ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАЗҲАРИ ИТТИҲОДИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун давлати соҳибистиқлол пайдо гашт. Барои давлати навини тоҷикон марҳилаи эҳё ва созандагӣ оғоз гардид. Вале, ҳеҷ кас гумон намекард, ки ин марҳилаи таърихи навини тоҷикон, ки таърих ва фарҳанги қадима доранд ба бӯҳрони сиёсии солҳои 90-уми қарни ХХ ба ном «драмаи миллӣ» дучор мегардад. Бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ фазои сиёсии Тоҷикистон солҳои 90-ум тағйир ёфт. Тоҷикистон ҳамчун давлати собиқи Шуравӣ, низоми сиёсии кӯҳнаро мерос гирифт, ки ба тағйиротҳои демократӣ ҷавобгӯ набуд. Тараққиёти сусти иқтисодии минтақаҳо, суст ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ, ислоҳоти сусти низоми сиёсӣ, рақобатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ва ҳамсоягӣ бо кишвари ҷангзадаи Афғонистон боиси сар задании низои сиёсии тоҷикон гашт. Он рӯзҳо солҳои (1992 -1997) ҳеҷ кас андеша намекард, ки ин «драмаи миллӣ» кадом роҳи ҳалли худро дорад, баъзе гурӯҳҳои навмед, ҳатто фикр мекарданд, ки на лидери сиёсӣ ҳаст ва на қуввае, ки халқро ором намуда, ба ваҳдат биёрад. Ба ин масъала олимон ва рӯзноманигорон танҳо баъди имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) дар шаҳри Москва баҳои сиёсии худро доданд. Дар ин ҷо сухан дар бораи ҷонфидоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меравад.

Котиби Генералии замони СММ Кофи Аннан дар маҷаллаи махсуси русии «Огонёк» соли 2001 ҳамчун дӯсти тоҷикон навишта буд: «Тоҷикистон намунаи хоси ҳалли муноқишаи дохилиро пешниҳод намуд. Фикр мекунам, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад». Лекин ибтидои фаъолияти сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ин Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба шумор мерафт, ки аз ҷумла он вақт ҳамчун раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон чунин суханҳои таърихиро баён намуда буданд: «Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедоштам»1.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо дода буд: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати он мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучор гашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад».2

Ҳанӯз дар солҳои 384-322 то мелод файласуфи Юнони қадим Афлотун дар асри худ «Давлат», қайд карда буд, ки «дар давлат бояд ҳикмат, шуҷоат, иффат ва адолат ҳукмфармо бошад».3

Ба ақидаи Афлотун, сиёсат санъатест, ки донишу маҳорати хоси идоракуниро тақозо менамояд. Донишу маҳорати идоракунии ба худ хос - ин яке аз ҷиҳатҳои муҳими сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки меъёри асосии он хирад ва зеҳни амиқи сиёсӣ мебошад.

Дар Иҷлосияи 52-юми Маҷмааи Генералии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор бо дарки сиёсии амиқ изҳор намуд:

«Дар байни низоъҳо ва ҳолатҳои бӯҳронӣ, баъди анҷоми «ҷанги сард» аз масъалаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида муҳимтаре нест, ки ба паҳншавии яроқ, маводи мухаддир, терроризм ва ифродагароӣ дар минтақа мегардад».4 Мутаасифона ин пешгӯиҳои сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро чандон ба назари эътибор нагирифтанд.

Воқеаи 11-уми сентябри соли 2001 амали терроризми байналмилалӣ дар ИМА исбот намуд, ки то кадом дараҷа андешаҳои сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба таҳлил ва баррасии масоили сиёсии минтақа ва ҷаҳон кодир аст. «Ташаккули муносибатхои сиёсӣ - ба ақидаи сотсиологи рус Кравченко А.И. - дар заминаи институти сиесии ҷомеа, ки яке аз институтҳои асосии ҷомеа ба шумор рафта, таъиноти асосии он амният ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад, баррасӣ мегардад». Дар ҷаҳон мактабҳои сиёсӣ, аз қабили мактаби америкоӣ, мактаби англисӣ, олмонӣ, франсавӣ ва ғайра зиёд мебошанд, лекин то ҳол мактаби сиёсии тоҷикон, бахусус мактаби сиёсии муосири он ба пуррагӣ тадқиқ нагаштааст. Аз ин лиҳоз, мактаби сиёсии тоҷикон аз замони Абунасри Форобӣ, Ибни Сино, Низомулмулк хеле пурқувват буда, баҳри санъати идоракунии давлат намуна мебошанд.

Абунасри Форобӣ - яке аз мутафаккирони асримиёнагии тоҷик буд, ки хусусият ва хислатҳои сарварии сиёсиро пешниҳод намуд, ки қимати сиёсии худро то ҳол гум накардаанд:

1.Сарвар бояд аз ҷиҳати табиӣ мутлақо ҷисми мустаҳкам, қобилияти узвҳои бадан барои ҳаракатҳои заруриро дошта бошад.

2.Аз нигоҳи табииӣ ба таври аъло табиати шӯх дошта, гуфтаҳои худро дарк намояд.

3.Хотираи мустаҳкам дошта бошад, ҳамаи он чизҳоеро, ки ба ӯ мегӯянд, тассавур карда тавонад.

4.Ақл ва зеҳни чуқур дошта бошад.

5.Нутқи бурро ва тафаккури равшан дошта бошад.

6.Муҳаббат ба таълим ва маърифат дошта бошад.

7.Ҳақиқатро дӯст дорад ва тарафдори он бошад, дурӯғ ва дурӯғгуёнро бад бинад.

8.Дили кушод дошта шаъну шарафро қимат донад.

9.Дирам, динор ва дигар нишондодҳои ҳаёти моддиро нафрат кунад.

10.Аз табиат адолатро дӯст дорад.

11.Беадолатӣ ва зулмро бадбинӣ намояд.

12.Ба одамони худӣ ва бегона адолатнок бошад, дар назди адолат якравӣ накунад.

13.Ҷасур бошад ва зуд қарор барорад, тарсу буздилӣ надошта бошад.

14.Ба таври хуб санъати идоракуниро донад.1

Ин сифатҳои сарварӣ бевосита ба шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ буда, борҳо дар равандҳои душвори идоракунии давлатӣ худро исбот намудааст.

Ҷаббор ХУҶАНАЗАРОВ, муаллими калони кафедраи

фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии

Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Search