ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН

Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.

9-уми декабри соли 2015 дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик боз як саҳифаи дигаре зам шуд. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро қабул намуд. Лозим ба тазаккур аст, ки қабули қонуни мазкур арҷ гузоштан ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои бузургаш дар назди халқу меҳан мебошад.

Дар робита ба ин масъала ҳайати кормандони Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қонуни фавқро баҳри рушду инкишофи минбаъдаи давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии кишвар ва таъмини шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона ва рӯзгори пурнишоти миллати куҳанбунёду тамадунофари фарҳангсолори тоҷик амри воқеӣ ва иқдоми басо наҷиб маҳсуб менамоянд.

Вобаста ба ин масъала ҳайати кормандони Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қонуни фавқро баҳри рушду инкишофи минбаъдаи давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии кишвар ва таъмини шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона ва рӯзгори пурнишоти миллати куҳанбунёду тамадунофари фарҳангсолори тоҷик  амри воқеӣ ва иқдоми басо наҷиб маҳсуб менамоянд.

Имрӯз тамоми шароит барои рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт  гувоҳи гуфтаҳои болост. Беҳуда нест, ки мардуми мо Сарвари худро “Президенти мардумӣ”унвон менамоянд. Чунки ин нобиғаи таърих худ аз байни халқ баромада, шабонарӯзӣ дар дарду ғами халқ шарик аст.

Паёми нахустини Ҷаноби Олӣ аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19- уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, муҳимияти он сарҷамъсозии миллату берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Билохир, 27 июни соли 1997 имзои Созишномаи  Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав ба вуқуъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи ҷанги бародаркуш бо Ҳукумати қонунӣ пайвасту барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат гомҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.|

Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мероси ночизе гирифт, талафоти ҷанг беш аз сад миллион доллари ИМА - ро ташкил карда, зиёда аз 120 ҳазор одамон ҷони ширини хешро аз даст дода, иқтисоду буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки сиёсати дохилию берунии мамлакатро таҳти раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон аксар кишварҳои абарқудрату нерӯманд лаббайк гӯянд.

Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилоти зиёде сол то сол бартараф шуда, сокинони Тоҷикистон атрофи Президенти интихобкардаи хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокорона ва аз сидқи дил заҳмат мекашанд.

Мардуми тоҷик ба таври равшан медонанд, ки Пешвои миллат чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсати ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2013, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз доштанд, ки барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҳама гуна талошҳоро ба харҷ дода, ҳамоно ҷонфидои миллату давлати тоҷикон мемонанд.

Қурбонназар ТАВУРОВ, номзади

илмҳои фалсафа, мудири кафедраи

фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи

давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Search