ПАРЧАМ - РАМЗИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева, ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода ва устодону донишҷӯён зери унвони "Парчам - рамзи муқаддасоти миллӣ" конфренсияи илмӣ - назариявӣ баргузор гашт.


Сараввал, профессор Г. Юсуфзода дар ифтитоҳи расмии конференсия ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчам табрику таҳният намуда иброз дошт, ки Парчами миллӣ таҷассумгари иттиҳоду ягонагии халқи фарҳанггустари тоҷик, пайвандгари асили наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи кишвару рамзи соҳибдавлативу бақои миллат мебошад.

"Маҳз ба туфайли муқаддасоти миллӣ мардуми тоҷик дар масири ҳифз, гиромидошти таъриху тамаддуни хеш ягонагиро аз даст надода, Истиқлол, озодӣ ва ҳамбастагиро таҳкиму тақвият бахшид.Барҳақ, иродаи шикастнопазири халқи мо буду ҳаст, ки дар гирди Парчами миллӣ ба ҳам омада, дар бунёду пешрафти давлати навини тоҷикон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона гом бардоштаанд" - афзуд, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ.
Тавре Пешвои миллат нигоштаанд:"Мардуми шарафманди тоҷик имрўз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд".

Нилуфар Асламшоева, муовини Раиси ВМКБ дар идомаи чорабинӣ аз номи иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Мирзонабот Алишери Худоберди устодону донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, тавзеҳ дод:

"Наслҳои имрӯзаю фардои Ватан, хоса ҷавононро мебояд, ки ба қадри ҳар ободию пешрафт, суботу ҳамдилӣ ва дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ икроми беканор гузоранд. Зеро ҳамаи ободию пешравиҳо дар кишвар бо иқдому ташаббус ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи даст омадаанд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи моро зарур аст, то зери Парчами миллӣ бештар аз аввала муттаҳид шуда, тамоми кӯшишҳоро баҳри боз ҳам ҳифзу тараққӣ додани Ватан ва гулгулшикуфии он равона созем".


Дар конфренсия Мамадсалимов Н.- номзади илмҳои таърих перомуни «Парчами давлатӣ - ифтихори миллӣ ва рамзи истиқлолият», Ақризоев М. - ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик оид ба «Ҷашни парчами миллӣ - рўзи пурифтихори миллат», Қаладорова Ш. - докторант аз рўи ихтисоси PhD-и факултети таърих ва ҳуқуқ доир ба «Парчами соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Мирзоева З.- донишҷӯи соли 5 - и шуъбаи таърих ва ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ вобаста ба «Таърихи пайдоиши Парчам» маърӯзаҳои пурмазмунро ироа намуданд.

"Фурӯғи Маърифат"

Search