ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БУНЁДГУЗОРИ СУЛҲУ АМОНИИ КИШВАР

Тавре равшан аст, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуда ва он дар ҳаёту тақдири минбаъдаи халқамон бешубҳа нақши муассир гузошт.

Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи такдирсоз муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашта, ваколати роҳбарии давлат ба ин шахсияти таърихӣ вогузор шуд.

Моҳи декабри соли 1992 Роҳбарияти Олии мамлакат таъкид намуда буданд, ки асоси қонунҳои Ҷумҳурии Точикистонро дар таҳрири нав пешниҳод карда, ҳамаро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқӣ – байналмилалӣ такмил медиҳанду барои бунёди давлати демократӣ заминаи воқеӣ мегузоранд. Ҳамин гуна, нақшаву талошҳое буданд, ки 6 -уми ноябри соли 1994 бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд. 6-уми ноябри соли 1999 бошад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мўҳлати ҳафт сол интихоб гаштанд.

Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 2013 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 84 фоизи овозҳои интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, ба ин муносибат маросими хоса баргузор гардид .

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудаанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон онро бо камоли эҳтиром ва шукригузорӣ аз хизматҳои шоиста ин абармард ҷонибдорию пазироӣ намудаанд.

Пешвои миллат дар амри пойдориву бардавомии давлати демокративу ҳуқуқбунёд, такмили заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти мамлакат, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, рушди соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ - иҷтимоию фарҳангӣ ва боло бурдани  сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар саҳми бағоят бузург доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи шахсиятҳои таърихие мебошанд, ки аз рўзҳои аввали интихоб шуданашон ҳачун Роҳбари давлат дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсии кишвар, маъсулияти бузурги ояндаи халқу давлатро бар дӯш гирифтаанд. Махсусан, таҷрибаи сулҳи тоҷикон, бешак аз ҷумлаи ҳамин  рўйдодҳои таърихиест, ки сиёсати хирадмандона, дурандешонаи таърихию ҷавонмардона, ватанпарастиву мардумсолорӣ ва талошу фидокориҳои Сарвари давлатро бозгӯ менамояд.

Ҳушбахтона, мардуми бофарҳангу шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ин кўшишу талошҳо, фидокорҳои Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро воқеъбинона дарк намуда, нисбати ин шахсияти бузурги таърихӣ эҳтироми хоса доранд.

Зуҳро ҚОСУМШОЕВА, ассистенти кафедраи

фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии

Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Search