҳо дар самти тадқиқоти илмӣ, табодули устодону донишҷӯён, баргузории семинару лексияҳои онлайнӣ, максаднок баҳра бурдан аз лабораторияҳои донишгоҳӣ ва омода намудани мутахассисону олимони риштаи химия, физикаю математика ва дигар фанҳои дақиқ фикру андешаҳои судманд баён намуданд.

Сипас меҳмонон аз лабораторияҳои мавҷудаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дидан намуда, ба кору фаъолияти устодон ва муҳассилини донишгоҳ баҳои хуб доданд.

“ФМ”

Search