ҲОМИИ МИЛЛАТ ВА МУНОДИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Дар таърихи ҳар давлату миллат марҳилаҳое фаро мерасанд, ки бо назардошти моҳияташон дар воқеъ тақдирсозанд. Воқеаи нодири таърихие, ки ҳанӯз 11 аср пеш ба вӯқуъ паваст, ин марбут ба абармарду фарзанди бузургу фарзонаи халқи точик Исмоили Сомонӣ мебошад. Яъне мавсуф замоне ба бародари худ даст доданду аз ӯ хоҳиш намуда буд, ки ба ҷангу низоъҳои дохилӣ хотима бахшад ва бо Ӯ дар бунёди давлати Сомониён ҳамаром гардад. Ҳамин гуна, натиҷаи ҳамдигарфаҳмӣ ва иқдоми заковатмандонаи онҳо буд, ки давлати бемислу монанди Сомониёнро арзи вуҷуд кард.

Биноан, баъди ҳазору сад баҳор тоҷикон соҳиби Сарвар, Президент ва Истиқлоли воқеӣ гардиданд. Яъне моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, тамоми ѓайрату талошҳои худро дар бунёди давлати миллӣ, пешгирии эҳтимоли нобудшавии тоҷикон ва барқароршавии сохтори конститутсионӣ равона сохт.

Тоҷикистон бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дасисаи душманони хориҷӣ метавонист аз харитаи ҷахон дур шавад. Зеро он замон миллатро парокандагӣ ва парешонӣ интизор буд. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мардуми сарбаланди тоҷик соли 1997 Ваҳдати комили миллиро соҳиб гашт.

Бояд тазаккур дод, ки ягон ҳодисаву зуҳуроти сиёсӣ бе асосу қонуният инкишоф ёфта наметавонад. Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Президент муқарар гардидааст. Асоси ҳуқуқӣ барои таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии зерин вучуд доранд:

  1. Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии тоҷик аз 24 августи соли 1990;
  2. Қарори Шурои олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 09.09.1991 дар хусуси дохил кардани таѓйиру иловаҳо ба Эъломияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. Изҳороти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон “Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991.

Мазмуни асосии санадҳои зикршуда аз он иборат аст, ки Ҳокимияти давлатӣ аз ин пас мебоист ба с шохаи ҳокимият - қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мешуд, вале ин гуна тақсимоти Ҳокимият бе мансаби президентӣ имкон надошт.

Тавре мебинем, таърихи таъсиси мансаби Президенти Чумҳурии Тоҷикистон чандон тулонӣ набошад ҳам, аммо мазмуни амиқи сиёсиву иҷтимоӣ дорад. Вокеан 30 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медихад, ки ислоҳоти констутсионӣ дар хусуси мансаби президентӣ барои расидан ба натиҷаҳои назаррас имконият фароҳам овард. Аввалан, махз тавассути ҷаҳду талош ва сиёсати оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулху субот ва ризоияти миллӣ дар саросари мамлакат барқарор гашт.

Дуюм, ин ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, инчунин фарҳангу маънавиёт ва дигар самтҳои дохиливу хориҷии кишвар дигаргуниҳои азиме рӯи кор омаданд, ки самараи онро мову шумо дар зиндагии ҳаррӯзаи худ мушоҳидаву эҳсос менамоем.

Вобаста ба сулхофарӣ, аллбата мардуми шарифи кишвар хуб медонанд, ки таҷрибаи сулхофарии Пешвои миллат дар арсаи байналмиллалӣ хамчун як таҷрибаи нодир эътироф карда шудааст. Ва имрӯз аксарият кишвархое, ки ба нооромӣ гирифтор шудаанд, аз ин таҷрибаи сулҳофарӣ омузишу корбарӣ менамоянд. Таърих гувоҳ асту мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам медонанд, ки ичлосияи 16 - уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузашт ва аз моҳи ноябри соли 1992 Пешвои миллат ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буданд. 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта буд. Аз ҳамон лаҳзаҳои ба сари ҳокимият омаданашон Ҷаноби Олӣ дар назди худ вазифа гузоштанду савганд ёд карданд, ки “Ман ба мардуми Тоҷикистон сулҳ меоварам”. Ва ба хотири амалӣ кардани ҳамин ниятҳои неку созандаи худ Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки бо ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ сулҳ вахдату ягонагиро дар саросари кишвар таъмин намуданд.

Президент ҳамчун шахсияти Олии мансабдори давлатӣ салоҳиятҳои зиёде доранд ва салоҳиятҳои Ӯ маҳз аз мавқеи конститутсиониву дар низоми таҷзияи хокимияти давлатӣ маншаъ мегиранд. Салоҳияҳхои Президент, инчунин аз мазмуну мундариҷаи  савганди Ӯ баромада, дар матни савганд мавқеи Президент ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия ба таври маҷмӯӣ муайян карда шудааст. Инчунин, салоҳиятҳои Президент бевосита дар моддаи 69 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе санадҳои меъёрӣ – хуқуқӣ муайян карда шудааст, аз инҳо иборат мебошанд:

  1. Самтҳхои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян мекунанд;
  2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунанд;
  3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳанд;
  4. Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро таъйин ва озод мекунанд;
  5. Фармон оид ба таъйин ва озод кардани сарвазирон ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамоянд...

 Аз ин рӯ, мақсади эълон гардидани 16 - ноябр - Рӯзи Президенти кишвар дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар кишвар ва идоракунии президентӣ оѓоз ёфта, бо назардошти хизматҳои шоёну бемислу монанди Пешвои миллат ҳамасола ҳамин рӯзи пуршарафро ҷашн мегирем.

Дар фарҷом, қайд кардан зарур аст, ки Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва Ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад, баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқу ободии он ҳатто ҷону ҷалолашро дареғ намедоранд. Пешвои миллат ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошанд. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад. Ҳамин дӯстдории ӯст, ки халқ ӯро дар рӯзи интихоботи навбатӣ аз сари нав Сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, Истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.

Тӯли зиёда аз 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем, садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи Пешвои миллат мебошад.

Абдулсаид ЛУТФИШОЕВ, муаллими калони кафедраи

фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии

 Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Search