МУЛОҚОТ БО ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ХОРУҒ

19 ноябри соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқоти судманд анҷом дод.

Нахуст, Назарзода Ризо Шодиро ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода ба донишгоҳ хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки маҳз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҳаст, ки феълан ҷавонони кордону ботаҷриба дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ таъйин гардида, дар пешбурди сиёсати давлатӣ ва таҳкими соҳаҳои гуногуни кишвар ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ аввалан дар назди донишҷӯёну ҷавонони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баромад карда, аз ҷумла тазаккур дод:

"Ҷавононро мебояд, ки ба қадру қиммати дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ расида, пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раҳмон бошанд ва тамоми талошҳоро ба он равона созанд, то беҳтарин муҳассилини донишгоҳ гашта, дар оянда ҳамчун мутахассисону донишмандони ба камолрасида, ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат кунанд".

Сипас донишҷӯёни беҳтарин, ки аз шаҳри Хоруғу ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҳастанд, дар вазъи тантанавӣ бо Сипосномаҳои иҷрокунандаи раиси шаҳр мушарраф шуданд.

Қисмати дуюми мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ бошад дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хоруғ, ки аз дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соир ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд, ба вуқӯъ пайваст.

Ҳини мулоқот Назарзода Ризо Шодӣ аз донишҷӯён махсус даъват ба амал овард, ки ба қадри неъматҳои волои даврони Истиқлол расида, аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боҳадаф истифода карда, масъулият ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан - Модар шарафмандона адо намоянд. "Таҳсили хуб дар донишгоҳҳо ва мутахассиси хуб шудан ба манфиати ҷомеа буда, барои пешрафти босуръати Тоҷикистони маҳбубамон мусоидат менамоя" - илова кард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ дар идомаи вохӯрӣ.

Дар фарҷом теъдоде аз донишҷӯён баҳри таҳсили хубу интизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ бо Ифтихорномаю сипосномаҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр  қадрдонӣ гашта, барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин шуд.

Д. Асаншоев

Search