Курси семоҳа доир ба “Забони барномасозии Python”

Баҳри бомаром татбиқ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ -  техникии Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва дастрасии бештар ба инноватсияву рушди тафаккури техникӣ курси семоҳа барои омӯзгорону донишҷӯёни ДДХ гузаронида шуд.

Курси семоҳаро номзади илмҳои техникӣ Абдулназар Ғуломсафдаров барои муҳассилини соли сеюми шуъбаи информатика ва омӯзгорони кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалии факултети физикаю математика доир ба “Забони барномасозии Python” тариқи шабакаи интернет дар платформаи ZOOM гузаронид.

Омӯзгорону донишҷӯён нозукиҳои курси бозомӯзиро пурра аз худ намуда, онро дар фаъолияту таҷрибаи кории ҳаррӯзаашон ҷорӣ хоҳанд кард.

Умригул ҚОНУНОВА, саромӯзгори кафедраи таҳлили

функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ

Search