ПАРЧАМ ТАҶАССУМГАРИ ГУЗАШТАИ ШОЁН ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКОН АСТ

Паёми табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамкорону шогирдон ва ҳамватанони азиз!

Парчами давлатӣ рамзи Истиқлоли давлат, дўстиву бародарии ҳамаи миллатҳои кишвар, нишони соҳибтамаддунӣ ва куҳанбунёдии миллат мебошад. Он нишонаи олии соҳибихтиёрии давлат, соҳибватан будани ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва тоҷики бурунмарзӣ аст. Парчам таҷассумгари хусусиятҳои таърихӣ, нишони давлатдории гузаштаи тоҷикон, ифодакунандаи мақсаду маром ва ормонҳои тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад. Барои хурду бузурги мамлакат Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот, тимсоли Ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ буда, мардумро ба сўи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят мекунад.

Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла созмонҳои бонуфузи дунё, чун Созмони Миллали Муттаҳид бо парчами худ пазируфтаву эътироф мегардад. Яъне Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ буда, мояи ифтихори мо чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Дар зери Парчами миллӣ ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дар иттиҳоду ягонагӣ аз мавҷудияти давлати соҳибихтиёр чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Ватану ватандорӣ ифтихор менамояд ва ҳамеша барои муҳофизати хоки поки муқаддаси Ватан омода мебошад.

Воқеан, миллати тоҷик, ки дорои таърих, суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдорӣ ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ давлатҳои мутамарказ, рамзу рукнҳои хоси давлатдориро соҳиб будааст. Парчамдорӣ барои миллати мо чун рамзи пирузии некӣ бар бадӣ аз замони Коваи оҳангар бо номи “Дирафши Ковиён” ба мерос мондааст. Яъне “Дирафши Ковиён” ҳамчун рамзи ваҳдат, истиқлол ва ягонагии давлатдории ориёӣ пазируфта шуда, то замони сукути давлати Сосониён дирафши миллию давлати ниёгони тоҷикон будааст.

Парчами давлатии кишвар, ки рўзи 24-уми ноябри соли 1992 дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, рўзҳои сарнавиштсозу истиқлолхоҳии халқи тоҷик аз ҷониби Иҷлосияи таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ба рамзи муқаддасоти миллӣ табдил ёфта, инак, 30 сол аст, ки мардуми сарбаланди мо дар зери ливои он сарнавишти пурпечу тобро паси сар карда, ба бунёди давлати навини тоҷикону созандагии бардавом таҳти роҳбарии фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гом ниҳодаанд.

Дар ин росто Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ қайд намудаанд: “Хушбахтона бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд”.

Албатта, Парчами давлатӣ мустақилияти мо, нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати мо буда, нишона аз арзишҳои  сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллии мо мебошад.

Парчами миллии мо имрўз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдодони ориёитаборамон бо тобиши се ранг -сурх, муборизаи халқи тоҷик дар тўли таърих ҷонфидоӣ барои озодиву истиқлол, ранги сафед нишонаи субот, покизагии маънавиёту ахлоқ, ранги сабз нишонаи ободӣ, некуаҳволӣ ва зиндагии осуда ифода ёфта, тоҷ ва ҳафт ситора рамзи барои миллати мо муқаддас, пайвастагии ҳафт минтақаи олам, ҳафт ганҷ ва ҳафт сайёраро инъикос менамояд.

Парчами ҷумҳурӣ аз дурии дуриҳои замона, шикасту рехт, тамаддунсозӣ, дастовардҳои бузурги фарҳангӣ, шаҳрҳои бостонии тоҷик, симоҳои барҷастаи фарҳангиву илмӣ, шаҳидони роҳи муборизаи озодиву истиқлолхоҳӣ ба мо садои шаҳодат медиҳад.

Аз ин хотир, Парчами давлатӣ ҳар як сокини Тоҷикистонро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ва кӯшишу талошҳои пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Ба ифтихори баланд афрохтани Парчами миллӣ - мазҳари гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву мустақилият, идомабахши кору фаъолияти наҷибонаи фарзандони содиқи миллат ба хотири сарзабзиву шукуфоии давлати маҳбубамон Тоҷикистон ва зиндагии осуда, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами миллии кишвари азизамон табрик намуда, дар зиндагии ҳаррўзаатон комёбиҳои беназирро орзу менамоям.

Бигузор, Парчами пурҷилову нурафшони Истиқлолият, ҷовидону парафшон бошаду моро ҳамеша ба сўи ояндаи ободу осуда ҳидоят намояд.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!

Search