СУЛҲОФАРУ МАРДУМСОЛОР

Истиқлолияти давлатӣ барои ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон заминаҳои устуворро фароҳам овард. Ба мардуми тоҷик ин соҳибихтиёрӣ бори дигар имкон дод, ки баъд аз чанди қарнҳо ба эҳёи дубораи давлатдории миллӣ шурӯъ намоянд.

Мутаасифона, дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ин неъмати бебаҳоро ба таври зарурӣ ҳифз карда натавонистем. Ҳодиса ва воқеаҳое, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастанд, бо назардошти омилҳои гуногун, давлатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданду ин боиси ба бӯҳронҳои шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва маънавӣ гирифтор шудани тамоми самтҳои фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ гардид. Авзои ондавраи Тоҷикистон то ҳадде мураккаб шуда буд, ки хатари парокандашавии миллат ва заволи давлат ва ба қисматҳо ҷудо шудани давлатамон пеш омада буд. Вале бо баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ заминаҳои мусоиди интихоби роҳбарияти Олии сиёсии кишвар ва қабулу қонуну санадҳои меёрии тақдирсозро асос гузошт.

Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16 - уми  Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта буд, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида,  Ӯ тамоми ғайрату талоши худро дар бунёди давлати миллии тоҷик, пешгирии хатари нобудшавии миллати тоҷик ва барқароршавии сохтори конститутсионӣ равона сохт. Яъне Тоҷикистон бо таъсири ҷанги таҳмилӣ ва дасисаи душманони хориҷӣ метавонист аз харитаи ҷаҳон дур шавад. Зеро он замон миллатро парокандагӣ ва парешонӣ интизор буд.

Мавриди қайд аст, ки мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва замони ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст, ки 6-ноябри соли 1994 Эмомали Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, он дар асоси меъёрҳои моддаи 67 Конститутсия пешбинӣ шуд ва Президент пеш аз қабули вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки мақсад аз рӯзи ид муайян кардани 16 - ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифаи хеш шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр - Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехуранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ сарвари мамлакати Хитой Мао Сзе Дун, Туркия Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро мутаҳҳид гардонида, дар қалби онҳо шӯълаи умедро бедор кард ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда онҳоро ҳидоят намуд. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шуд. Ва имрӯз аксарият кишварҳое, ки ба  нооромӣ гирифта шудаанд аз ин  таҷрибаи сулҳофарӣ омузиш ва корбарӣ менамоянд.

Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён низ эътироф намудаанд, ки ба андешаи ман барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».

Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф карда, сидқан дӯст медоранд. Ҳамин дӯстдории ӯст, ки халқ ӯро дар рӯзи интихоботи навбатӣ аз сари нав сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда буда, ин дӯстдории мардум нисбаташон бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай марбут аст. Тӯли зиёда аз 30 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани Ӯ кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намудааст. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо, роҳҳои ҳамвор чор тарафи Ватанамонро ба ҳам пайваста, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати Худододаи ин абармад мебошад.

Абдулло НАЗАРАМОНОВ, омӯзгори кафедраи

 фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии

 Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Search