«Ҳамкорӣ ва густариши робитаҳо байни кишварҳои Тоҷикистону Ҳиндустон»

Таҳти ҳамин унвон дар Маркази илмӣ - фарҳангии Ҳиндустони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки муовинони ректор, омӯзгорону донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ конференсияи байналмилалии онлайнӣ доир гашт.

Конференсияро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх оғози расмӣ бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки ҳамкории судманду робитаҳои хориҷии донишгоҳҳои малакат бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҳиндустон, табодули таҷриба миёни омӯзгорону олимон, ҷалби бештари донишҷӯён ба курсҳои омӯзишию таҳсил дар муассисаҳо минбаъд низ таҳкиму тақвият хоҳад ёфт ва маркази болозикр аз тарафи сафорати Ҳиндустон дар солҳои минбаъда ҳам  дастгирӣ карда мешавад.

Дар идомаи конференсия ноиби ректор оид ба таълими ДДХ Мамадризо Алимшоев оид ба рушди фаъолияту ҳамкории донишгоҳ бо дигар муассисаҳои дохил ва хориҷи кишвар маълумот пешниҳод намуда, саромӯзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқ Гулшер Дилдоров дар мавзӯи «Таммадуни Ҳиндустони қадим», Тоҷигул Мардонова - муаллимаи калони кафедраи иқтисод ва мудири шуъбаи кор бо лоиҳаҳо доир ба  “Ҳамкорӣ ва робитаҳои байни Тоҷикистону Ҳиндустон дар раванди барномаҳои стипендиалии ICCR ва ITEC” маърӯза карданд.

Ғайр аз ин, иштироккунандагони барномаи ITEC дар бораи донишу малака, таҷрибаи кории хеш ибрози ақида намуда, баъдан байни донишчуёну омӯзгорон саволу ҷавоб ба вуқуъ пайваст ва иштироккунандагони фаъол бо мукофоти хотиравӣ сарфароз гаштанд.

Маркази илмӣ - фарҳангии Ҳиндустони ДДХ

Search