ПАРЧАМ – РАМЗИ ИТТИФОҚУ ОЗОДӢ

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дарси тарбиявӣ – намунавӣ дар мавзӯи “Парчам – рамзи иттифоқу озодӣ” ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовинони ректор, садорат ва устодону донишҷӯёни факултети иқтисод, инчунин омӯзгорони факултети физикаю математика иштироку баромад намуданд.

Масъуда Алиёрова, декани факултети иқтисод пеш аз оғози дарсу чорабинии фарҳангӣ ҷамъомадагонро ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба таъриху тамаддуни аҷдодӣ буда, моҳияти чунин муқаддасот бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк намояд.

Мавриди қайд аст, дарси тарбиявӣ – намунавӣ ва барномаи фарҳангиро омӯзгорони факултети болозикр Афсона Мамадаёзова ва Камила Хоркашова таҳияву роҳбарӣ карда, дар рафти он аз тарафи муҳассилини факултет беҳтарин саҳанчаҳои тарбивию ҳаҷвӣ, созу суруд дар васфи Парчами давлатӣ ва навору маърӯзаҳои ҷолибу диданӣ пешкаш гардиданд.

Ҳангоми пешниҳоди саҳнача аз достони «Кова ва Заҳҳок» - и  «Шоҳнома» - и безаволи Фирдавсӣ таъкид шуд, ки дар достони «Кова ва Заҳҳок» муборизаи халқи меҳнаткашрро бо роҳбариву сарварии Кова ба муқобили Заҳҳоки ситампешаву мазлум тасвир шудааст. Ғояи асосии достон муборизаи қувваҳои некӣ бар зидди қувваҳои бадӣ маҳсуб меёбад. Дар достони болозикр Заҳҳоки золим, Коваи оҳангар, писаронаш ва халқи меҳнаткаш қаҳрамонони асосӣ маҳсуб мешаванд...Кова, ки ҳабдаҳ писари худро аз даст дода буд, пешдомани чармини худро ливо сохта,  халқи меҳнаткашро ба мубориза даъват менамояд. Аммо дар охир Коваи оҳангар ғалаба мекунад.

Дар дарс аз тамоми аёниятҳои мавҷуда истифода шуда, он ба талаботу қоидаҳои педагогӣ пурра ҷавобгӯ буд. Омӯзгорону донишҷӯён бо риояи меъёрҳои забони адабӣ ва лаҳни бурро нозукиҳои мавзӯъро фаҳмонда доданд.

“ФМ”

Search