Аҳамияти растаниҳои сабз дар табиат ва ҳаёти инсон

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои маҳфили илмии «Нозирони Сабз» дар факултети биология семинари илмӣ - омузишии навбатӣ дар мавзӯи «Аҳамияти растаниҳои сабз дар табиат ва ҳаёти инсон» баргузор гардид.

Семинари илмӣ - омузишӣ аз ду бахш иборат буд: дар бахши аввал саромӯзгори кафедраи биологияи умумӣ Зубайда Шомамадова дар мавзӯи «Маълумоти умумӣ доир ба растаниҳои сабз ва аҳамияти онҳо дар табиат ва ҳаёти инсон» ва донишҷӯи курси 4-и шуъбаи биология Нодиршоев М. дар мавзӯи «Гуногунии агробиологӣ ва муҳимияти нигаҳдории он» маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Дар бахши дуюми семинари илмӣ- омузишӣ донишҷӯёни курси 2-и шуъбаи биология дар бораи гулҳои хонагӣ, аз ҷумла оилаи кактусҳо маълумоти муфиди илмӣ ва ҳам амалӣ матраҳ намуданд. Дар охири семинар барои омӯзгорон, озмоишгоҳҳо ва утоқҳои корӣ, ки бо компютерҳо ҷихозонида шудаанд, гулҳои кактус такдим гардиданд.

Мавриди қайд аст, ки ҳадаф аз баргузории семинар дарки нақш ва аҳамияти растаниҳо дар табиату ҳаёти инсон, истифодаи оқилонаи наботот ҳамчун организми зинда, бедор намудани ҳисси зебоипарастии донишҷӯёну ба ин васила ҷалб намудани онҳо ба ҳифзи растаниҳо ва кабудизоркунӣ мебошад.

З. Шомамадова

Search