КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ: “ТОҶИКИСТОН САРЗАМИНИ ГАНҶҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ”

Таҳти ҳамин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба Рӯзи геологияи тоҷик ва «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гашт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон захираи конҳои канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаи пайдоиши табиӣ - минералӣ, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавӣ ва дигар омилҳои табиӣ ҷинсҳои кӯҳӣ, зуҳуроту конҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд ва дарёҳое, ки обашон дар таркибаш тилло доранд, хеле маъмул аст.

Хушбахтона, бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори аз 27 ноябри соли 2019 таҳти рақами 600 “Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозатдиҳӣ ба шахсонӣ воқеӣ истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ба усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ” иҷозат дода шуд. Қабули ин қарор баҳри муҳаё намудани шароити мусоид барои шуғли инфиродӣ, рушди соҳибкории хурд ва зиёд намудани даромади буҷети давлатӣ заминаи хуберо эҷод менамояд.

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:

“Тоҷикистони азизи мо биҳишти воқеии рўйи замин, кишвари ганҷҳои накушодаву табиати худодод аст. Мову Шумо бе муболиға дар болои ганҷ қарор дорем ва ҷоиз нест, ки минбаъд муҳтоҷу дастнигари дигарон бошем”.

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ” ва “Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо” таҳия гардида, фаъолияти шахсони воқеиро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба танзим даровардааст.

Дар конференсия мавзӯъҳои “Геология ва канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон”, “Минерально-сырьевые ресурсы Памира перспектива и освоения”, “Свинцово-цинковые проявления выявление в результате геохимических поисков на Курустыкский площади за период 2014-2015 годы”, “Ёдгориҳои табиӣ-геологӣ ва аҳамияти онҳо дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон”, “Сабабҳои имконпазирии кандашавии кули Сарез”,“Марганцевые месторождения”,“Пик Исмоила Сомони”, “Топливная промышленность Таджикистана”, “Озёра Таджикистана”, “Ледники Таджикистана” ироа гардида, баъдан миёни маърӯзачиён табодули афкор сурат гирифт.

“ФМ”

Search