Пешдифои рисолаи номзадӣ

23 ноябри соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешдифои рисолаи номзадии ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ Мақсуд Ақризоев дар мавзӯи "Алексей Алексеевич Бобринский муҳаққиқи таърих  ва этнографияи Кӯҳистони Бадахшон" тариқи онлайнӣ сурат гирифт.

Номбурда бо мавзӯи болозикр аз рӯи ихтисоси таърих таҳти роҳбарии номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, дотсент Сайнаков Сайнак Парпишоевич пешдифои рисолаи номзадиро бомуваффақият анҷом дод.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ, садорату устодони факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ баҳри фаъолиятҳои минбаъдаи илмии омӯзгор М. Ақризоев барору комёбиҳои нав таманно менамоянд.

Search