Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!

Дар маркази инноватсионии Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо иштироки садорати факултети физикаю математика ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси тарбиявӣ – намунавӣ гузаронида шуд.

Баъди садо додани Сурудӣ миллӣ омӯзгори дарсдиҳанда Ҳакима Сафдарқулова дар назди ҷамъомадагон перомуни мавзӯи “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” баромад намуда, мазмуну моҳияти дарсро фаҳмонда дод.

Сипас донишҷӯёни соли якуми ихтисоси математикаи амалӣ тариқи се забон, тоҷикию русӣ ва англисӣ ашъору сурудҳои дилниширо дар васфи Парчами давлатии кишвар қироат намуданд.

Дар интиҳо роҳбарият, устодони факултет ва нозири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Давлатгул Карамалиева баҳри дар сатҳи баланд ташкилу доир намудани дарси тарбиявӣ – намунавӣ ба омӯзгори дарсдиҳанда ва шогирдони ӯ аз номи раёсати донишгоҳ изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Факултети физикаю математика

Search